BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 15:14 گرينويچ - دوشنبه 21 آوريل 2008 - 02 اردیبهشت 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Нигаронии ББТУ аз фазои сармоягузори
 
Гонзало Рамес, мудири минтакайии Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо дар умури Испониё ва Мекзик
Гонзало Рамес: Мо чараёни казияи Оримаро ба сурати чидди назорат мекунем. Зеро ин раванд дар шароити сармоягузори дар кишвар асар хохад гузошт
Хайати Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо аз казияи ширкати муштараки Точикистону Хуланд мавсум ба Орима ибрози нигарони карда ва гуфтааст, ки ин амр метавонад ба чигунагии фазои сармоягузори дар Точикистон асар гузорад.

Раиси чумхурии Точикистон имруз зимни дидор бо ин хайат хостори афзоиши чахор баробари сармояи Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо ба иктисоди ин кишвар шудааст.

Вале масъулони ин бонк гуфтаанд, ки танхо дар сурати бехбуди фазои сармоягузори дар Точикистон мизони сармоягузории хоричи ба ин кишвар афзоиш хохад ёфт.

Аъзои хайати Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо хадафи дидори худ аз Точикистонро густариши бештари хамкорихо ва баррасии фазои сармоягузори барои бахши хусуси дар ин кишвар тавсиф карданд.

Гонзало Рамес, мудири минтакайии Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо дар умури Испониё ва Мекзик таъкид кард, ки дар чараёни дидор бо Эмомали Рахмон, раиси чумхурии Точикистон шароити зарури барои рушди бахши хусуси, аз чумла казияи ширкати муштараки Оримаи шахри Душанбе низ матрах шудааст.

Зеро ба гуфтаи окои Рамес ин бонк умдатан дар бахши хусусии Точикистон сармоягузори карда ва мизони сармояи он ба ширкати Орима болиг ба 5 милюн дулор будааст.:

«Нигаронии мо ба масъалаи пул ва сармоягузори ба тархи ширкати Орима рабт надорад, балки дар мачмуъ ба эътибори байналмилалии Точикистон иртибот мегирад. Холо мо чараёни ин казияро ба сурати чидди назорат мекунем. Зеро ин раванд дар шароити сармоягузори дар ин кишвар ахамият дорад.»

Авохири соли гузашта Маъруф Орипов, раиси ширкати муштараки Точикистону Хуланд мавсум ба Орима ба иттихоми додани ришва ба маъумрони амнияти ва сарпечи аз пардохти молиёт боздошт шуда ва дар мохи чори Додгохи олии Точикистон окои Ориповро ба 8 солу шаш мох махкум ба зиндон кард. Хамчунин, тибки хукми додгохи амвол ва дороихои Маъруф Орипов мусодира хохад шуд.

Дар хамин хол, Масару Хонма, мудири минтакайии Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо дар умури кишвархои Осиёи Маркази гуфт, ки Эмомали Рахмон, раиси чумхурии Точикистон дар чараёни мулокот бо хайати ин Бонк хостори афзоиши чахор баробари сармоягузори дар иктисоди кишвараш шудааст.Окои Хонма таъкид кард, ки танхо дар сурати ичрои шароити мушаххасе Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо ин дархост хохад пазируфт:

«Эчоди фазои мусоид барои сармоягузорони хоричию дохили дар Точикистон аз шароити аслии Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо махсуб мешавад. Дар сурати ичрои ин такозо мо мизони сармояро дар зарфи се соли оянда то ба 150 милюн дулор афзоиш хохем дод. Дар гайри ин сурат ин ракам солиёна дар худуди 40 милюн дулор боки хохад монд.»

Тибки иттилоъи расми Бонки бозсози ва тавсеаи Урупо дар соли 2007 дар Точикистон ичрои 9 тархро сармоягузори кардааст, ки хазинаи умумии ин пружахо худуди чихил милюн дулори омрикои будааст.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران