BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 18:59 گرينويچ - دوشنبه 17 مارس 2008 - 27 اسفند 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Эътироз дар Бадахшон
 
Хоруг, маркази устони Бадахшон
Сокинони Бадахшон алайхи рафтори кормандони ниходхои интизомии вилоят ва тасмими порлумон дар мавриди тахвили рустохои нохияи Дарвоз ба Тавилдара эътироз карданд
Рузи душанбе беш аз сесад сокинони устони Бадахшони Точикистон, ки бештарашон чавонон ва сохибкорон будаанд, дар майдони марказии шахри Хоруг даст ба эътироз задаанд.

Гирдихамомадагон дар киболи ончи, ки онхо «аъмоли гайриконунии кормандони ниходхои интизоми», бавижа масъулони додситони дар минтака унвон карданд, ибрози норизояти карданд.

Хамчунин ба гуфтаи эътирозгарон тасмими ахири порлумони Точикистон дар бораи тахвили шаш русто аз нохияи Дарвози устони Бадахшон ба нохияи Тавилдараи марбут ба мантакаи Рашт асбоби норизоятии онхо шудааст.

Ширкаткунандагони гирдихамои гуфтанд, «аъмоли мустабидона ва зуроварии бархе аз намояндагони додситонии устон, онхоро нигарон сохта» ва онхоро ба гирдихамоии эътироз водор кардааст.

Онхо ба даргирии ахир миёни намояндагони додситони ва туччори нохияи Рошткалъа ишора карда ва гуфтанд, ки намояндагони додситони ба хангоми тахкики хуччатхои точирону дукондорон хостаанд аз онхо бидуни пардохти маблаг маводи сухт биситонанд.

Ин муъомила ба задухурд миёни намояндагони додситони ва туччор анчомида буд, ки дар чараёни он кормандони додситони мавриди зарбу шатми дукондорон карор гирифта буданд.

Аммо Рашид Гулматшоев, додситони устони Бадахшон мегуяд, масъулони додситони хангоми тахкики хуччатхо ва колохои дукондорон мушаххас кардаанд, ки иддае аз онхо бархе аз анвоъи алкул ва маводи сухтро бидуни мучаввиз дар дуконхо ва фуруш гузошта буданд.

Ба гуфтаи у намояндагони додситони хостори чилавгири аз фуруши гайримучавиз шуда буданд, аммо точирон мухолифат нишон додаанд.

Окои Гулматшоев афзуд, дар холе, ки ду корманди додситони дар сари ин даргири дар бемористон, тахти мурокибати пизишкон карор доранд, тахкик дар бораи ин казия идома дорад. Карор аст додситони дар ин бора парвандаи чинойи боз кунад.

Ба гуфтаи шохидони айни гирдихамои бештар аз як соат идома ёфта ва устондории минтака намояндагони тазохуркунандагонро ба хузур пазируфтааст. Пас аз анчоми нишаст ва гуфтугуи чонибхо гирдихамомадагон пароканда шудаанд.

Яке дигар аз эътирозоти сокинони Хоруг тасмими ахири порлумони Точикистон дар мавриди тахвили 6 рустои мутааллик ба домдорони нохияи Дарвози ин устон ба нохияи Тавилдара буд, ки ба гуфтаи онхо бидуни ризоъияти чониби вакилони мардумии устони Бадахшон иттихоз шудааст.

Аммо Рашид Гулматшоев додситони устони Бадахшон гуфт, ки шархи ин мавзуъ салохияти намояндагони порлумони кишвар аст.

Тазохуркунандагон дар гирдихамоии худ аз тахвили як хазор килуметри мураббаъ арозии мутааллик ба нохияи Мургоби устони Бадахшон ба кишвари Чин дар соли 2001 низ ёдовари шудаанд.

Вале макомоти махалли дар ин бора мегуянд, ки ин мавзуъи хафт соли кабл аст, ки аз суи рохбарони ду кишвар мувофика шудааст ва дар ин бора низ ибрози назар дар ин бора худдори карданд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران