BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 12:19 گرينويچ - جمعه 04 آوريل 2008 - 16 فروردین 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Телевизюни муштараки порсигу
 
Руасои чумхури Эрон, Точикистон, Афгонистон
Идеяи таъсиси телевизюни муштарак ду соли кабл, дар дидори руасои чумхури се кишвар пешниход шуда буд
Бо он, ки чузъиёти тархи таъсиси телевизюни муштараки Точикистон, Эрон ва Афгонистон хануз равшан нест, бахсу хадсхои мухталиф перомуни чигунагии сохтор, мавзуъ ва намои ин телевизюн дар чавомеъи мадании се кишвар матрах шудааст.

Идеяи таъсиси чунин телевизиюн ду соли кабл, дар дидори руасои чумхури се кишвар пешниход шуда буд, аммо тасмими ахири Вузарои хоричаи Точикистону Эрон ва Афгонистон дар шахри Душанбе дар бораи ифтитохи макарри ин телевизиюн дар пойтахти Точикистон нахустин гом дар ин росто будааст.

Аксари коршиносон тархи таъсиси телевизюни муштараки се кишвари хамзабонро барои табодул ва шинохти бехтари фарханги миёни мардуми ин кишвархо пурарзиш медонанд.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Аммо муваффакияти ин тарх ба хирфайи будани ин телевизиюн дар бозтоби вокеъиятхои фархангиву ичтимоъии мардуми се кишвар ва табдил нашудани ин телевизиюн ба дастгохи таблигии давлатхои се кишвар машрут дониста мешавад.

Тахияи тархи ин идея харчанд ба дарозо кашид, аммо 24 марти соли чори, вузарои хоричаи се кишвар дар поёни нишасти худ дар шахри Душанбе эълом доштанд, ки карор аст макарри телевизюни муштараки Точикистон, Афгонистон ва Эрон дар зуддарин фурсат дар пойтахти Точикистон ифтитох ёбад.

Ин хабар бахсхо дар атрофи чигунагии ин телевизюни муштарак ва хадафхое, ки давлатхои се кишвар бо рохандозии он дар назар гирифтаанд, дар миёни чомеъаи мадании Точикистон ва расонахои хабарии кишварро барангехт.

Оё се кишвари дорои сохторхои исломиву секулор ва бо гуногунии мушкилоти сиёсиву ичтимоъи карор аст бо бозтоби кадом масоил ва мавзуъот мухотаби худро пайдо кунад? Окои Хазрати, вобастаи фархангии сафорати Афгонистон дар Точикистон мегуяд, хадафи таъсиси телевизюни муштарак таквияти пайвандхои фархангии мардуми се кишвар аст, ки тули карни гузашта ба андозаи кобили мулохиза гусаста шудааст.

Окои Хазрати
Окои Хазрати мегуяд, хадафи таъсиси телевизюни муштарак таквияти пайвандхои фархангии мардуми се кишвар аст

Окои Хазрати мегуяд: «Аксари телевизюнхое, ки дар ин се кишвар мавчуд аст, иттилоъотиву хабарианд, аммо арзиши ин телевизиюни муштараки се кишвар, ки пайвандхои фарханги доранд, болотар аз телевизиюнхои мавчуд аст, зеро хадафи ин телевизиюн, бозгу кардани масоили фарханги, анъанот, тамаддун ва илму хунари мардуми се кишвар ба хамдигар аст.»

Ба назар мерасад, касе пурарзиш будани чунин як тархи телевизюни муштаракро, ки мардумони се кишвари порсигу тавассути он аз чавомеъи хамдигар шинохти бехтари фархангиву ичтимоъи пайдо хоханд кард, тардид намекунад.

Он чи мавриди суол карор гирифта ин аст, ки оё давлатхои се кишвар имкон хоханд дод, то телевизиюни муштарак тавонад чунин рисолати худро анчом бидихад. Бокири Муин, коршиноси умури Эрон мегуяд, шарти аввал барои муваффакияти телевизиюни муштараки Точикистон, Эрон ва Афгонистон ин аст, ки ин телевизиюн ба дастгохи таблиги давлатхои ин се кишвар табдил нашавад.

Бокири Муин, коршиноси умури Эрон
"Шарти аввал барои муваффакияти телевизиюни муштараки форсизабон ин аст, ки ин телевизиюн ба дастгохи таблиги табдил нашавад"

Окои Муин меафзояд: «Бояд дар назар дошт, ки ин телвизиюн табдил ба сухангуи хукуматхо нашавад, дуввум бояд тавонад вокеъиёти зиндагии хар се кишварро дар сатхи зарури мунъаккис кунанд то мардуми ин се кишвар алокаманд бишаванд онро тамошо кунанд. Ва нуктаи севвум хирфайи будани ин телевизиюн ва афроде ки карор аст дастгохи ин телевизиюнро бигардонанд бояд огох бошанд аз хассосиятхое, ки вучуд дорад, дар хар се кишвар ва забони муштаракро риъоят кунанд.

Эчоди меъёрхои муштараки забони нуктаи дигар аст, ки ба назарам ВВС нахустин расонае буд ки барои хар се кишвар як барнома пахш мекард ва холо мо дар телевизюн чунин як расона надорем.»

Ба ин тартиб, окои Муин муътакид аст, ки дар сурати ба кор омадани афроди хирфаи барои тахияи барномахои муштараки телевизюни барои мурдуми порсигу, мавзуъи тафовутхои чузъи дар истифодаи вожахо дар забони форсии Точикистон, Эрон ва Афгонистон монеъаеро барои тафохум эчод намекунад.

Аммо бархехо дар Точикистон махз ба хотири мушкилоти марбут ба забони форси ва камбуди кодри дар ин кишвар, дар дуруст будани тасмим дар бораи мустакарсозии дафтари марказии телевизюни муштарак дар шахри Душанбе тардид доранд. Адолати Мирзо, хабарнигори точик дар ин бора мегуяд:

Адолати Мирзо, хабарнигори точик
фикр мекунам, бо ифтитохи дафтари марказии худ дар Точикистон ин тарх наметавонад аз назари дарёфти мутахассисони хуб аз назари забони муваффак шавад.

«Точикистон 70 сол зери султаи забони руси буд ва забони форсии точики адр инчо ба як забони сатхи хонаводаги табдил ёфт. Аз ин ру фикр мекунам, бо ифтитохи дафтари марказии худ дар Точикистон ин тарх наметавонад аз назари дарёфти мутахассисони хуб аз назари забони муваффак шавад. Магар ин ки карор аст, ин телевизюн як дастгохи дигари таблиготи бишавад ва аслан ба хотири хадафхои мутафовит аз он ки равшанфикрони се кишвар тасаввур мекунанд, таъсис шавад.»

Агар карор бошад интихоби кодрхо барои телевизюни муштарак на ба таври таъиноти, балки тавассути озмун ва интихоб бар мабнои тавонойихои хирфайи сурат бигирад, таъсиси дафтари марказии телевизюни муштарак дар пойтахти Точикистони секулор, аз лихози озодихои ичтимоъии роич дар ин кишвар мантики ба назар мерасад.

Дар хар сурат тибки тасмими давлатхои се кишвар карор аст, телевизюни муштарак барномахое ба забони пашту, ки дар Афгонистон дар баробари забони форси, забони давлати махсуб мешавад, барномахо тахия ва пахш кунад.

Аммо бо дарназардошти вижагихо ва хассосиятхои сиёсии мавчуд дар чамохири исломии Эрон ва то андозае Афгонистон, мавзуъи дигари матрах дар миёни чомеъаи Точикистон тавофук дар заминаи намои зохирии телевизиюни муштарак аст.

Масалан Алиризо Кирмони, хабарнигори эронии мукими Точикистон муътакид аст, ки ин масъалаи мухимест ва тасмим дар ин замина ори аз маъонии сиёси нахохад буд:

Алиризо Кирмони, хабарнигори эронии мукими Точикистон
"Ман мунтазири пахши хамон панч дакикаи аввали телевизюни муштаракам, ки бубинам либоси занони рови исломи хохад буд ё на"

«Ман мунтазири пахши хамон панч дакикаи аввали телевизюни муштаракам, ки бубинам либоси занони рови исломи хохад буд ё на. Агар на, ин бад-ин маънист, ки Эрон акабнишини кардааст ва агар бале пас тасаввури ман ин хохад буд, ки Точикистон арзишхои секулории худро пушти по задааст.»

Аммо аз тачрубаи конолхои мутааллик ба Чумхурии Исломии Эрон пайдост, ки он идда аз барномахое, ки барои хорич аз кишвар пахш мешаванд, мутахаммили бархе аз кавоиде, ки барномахо барои пахши дохили мешавад, нестанд.

Тибки иттилоъи гайрирасми макомоти се кишвар талош доранд ин кор то замони мулокоти сарони кишвархои Точикистон, Эрон ва Афгонистон дар тобистони соли чори анчом бигирад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران