http://www.bbcpersian.com

14:48 گرينويچ - شنبه 22 مارس 2008 - 03 فروردین 1387

Исфандиёри Одина
аз Душанбе

Навруз дар шебу фарози таърих

Рузи панчшанбеи 20 март, аввалин рузи соли нави хуршеди ё Навруз дар кишвархои порсизабони Эрон, Точикистон ва Афгонистон буд.

Бархе аз кишвархои Осиёи Миёна ва Кафкоз хам, ки бо фарханги эрони пайвандхои кавие доранд, Наврузро бо ичрои маросими мухталифе чашн мегиранд.

Дарвокеъ аквом ва миллатхое, ки аз сарзаминхои мухталифе бархоста, бовархои мутафовите доранд ва бо забонхои гуногуне сухбат мекунанд, Навруз ва ойинхои марбут ба онро аз чумлаи нумодхои хувияти миллии худ медонанд.

Бо ин хол, касе дакикан намедонад, ки Навруз кай пайдо шуда ва аввалин бор барои чи ва ба чи сурате чашн гирифта шудааст. Ва сабаб чист, ки ин чашни кадими фарозу шебхои пурхатареро дар тули таърих пушти сар карда ва то ин замон расидааст?

Наврузи Чамшеди

Хаким Абулкосим Фирдавси, шоъири бузург, дар «Шохнома» достоне дорад, ки аз таърихи пайдоиши Навруз дар замони шахриёрии Чамшед, подшохи афсонаии Эронзамин, хабар медихад. Абёти зер аз ин достон аст:

Ба фарри Каёни яке тахт сохт,
Чи моя бад-у гавхар андар шинохт,
Чу хуршеди тобон миёни хаво
Нишаста бар у шохи фармонраво
Чахон анчуман шуд бари тахти уй
Фуру монда аз фарраи бахти уй
Ба Чамшед бар гавхар афшонданд
Мар он рузро Рузи нав хонданд.
Сари соли нав Хурмузи Фарвадин,
Баросуда аз ранч тан, дил зи кин.
Ба Наврузи нав шохи гетифуруз,
Бар он тахт биншаст фирузруз.
Бузургон башоди биёростанд,
Майу руду ромишгарон хостанд.
Чунин чашни фаррух аз он рузгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор...

Тибки ин достон, шох Чамшед замоне ба гардишгари дар сарзаминхои эрони машгул буд ва чун ба Озарбойчон расид, бифармуд, ки ончо тахте гузоранд ва бар сар точе заррин ниход, чунончи нури хуршед бар тахту точи заррин расид, чахон мунаввар шуд, мардум шодмони карданд ва он рузро «Навруз» хонданд.

Аз Каёниён то Сосониён

Вале ин танхо ривояте аз пайдоиши Навруз нест. Гурухе онро бо замони зухури Каюмарс, нахустинсон дар асотири эрони ва бархе дигар бо ишора ба осори бостоние чун Авесто, мегуянд, ки Зартушт ба унвони як ахтаршинос ва поягузори таквими хуршеди дар миёни эрониён замони эътидоли шабу руз дар фасли бахорро барои чашни Навруз мушаххас кардааст.

Бар асоси ин ривоят, эрониёни бостон гуё аз Навруз дар огоз ба унвони «Нава Сареда» (соли нав) ёд мекарданд. Зимнан, ба навиштаи Абурайхони Беруни, донишманди карни 11 милоди, сугдиёну хоразмиён, мардумони эронии Осиёи Миёна Наврузро мутаносибан «Навсард» ва «Новсорчи», яъне навсол ё соли нав мехонданд.

Албатта суннати чашни соли нав дар миёни мардумони мухталифи чахон аз кадим роич будааст. Имруз хам бархе аз мардуми Кашмир ва Непол, аз соли нав мутаносибан бо номхои «Наврех» ва «Нава Варша» дар фасли бахор чашн мегиранд.

Ба рагми таърихшиносоне, ки мегуянд чашни Навруз аз Бобул сарчашма мегирад, Юсуфшохи Яъкубшох, таърихшиноси точик, муътакид аст, ки чашни Навруз аз Осиёи Миёна бо мухочирати кабоили ориёи ба Эрони гарби куч кардааст.

Окои Яъкубшох мегуяд: «Хамон сунатеро, ки дар Осиёи Миёна дар замони Каёниён буд, Хахоманишиён, Модхо ва Сосониён идома доданд. Чунки дар инчо дар пайи аз миён рафтани давлати Каёниён дигар давлати кудратманде набуд. Ин кор албатта аз умури давлати аст. Баъдан чашни Навруз дар тамоми давру замон барпо мешуд ва албатта дар хар давлате вижагихои худро дошт».

Дар боргохи Хахоманишиён

Дар сангнабиштахои хахоманиши хеч ишорае ба Навруз нашудааст, вале аз нигорахои Тахти Чамшед чунин бармеояд, ки мардумони мухталифе дар айёми Навруз ба боргохи шохони Хахоманиши бочу хироч меоварданд ва чашне бошукух дар ончо баргузор мешуд.

Тибки манобеъи бостони, бобулихо ва хатто мисрихо дар фасли бахор чашне мегирифтанд, ки хамзамон бо Навруз баргузор мешуд. Бо таваччух ба ин, бархе бар ин назаранд, ки эрониён чашни Наврузро аз бобулихо ба мерос гирифтаанд.

Ба ин тартиб, чашни Навруз гохо ба замони хамлаи Куруши бузург, подшохи хахоманиши ба Бобул дар бахори соли 538 кабл аз милод иртибот дода мешавад.

Ба хар хол, бостоншиносон муътакиданд, ки хахоманишиён Наврузро бо шукух ва азаммати вижае чашн мегирифтанд. Вале барои нахустин бор аз Навруз дар замони Балоши аввал, подшохи ашкони ёд шудааст, харчанд мушаххасоте аз он дар даст нест.

Дар огуши табиъат

Аз баргузории Навруз дар замони Сосониён, имперотурии чахоруми Эрон, манобеъи бештаре бачо мондааст. Муъмин Каноъат, шоъири точик ва донандаи сунани бостони мегуяд, ки дар Эрони бостон Наврузро шаш руз чашн мегирифтанд.

Окои Каноъат меафзояд: «Аввал Наврузи мардум шуруъ мешуд, кулли мардум Наврузро бо шевахою суннатхои худашон чашн мегирифтанд. Баъд аз он Наврузи бузург буд ва сипас Наврузи шохон, ки иборат аз бор овардан буд. Мардум ба шох бор меоварданд ва шох назди мардум мерафт. Ин ягона рузе буд, ки чомеъа, мардум метавонистанд бо шох руёруй сухбат кунанд ва ниёзхои худро бигуянд ва ормонхои худро бигуянд. Ва шох аз руйи ин ормонхо ва хостахо амр содир мекард ва мефармуд, ки фалон корхо бояд анчом шаванд. Дар хамон ахди кадим хам суннати «Сездах бадар», яъне сайри гул буд. Мардум аз маркази шахрхо ба богу бустону ба огуши табиъат мерафтанд».

Аз суйи дигар, баргузории Навруз дар огози фасли бахор ва замони кишту кор барои барномарези ва пешбинихои вазъи иктисоди низ фурсате муносиб будааст.

Пруфессур Юсуфшохи Яъкубшох, донишманди точик дар ин бора мегуяд: «Масалан дар рузи шашуми Навруз донишмандон чамъ мешуданд ва дар дувоздах сутун аз анвоъи мухталифи зироъат мекоштанд. Гиёхшиносон аз руйи сабзае, ки бар сутунхо руйида буд, пешбини мекарданд, ки имсол хамин анвоъи зироъат чигуна хохад руйид ва чи хосиле хохад дод. Бар асоси ин озмоиш онхо тасмим мегирифтанд чи базреро ба замин бикоранд. Ин хама чанбахои илми дошт».

Халвои порси

Аз вижагихои чашни Навруз дар замони бостон пайванди он бо русуми динии зартуштиён аст ва аз маъохизи таърихи бармеояд, ки мубадони зартушти дар ичрои маросими Наврузи накши умдае доштаанд.

Вале манобеъи таърихи хокист, ки пас аз хамлаи тозиён ба Эрон дар карни хафти милоди талошхое барои аз миён бурдани Навруз сурат гирифтааст.

Пруфессур Юсуфшохи Яъкубшох: «Вакте, ки ислом пируз шуд, (аъроб) Наврузро комилан бархам доданд, чун арабхо аслан мардуми биёбонгард буданд ва кишту барзро намедонистанд ва буе аз нони гандуми набурда буданд. Онхо вакте ба Ориёзамин омаданд, дар ин чо кишту корро диданд, шукуху шахоматро диданд. Ривояте хаст, ки ба хазрати Мухаммад халво доданд, гуфт чист? Гуфтанд ин халвои наврузист. Баъд Салмони Форс дар бораи Навруз тавзех дод ва паямбар гуфт, ин чизи ачибе будааст, онро бояд равнаку ривоч дод».

Дарвокеъ, ин ривоятест, ки дар китоби Осор-ул-бокияи Абурайхони Беруни аз он ёд мешавад. Шояд чаъли ингуна ривоёт барои машруъият бахшидан ба чашни Навруз ва хифзи ин ойини бостони дар даврони исломи мусоъидат кардааст.

Ба хар хол, Мумин Каноъат, шоъири точик мегуяд, ки чашни Навруз пас аз хамлаи тозиён ва мансух шудани ойинхои кухан ба вучуди худ идома дода ва рангу буйи исломи гирифтааст. «Дар ахди Сомониён Навруз чехраи исломи гирифт, вале суннатхои асосии наврузи хифз шуданд. Ва то чое Навруз зебо ва бошукух чашн гирифта мешуд, ки мардуми турктабори сахрои хам дар мухити Навруз ворид шуданд ва онхо «Навруз-байрам» мегуфтанд ва аз он тачлил мекарданд. Ва Наврузи онхо Наврузи табиъат буд, яъне шукуфтани гул, сабза ва чизхои дигар. Он бештар як чашни мардуми буд, яъне ба умкаш то ба охир нарасида буданд».

?Чашни Лола

Навруз ва ойинхои марбут ба онро точикон бавижа дар замони Шурави нумоде аз хувияти миллии худ медонистанд. Гуфта мешавад давлати Шурави ин чашнро мамнуъ карда буд, вале мардум онро хифз карданд ва ба таври пинхони чашн мегирифтанд.

Он замон фархангиёни точик барои тачлили расми аз навруз талошхои зиёде ба харч медоданд. Талошхои мансух кардани Навруз он замон зохирон бо ахдофи идеулужики фармонравоён иртибот доштааст. Гулрухсор Сафи, шоъири точик мегуяд, ки хукумати Шурави Наврузро сунате кухан медонист ва чашни онро ичоза намедод.

Бону Сафи афзуд: «Мардуми дехаи мо, зинда бошанд онхо, худашон Наврузро ба шеваи худашон чашн мегирифтанд. Якеш онро «8-март» мегуфт, дувуми номи дигаре аз он мебурд, то аз кораш пеш накунанд. Ба хар хол, чашн мегирифтанд. Аммо дар шахр, бори аввал мо хамрохи устод Мирзо Турсунзода назди дабири аввали хизби кумунист рафтем, ки он вакт (Чаббор) Расулуф буданд. Он замон хама мехостанд Наврузро чашн бигиранд, вале давлат, ки ичоза намедод, метарсиданд. Эшон (Расулуф), ки бо устод Турсунзода дуст буданд, аввал дилашон гарм шуд ва гуфтанд, ки бошад, Наврузро чашн бигиред, вале нагуед «Навруз», бигуед «Лола». Устод Турсунзода суп-сурх шуданд ва гуфтанд, ки чи тур ман метавонам чашнеро, ки хафт-хашт хазор сол таърих дорад, бигуям «Лола»? Хулоса, макомот он замон гушхои худро ба кари андохтанд, ичоза хам надоданд ва конуне хам содир накарданд, вале мо Наврузро чашн гирифтем».

Ба гуфтаи хонуми Сафи, тачлил аз Навруз дар Точикистон аз миёнахои солхои 70 карни гузаштаи милоди батадрич аз сар гирифта шудааст: «Гуё мардумро аз зиндон боз карда буданд. Мо ин кадар шунавандаи зиёди шеър доштем, ошикони зиёде доштем хамрохи Лоику Бозор Собир ва устод Каноъат, ки масалан мерафтем назди пайкараи устод Рудаки барои шеърхони. Мардум медонистанд, ки мо ончо меравем. Мо медидем, ки ончо се то панч хазор одам гирд омадааст. Мо шеър мехондем ва аз мо мепурсиданд, ки акнун кучо меравед, мегуфтем, ки Боги Маркази. Мо бо мошин меомадем ва медидем, ки мардум аз мо пештар ба ин бог расида ва моро мунтазир буданд».

Хони наврузи

Дарвокеъ бисёре аз ойинхои бостони ва мазхабии Навруз дар замони Шурави ба фаромуши супурда шуданд ва холо низ дар Точикистон ва бархе дигар аз кишвархои Осиёи Миёна Навруз бештар ба маънии чашни бахор ва огози киштукор аст.

Зимнан, ба гуфтаи Пруфессур Юсуфшохи Яъкубшох иртиботи Навруз бо бахор ва табиъат дар хифзи ин ойини бостони дар тули таърих омиле муассир будааст: «Аз бас ки чашни Навруз чашни бахор ва кишту кор аст, дар хеч давру замон бе кишту кор намешавад. Бино бар ин, арабхо хам, ки омаданд, ба он таслим шуданд, Искандари Макдуни хам омад, туркхову мугулхо хам омаданд ва таслими он шуданд. Ба ин тартиб, хамаи миллатхое, ки ба инчо хамла карданду тасарруф намуданд, боз дастнигари мо буданд ва аз дастурхони мо нон мехурданд, зеро дастурхони Наврузи бар асоси кишту кор ба вучуд меояд».

Давлати Точикистон пас аз касби истиклол ба Навруз ба унвони як чашни милли макоми вижае дод ва хамасола аз он ба таври густарда тачлил мешавад. Точикон дар ин руз суфраи «хафт син ва хафт шин» мегустаранд, саману мепазанд, ба асбдавонию бузкаши, куштигири машгул мешаванд.

Албатта, бисёре аз ойинхо ва маросими наврузи дар Точикистон аз миён рафтаанд, вале мардум дар рузхои Навруз бо чехрахои шод ва либосхои нав ба хиёбонхо мерезанд, барномахои раксу суруд ва мусобикоти варзиши баргузор мекунанд.