16:08 گرينويچ - جمعه 14 مارس 2008 - 24 اسفند 1386
Шокирчон Хакимов
хукукдони точик
Ахиран порлумони Точикистон тархи конуне бахсбарангез дар бораи омбудсмен ё кумиссари хукуки башар дар ин кишварро ба тасвиб расонд. Карор аст ин тарх пас аз таъйиди мачлиси улёи порлумон ва раиси чумхури ба мавриди ичро дарояд.
Ин дар холест, ки мавзуъи таъйин ё интисоби макоми омбудсмен тавассути раиси чумхурии Точикистон хамчунон аз мухиммтарин мавзуъоти бахс дар миёни фаъолони хукуки башар ва коршиносони масоили мадани аст. Нависандаи ин матлаб ба баррасии чанбахои мухталифи ин санад пардохтааст:
...Пас аз 12 соли сукут
Пеш аз хама бояд зикр кард, ки масъалаи таъсиси макоми омбудсмен ё ба истилохи расми «Ваколатдор оид ба хукуки инсон» ва салохият ва шаклхои фаъолияти он дар Точикистон, бори нахуст дар соли 1996 дар хамоише матрах шуда буд.
Дар ин хамоиш беш аз 120 нафар аз намояндагони ниходхои мухталифи чомеъаи шахрванди, олимону мутахассисони саршиноси хукук аз кишвархои хоричи ва масъулони ниходхои интизоми, бархе аз аъзои порлумон ва кормандони дафтари раёсати чумхурии Точикистон хузур доштанд.
Он замон ширкаткунандагон бо таваччух ба тачрубахои чахони бар зарурати таъсиси макоми расмии мудофеъи хукуки башар таъкид карданд ва дар поёни хамоиш санаде хам ба унвони раиси чумхури ва порлумони Точикистон тасвиб шуд.
Вале бино бар набуди иродаи сиёси ва фукдони ибтикор аз суйи конунгузорон тархи чунин конуне ба баррасии порлумон пешниход нашуд ва тайи 12 соли гузашта ин масъала дигар мавриди бахсу барраси карор нагирифт.
Пас аз гузашти солхои тулони ахиран чанде аз фаъолони чомеъаи мадани ва донишмандони хукук андешахои худро дар иртибот бо хамин мавзуъ дар матбуъоти даврии Точикистон чоп карданд.
Баъдтар маълум шуд, ки гуё ба манзури тахияи тархи конун дар бораи омбудсмен гурухи корие таъсис дода шуда ва аз ин тарх созмонхои байналмилали химоят мекунанд.
Матни пешнависе, ки ин гурух тахия карда буд, иттифокан ба дасти ман уфтод ва водор намуд, ки эродхоеро дар мавриди ин санад ба унвони як хукукдони мустакилл матрах намоям.
Зарурати истиклоли омбудсмен
Бидуни тардид, хадаф аз тасвиби ин конун эчоди заминахои хукуки барои таъсиси мансаби мудофеъи хукуки башар ё ба таъбири расми «Ваколатдор оид ба хукуки инсон» ба манзури таквияти химоят аз хукук ва озодихои шахрвандон бар мабнои конуни асосист.
Бояд тазаккур дод, ки таъсиси макоми омбудсмен фаъолияти ниходхои масъул дар умури химоят аз хукук ва озодихои инсон, масалан додситони ва додгохро зери суол намебарад ё боъиси костани салохиятхо ва ихтиёроти онхо намешавад.
Бо ин хол, барои фаъолияти озодона ва муассири мудофеъи расмии хукуки башар ё «Ваколатдор оид ба хукуки инсон», бехтар буд агар бархе аз маводди тархи конуни омбудсмен кабл аз таъйид ислох шаванд.
Масалан, унвони боби севуми ин пешнавис, ки бо вазоифи аслии мудофеъи хукуки башар иртибот дорад, бо мазмун ва мохияти моддахои чахорум – дар бораи интисоби макоми омбудсмен, ва дахум – дар бораи канорагири ё барканории кабл аз мавъиди ин маком, созгор ба назар намерасад.
Бинобар ин, бехтар буд агар мавзуъи бозхонд ва тартиби барканории мудофеъи хукуки башар хамрох бо мавзуъи интисоби омбудсмен дар моддаи чахорум ба танзим дароварда шавад.
Тавре ки тачрубахои кишвархои чахон нишон медихад, дар бештари давлатхо макоми расмии мудофеъи хукуки башарро порлумон таъйин мекунад. Зеро бар асоси тахлилхо ва мушохидахо хукуки шахрвандон голибан аз суйи кормандони сохторхои мухталифи давлати накз мешаванд.
Афзун бар ин, гавхари хукуки ва рисолати ичтимоъии порлумон дар мукоиса бо ихтиёроти раиси чумхури нисбатан демукротик аст.
Ба ин далел, нигаронии гуруххои мудофеъи хукуки башар ин аст, ки дар сурати таъйини макоми омбудсмен аз суйи раиси чумхури, мудофеъи хукуки башар худбахуд истиклолашро аз даст медихад ва аз бисёр мавориди накзи хукуки башар, ки шояд ба макомхои баландпояи давлати марбут мешаванд, чашмпуши хохад кард.
Омбудсмен, яъне рушанфикр
Дар моддаи панчуми ин санад, ки меъёрхоеро барои интисоби афрод ба макоми омбудсмен мукаррар намудааст, дар баробари лавозими дигар, доштани диплуми омузиши олии хукуки барои дастёби ба ин маком вочиб дониста мешавад.
Вале бо таваччух ба ин ки моддаи сиву севуми тархи конун дар бораи омбудсмен таъсиси дастгохи мудириятиро барои таъмини фаъолияти ин ниход дар назар гирифтааст ва хайъати он албатта аз чумлаи хукукдонхо муташаккил хохад шуд, дигар ниёзе нахохад монд, ки фарди довталаб ба макоми омбудсмен хатман хукукшинос бошад.
Мухимм аст, ки мудофеъи расмии хукуки башар як рушанфикри вокеъи бошад, чуръат ва шучоъат дошта бошад ва дар чомеъа дар мачмуъ ва дар миёни гуруххои мухталифи чомеъаи мадани бахусус, аз обру ва махбубияти хоссе бархурдор бошад.
Бо ин хол, хангоми интисоб ё чобачойии кодрхои дастгохи мудириятии омбудсмен албатта ба назар гирифтани дониш ва тачрубаи кормандон, бахусус дар иртибот бо хукуки ичтимоъи, иктисоди, фарханги ва сиёсии шахрвандон, багоят мухимм аст.
Хамчунин чумлаи дувуми банди аввали моддаи хашт, ки бозрасии шахсии макоми омбудсменро мамнуъ месозад, боисти аз матни конун ба дур андохта шавад, зеро ин мавзуъ дар чумлаи аввал ва банди севуми хамин модда мушаххас шуда ва дигар ниёзе ба такрори он нест.
Гузашта аз ин, банди дувуми моддаи хашт, ки мучозоти идории макоми омбудсменро бидуни мувофикати макоми таъйинкунанда, яъне раиси чумхури, мамнуъ сохтааст, гайримантики ва галат ба назар мерасад.
Маохизи иттилоъот
Номи моддаи нух дар бораи «махдудият барои макоми омбудсмен» бо мазмун ва мохияти матни он, ки аз се банд иборат аст, созгор нест, зеро дар матн доштани беш аз як мансаб барои мудофеъи хукуки башар ночоиз дониста мешавад ва сахехтар буд, агар ба чои вожаи «махдудият» иборати «чоиз набудани беш аз як мансаб» зикр шавад.
Дар порогрофи севуми банди аввали моддаи 10 ба чойи «накзи махдудиятхои мукарраршуда дар ин конун», ки мубхам аст, мебоист «накзи мукаррароти моддаи 9-и хамин конун» навишта шавад.
Моддаи нухуми ин санад мукаррар мекунад, ки макоми омбудсмен хакки узвият дар порлумон ва мачолиси дигар, доштани мансабхои дигар, иштигол ба фаъолиятхои сиёси, узвият дар ахзоб ва созмонхои сиёсиро надорад.
Дорандаи макоми омбудсмен бояд дар тули понздах руз пас аз интисоб ба ин маком аз мансабхои дигаре, ки дорад, даст кашад. Вале у метавонад корхои илми ва эчоди анчом бидихад ва дар донишгоххо дарс бидихад.
Дар банди 2-и моддаи 11, ки гирдоварии иттилоъоти марбут ба накзи хукуки башарро дар назар дорад, дар канори ниходхои давлати, расонахо, макомоти махалли, муассисот, созмонхо ва корхонахо боисти ибороти «иттиходияхои ичтимоъи» ва «шахрвандони алохида» низ ба унвони маохизи иттилоъот афзуда шаванд.
Дар чунин сурате омбудсмен хохад тавонист аз иттиходияхои ичтимоъи ва афроди алохида низ иттилоъоте дар бораи мавориди накзи хукуки башар дарёфт кунад.
Дар гайри ин сурат, ин ниход хаметавонад аз мавориди накзи хукуки башар нисбат ба шахрвандони чудогона ва намояндагони созмонхои гайридавлати иттилоъ ёбад, чизе ки муассир будани фаъолияти онро зери суол хохад бурд.
Моддаи 12-и тархи конун дар бораи омбудсмен «Хукуки ваколатдор оид ба хукуки инсон» унвон гирифтааст, дар холе ки ин чо сухан дар бораи салохиятхои омбудсмен матрах аст. Бино бар ин, мантикитар буд, агар унвони ин модда ба «Салохиятхои ваколатдор оид ба хукуки инсон» табдил карда шавад.
Ихтиёроти омбудсмен
Ба ин тартиб, банди аввали моддаи 12 низ бояд ингуна ислох шавад: «Хангоми гузаронидани тафтиш (бозраси) доир ба арзу шикоятхо ваколатдор оид ба хукуки инсон аз салохиятхои (ба чойи «хукуки») зерин бархурдор аст». Ановини моддахои 16, 17, 19, 20 ва 21 низ бо мазмун ва мохияти бандхо ва порогрофхои ин маводд чандон созгор ба назар намерсанд.
Дар нихоят, бояд гуфт, ки тасвиби конун як тарафи масъала аст, вале масъалаи асоси ичрои он аст. Абатта бо гузашти замон ошкор хохад шуд, ки омбудсмен ё ба истилохи расми «Ваколатдор оид ба хукуки инсон» дар тахкими чомеъаи шахрванди, фаъолияти озоди иктисоди, таквияти ниходхои демукротик, шаклгирии равияхои гуногуни сиёси ва идеулужик ва озодсозии фазои иттилоъоти дар Точикистон чи сахме мегузорад.
Дар гузашта бархе аз давлатхои худкома макоми мудофеъи хукуки башар ё «Ваколатдор оид ба хукуки инсон»-ро дар кишвархои худ таъсис кардаанд, то намоиш бидиханд, ки чонибдори мавозини демукроси ва арзишхои башари хастанд ва аз он ба унвони василае барои чалби сармояи хоричи истифода кардаанд.
Аммо чун дар ин кишвархо иродаи сиёси ва мухити мусоъиде барои фаъолияти озоди мудофеъони хукуки башар мавчуд набудааст, фаъолияти омбудсмен ё «Ваколатдор оид ба хукуки инсон»-ро сохибназарон голибан гайримуассир арзёби кардаанд.
Агар дар Точикистон низ хадаф аз таъсиси омбудсмен ё мудофеъи хукуки башар танхо ба намоиш гузоштани садокати ин кишвар ба арзишхои демукротик ва мавозини байналмилалии хукуки башар бошад, пас фаъолияти ин ниход дар ояндаи наздик чандон натоичи коромаде дар пай нахохад дошт.