BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 11:44 گرينويچ - پنج شنبه 27 مارس 2008 - 08 فروردین 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Наврузи Хатлонзамин
 

 
 
.
Тачлил аз Навруз барои мардуми Точикистон як чашни милли ва суннати махсуб мешавад
Наврузи хучастапай дар вилояти Хатлон, ки аз минтакахои бузурги Точикистон махсуб мешавад бо ичрои оийнхо ва сунани вижа тачлил мешавад.

Пажухишгарон мегуянд бисёре аз ойинхои кадими Наврузи дар миёни мардуми Хатлонзамин хамчунон хифз шудаанд, ки бозгуи ториху фарханги арзишманди мардуми Точикистон хастанд.

Тачлил аз Навруз, ки дар торихи мардумони ориёи собикаи чандхазорсола дорад, барои мардуми Точикистон як чашни милли ва сунати махсуб мешавад.

Харчанд макомоти вакти Хизби кумунисти Точикистон дар даврони Шурави, дар баргузории чашни Навруз мавонеъи зиёде эчод мекарданд, ин чашн комилан аз байн нарафт ва гузашта аз ин, дар миёни сокинони манотики мухталифи кишвар ба унвони чашни поки ва огози соли нав чойгохи вижае касб кард.

Ойинхои наврузи аз насл ба насл ба мерос гузашта дар хотираи мардуми точик хифз мешавад

Бад ин тартиб, харчанд аз Навруз дар манотики мухталифи Точикистон хамнаво тачлил мешавад, аммо ойинхо ва русуме хаст, ки дар тули торихи Навруз дар хар минтакае ба таври хос ичро мешавад.

Хатлонзамин, минтакае дар чануби Точикистон аст, ки бо доштани кухсорони зебову табиати нотакрор аз маконхои умдаи баргузории Навруз будааст.

Хатто ривояте хаст, ки Чамшед, подшохи ориёихо авкоте аз чашни Наврузро дар ин минтака пушти сар мекард.

Холо хам дар кисмати шаркии Хатлонзамин мавзеъе бо номи Дашти Чум ё Дашти Чамшед вучуд дорад ва ёдгоре аз торихи мардуми ориёист.

Дар Точикистон, бахусус вилояти Хатлон, аз омадани Навруз кабл аз хама кудакон бо баргузории маросими гулгардони ба дигарон пайгом мерасонанд.

Дар нахустин рузи Навруз мардум бо ширкат дар барномахои шоду сурурбахш дар базмгоххои наврузи ширкат мекунанд

Маросими гулгардони як хафта кабл аз Навруз аз суйи кудакон ичро мешавад. Дилшод Рахмиов

Чун навруз бо бахор баробар мерасанд, муждаи бахорро кудакон меоранд. Ва онхо расми вижае доранд. Кудакон, ки ба куху даман рафта ва аз он чо гули зардак ё сияхгуш мечинанд. Сипас бо гулдастахо деха ба деха мегарданд ва ба сокинони русто паёми расидани бахорро бо шеъри вижа мерасонанд:

Гул овардем аз он поён!
Хабарат мекунем дехкон!
Бидех галла ба гулгардон!
Бахори Нав меборак бод!

Дар даврони кадим сохибхонахо дар посух ба паёми кудакон ба онхо гандуму наску нахуд ё лубиё хадя мекарданд, ки аз он газохои наврузи аз чумла суману, далда ё дангича тахия мешавад. Аммо имрузхо ба паёмоварони бахор умдатан ширини тавзеъ мешавад.

Дар Хатлонзамин ва хамин тавр дар дигар манотики Точикистон мухимтарин гизои наврузи суманак аст

Аммо дар Хатлонзамин ва хамин тур дар дигар манотики Точикистон мухимтарин гизои наврузи суманак ё саману аст, ки тавассути занон бо хушхоли ва нишоту шодмони омода карда мешавад.

Омодагии мардум барои тачлил аз Навруз бо тоза кардани манзилу атрофи махалл огоз мешавад, ки дар миёни мардуми чануби Точикистон сунати «хонатакони» ном гирифтааст.

Ба эътикоди мухаккикон, мардум бо ичрои сунати «хонатакони» нияти истикболи соли нав, яъне Навруз бо дасту дили пок ва бо орзуву омоли некро мекунанд.

Дар тули таърихи Навруз расму ойини он дар хар минтакае ба таври хос ичро мешавад

Дилшод Рахимов, мухакики оийинхои Наврузи дар Точикистон мегуяд «Оташпарак» аз чумлаи маросимест, ки дар охирин чахоршанбеи кабл аз фарораси мохи фарвардин ё соли нав сурат мегирад ва ин суннат дар Ирону Афгонистон низ бо номи «Чахоршанбесури» роич аст.

Дар нахустин рузи Навруз, ки дар Точикистон 21 март аст, мардум бо ширкат дар барномахои шоду сурурбахш дар базмгоххои наврузи ширкат мекунанд, ки баргузории бозихои миллии хурусчанг, гушти ва бузкаши ё човандози аз он чумлаанд.

Ба хусус гушти ва бузкаши дар чашнхои наврузии Хатлонзамин ба таври бошукух сурат гирифта ва бехтарин пахлавонони ин бозихои милли бо хадоё такдир мешаванд.

Бозихои миллии хурусчанг, кушти ва човандози аз мухимтарин бозихои наврузи дар Точикистон аст

Аз мухимтарин маросиме, ки кишоварзони хатлони низ онро то имруз хифз кардаанд, расми чуфтбаророн аст. Рузи Ахмадов, наврузшиноси точик мегуяд маросими чуфтбаронон баёнгари ин аст, ки Навруз иди бахор ва огози кишту кор аст. Вай меафзояд:

«Дар хатлон пирамардеро бо чехраи нурони интихоб мекунанд, ки ба арвохи бобои дехкон сурае аз Куръон бо нияти хайр мехонанд, дар шохи гов чарбу мемоланд ва дар бархе махалхо ба шохи гов орд мепошанд, зеро сафеди рамзи наврузи аст. Сипас кишоварзон аз пири дехконхо фотеха мегиранд ва ба кор шуруъ мекунанд.»

Бо гузашти солхо Навруз кабои дигаре ба бар мекунад ва ойинхо ва маросими ин чашни мили дар хар минтака, аз чумла дар Хатлонзамин хам вижагихои наве ба худ касб мекунанд. Бо ин хол, ойинхои наврузи аз насл ба насл ба мерос гузашта, дар хотираи мардуми точик хифз мешаванд ва мавриди ичро карор мегиранд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران