|
Нишасти вузарои дифои кишвархои гурухи Шонгхой
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Вузарои дифоъи кишвархои узви Созмони хамкорихои Шонгхой имруз (15 май) дар хамоиши худ дар шахри Душанбе як Созишномаи хамкори
имзо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин санад заминахои хукуки барои густариши равобити низоми миёни ин кишвархоро фарохам мекунад. Хамзамон таъкид шудааст, ки ин ниход тадбирхое барои чилавгири аз ташаннучи авзоъ дар минтака руи даст гирифтааст. Вузарои дифоъи кишвархои узви созмони хамкорихои Шонгхой дар поёни нишасти худ, ки паси дархои баста сурат гирифт, бо хабарнигорон сухбат карданд, вале аз ироъаи чузъиёти Созишномаи ба имзорасида дар чараёни ин нишаст худдори карданд.
Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед Шерали Хайруллоев, вазири дифоъи Точикистон гуфт, ки барои бори нахуст аст, ки масъулини вазоратхонхои дифоъи кишвархои узви созмон хамкорихои Шонгхой дар бораи хамкори як Созишнома имзо мекунанд. Ба эътикоди окои Хайруллоев, ин санад заминахои хукуки барои таквияти хамкорихои низоми миёни ин кишвархоро фарохам мекунад. Вай аз чумла гуфт: "Барои таъмини амнияти муштарак, бояд хамкорихо миёни вазорахонахои дифоъи кишвархои узви ин созмон таквият шавад. Бояд шароите фарохам бошад, ки, мо тавонем сареъан ба хаводисе, ки дар минтака рух медиханд, вокуниш нишон бидихем. Санаде, ки мо имруз имзо кардем, рох барои густариши хамкорихои низоми дар миёни кишвархои узви созмонро хамвор мекунад."
Александр Калмыков, муъовини аввали вазири дифоъи Русия, ки дар раъси хайати ин кишвар дар ин чаласа ширкат дошт, дар навбаи худ гуфт, ки Созмони хамкорихои Шонгхой мархилаи ташаккули худро паси сар карда ва холо фурсати он расида, ки барои рушди хамкорихо дар куллия бахшхо талош кунад. Окои Калмыков афзуд: "Тибки ойиннома Созмони хамкорихои Шонгхой, созмони сиёси ва ё низоми нест ва ният хам надорад ба чунин созмоне табдил шавад. Вале дар ин минтака садхо милюн нафар, ки намояндагони миллатхо ва пайравони мазхабхои мухталиф хастанд, ба сар мебаранд. Таъмини амнияти ин афрод наметавонад берун аз мавриди назари мо бошад. Мо барои таъмини зиндагии осудаи ин афрод муваззаф хастем." Дар идомаи суханони худ окои Калмыков афзуд, ки холо ниходхои зирабти ин кишвархо барои чилавгири аз зухуроти терурисм, тундрави ва чудоихохи тадобири чадиде руи даст гирифтаанд, вале аз ироъаи чузъиёт дар ин маврид худдори кард. Вале ба эътикоди бархе аз сохибназарон куллия кишвархои узви ин созмон зери шиори мукобала бо зухуроти ифротгарои ё терурисм, маъмулан бо нерухои мухолифи давлат дар кишвархои худ мубориза мебаранд. Дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди он, ки оё мавзуъи дархости Эрон барои пайвастан ба Созмони хамкорихои Шонгхой
дар дастури кори ин нишаст карор доштааст ё хайр, вазири дифоъи Точикистон гуфт, ки ин мавзуъ танхо баъд аз халли сиёсии ин
мавзуъ аз суйи рахбарони кишвархои узви ин созмон барраси хохад шуд. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||