|
Лоик Шерали ва шеъри нави Эрон
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Шодравон Лоик Шеръали, ки 20 майи соли чори шасту хафтумин солгарди таваллудаш дар махофили адабиву фархангии Точикистон тачлил
шуд, аз чехрахои тобноки шеъри авохири карни 20-и точики махсуб мешавад.
Вай бо ашъори рангину пурмухтавояш ба колбади шеъри точики нафаси тоза дамид ва онро дар каламрави форсизабонон маъруф сохт. Шеъри Лоик пайванди кавиест миёни шеъри оламшумули хазорсолаи форси ва шеъри имрузи форсии точики. Дар асл, Лоик шоъири суннатгарост, мунтахо бо назардошти рухи замон ва ниёзхои чомеъаи хеш шеър гуфтааст. Аз ин ру, дар миёни хаммеханонаш аз махбубияти зиёде бархурдор аст. Дар пахлуи пойбанд будан ба суннатхои шеъри клоссик, сурудахои зиёде бо сабки чадид дорад, ки уро дар радифи шоъирони навпардози шеъри нимаи дувуми карни 20-и точик карор додааст. Ин аз карихаву халлокияти бузурги шоъир башорат медихад. Навчуйиву навпардозихои Лоик дар сувари хаёл, истиъороту мачоз ва ташбехоти бикру дастнахурда ва дарунмояи шеър, ки аглаб дар колаби анвоъи шеъри суннатии форси сурат гирифтааст, пажухишу тафаххуси вижаеро такозо мекунад. Аммо он шеъри андаке (ба таъйиди мухаккикон беш аз 215 китъа), ки дар сабки чадид гуфтааст, дар раванди басту такомул ва татаввури шеъри имрузи форсии точики накши калидиро доро мебошад.
Ба ин тартиб, як нукта кобили зикр аст, ки аглаби ашъори ба сабки чадид гуфтаи шоъир то хадде ноши аз илхомпазирии вай аз шеъри шуъарои карни бистуми Эрон, бавижа шоъирони пайрави мактаби «Шеъри нав» будааст. Мунтахо ин илхомпазири бештар чанбаи тафаннуни ва шаклгаройи дошта ва ба умки матлаби шеъри нимои, ки хадафаш тафкики шеър ва мусикист, нарасидааст. Худи Лоик муътакид бар он буд, ки шеъри сапед (манзураш шеъри нимои-ОХ) дар адабиёти точики «реша нахохад давонд, зеро хазор сол бо аруз хоки мо бардошта шуда... мусикии мо бо аруз як аст» ва назараш ин буд, ки «шеъри сапед шоъирро бебанду бор мекунад». Аз ин чост, ки навпардозихои Лоик дар фурми шеър ба чорпорасаройи ва дарозу кутох кардани мисраъхо махдуд мешавад. Дар мархилаи аввали фаъолияти халлокона, илхомпазирие, ки шуда, бештар аз ашъори Нодирпур, Фуруг (то мачмуъаи «Таваллуде дигар»), Таваллули ва амсоли онхо буда. Зеро баъд аз баргузории Кунгреи шеъри форси дар шахри Душанбе дар соли 1967 ва ширкати Нодирпуру дуктур Хонлариву дуктур Лутфалии Суратгар дар он ва табъу нашри намунае чанд аз ашъори Нодирпуру Фаридуни Таваллули, Фуруги Фаррухзод ва Сояву Касрои, хаводорони шеъри форси бо «шеъри нав»-и Эрон ошнои пайдо карданд. Дар ин даврон шоъирони чавони точик дар пайрави аз шеъри ин шоъирон дар колабу корбурди вожагон ашъоре ба чоп расонданд. Аммо илхомпазирии Лоик аз ашъори ин шоъирон халлоконаву мубтакирона будааст.
Масалан чорпораи зер бо вучуди пайрави аз фурми чорпорахои шоъирони эрони аз нигохи сабку лахн ва корбурди вожахо сирфан форсии точикист: Имшаб аз кучаи хаёлам боз, Лек бар решхои кухнаи дил Дар авохири солхои 60 карни бистум «Шеъри ангур»-и Нодирпур дар махофили адабии Точикистон маъруфияти зиёде касб кард ва Лоик мутаасир аз он шеър дар хамон колаб «Газали богбони пир»-ро месарояд, ки бо диди фалсафи ва ташбеху истиъороти бикри худ дар шеъри точики падидаи наве буд. Аз чумла ин порча: Ба чуйе об кушодам, Дар такмили хунари шоъири ва эчоди ашъори рангини Лоик, Нодирпур чун тасвиргаре бузург бетаъсир набудааст ва у хатто аз таъбирхои чудогонаи шоъир илхом гирифтааст. Ба таври мисол, Лоик чунон зери таъсири шеъри «Ниёз»-и Нодирпур карор гирифта, ки аз мисраъи «Дар огуши ту мемирам» татаббуъ карда, шеъри зерро бо бардоште мугойир бо дарунмояи шеъри Нодирпур эчод кардааст:
Ту эй гахвораву тобути ишки ман! Илхомпазирии Лоик аз дигар шоъирони маъруфи карни бистуми Эрон дар марохили мухталифи фаъолияти шоъирияш якнавохт набудааст. Лоик дар эчоди силсилашеърхои «Модарнома»-аш аз Эрач Мирзо, дар сурудани газал аз Рахии Мухаййари, Шахриёр, Симин, Ахавони Солис ва амсоли эшон халлокона асар бардоштааст, ки баррасии он аз мачоли ин мухтасар хорич аст. Танхо метавон ба таври намуна ба он ишора кард, ки хангоми мутолеъаи шеъри «Гиряи Кова бар марги хафдах писараш», ки Лоик
навиштааст, газали маъруфи Ахавони Солис бо матлаъи «Хамин аз гам на танхо чашми хунполои ман гиряд» дар зехни хонанда мутавотир
мешавад. Ин чанд сухан зикри хайре буд дар рузи мавлуди ин шоъири тавоно ва маъруфи точик. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||