BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 12:43 گرينويچ - سه شنبه 04 مارس 2008 - 14 اسفند 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Афзоиши кочоки маводди мухаддир ба Точикистон
 
.
Дар Афгонистон мизони тавлиди маводди мухаддири тарёк 34 дарсад афзоиш ёфтааст
Понздах дарсади куллия маводди мухаддири тавлидии Афгонистон аз тарики каламрави Точикистон ба кишвархои дигари чахон кочок шудааст.

Ин матлабро имруз (4 март) кумитаи байналмилаии назорати маводди мухаддири СММ дар шахри Душанбе зимни муъаррифии гузориши солонаи худ эълом кардааст. Ин гузориш аз афзоиши 35 дарсадии кишти хашхош дар каламрави ин кишвари хамсоя хикоят мекунад.

Кумитаи байналмилалии назорат бар маводди мухаддир хамзамон таъкид карда, ки ду мохи нахусти соли чори кочоки маводди мухаддир аз Афгонистон ба Точикистон дар мукоиса бо хамин давраи соли гузашта ду маротиба афзоиш ёфтааст.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Азхар Рашидхон, хамохангсози тархи минтакаии намояндагии Идораи назорати маводди мухаддир ва чароими созмонёфтаи СММ дар Точикистон зимни муъаррифи гузориши солонаи ин ниход аз Афгонистон ба унвони минтакаи нигаронкунанда дар заминаи кишту парвариши хашхош ва тавлиди маводди мухаддир барои кишвархои чахон ном бурд.

Вай гуфт, ки соли гузашта дар каламрави Афгонистон дар майдони 193 хазор хектор хашхош кишт шуда, ки дар мукоиса ба соле кабл 17 дарсад бештар аст. Хамзамон ба гуфтаи окои Рашидхон, мизони тавлиди маводди мухаддири тарёк дар ин муддат 34 дарсад афзоиш ёфта ва ба 8 хазору 200 тун расидааст.

Азхар Рашидхон
Азхар Рашидхон аз Афгонистон ба унвони минтакаи нигаронкунанда дар заминаи кишту парвариши хашхош ном бурд

Бар асоси ин гузориш, бештарин майдони кишти хашхош дар манотики чануб ва гарби Афгонистон, ки аз манотики ноором махсуб мешавад, вокеъ хастанд. Ва харчанд кохиши мизони парвариши маводди мухаддири тарёк дар шимоли Афгонистон мушохида шудааст, аммо афзоиши интикол ва кочоки маводди мухаддир аз инчо ба Точикистон ва тавассути киламрави ин кишвар ба кишвархои дигари минтака хамчунон мояи нигаронии СММ аст.

Тибки гузориши солонаи онхо 15 дарсади маводи мухаддири тавлиди дар Афгонистон ба таври гайриконуни вориди Точикистон ва аз ин тарик ба кишвархои дигари минтака интикол меёбад, ки хатаре барои амнияти милии ин кишвархо дониста мешавад.

Вайсиддин Азаматов, муъовини аввали раиси ожонси назорат бар маводди мухаддири Точикистон низ мегуяд, ки бо вучуди сармои шадид кочоки маводди мухаддир аз Афгонистон ба Точикистон тули ду мохи ахир кохиш наёфта, балки афзудааст:

Вайсиддин Азаматов, муъовини аввали раиси ожонси назорат бар маводди мухаддири Точикистон
Окои Азаматов мегуяд мавориди кочоки маводди мухаддир ба Точикистон дар холи афзоиш аст

«Ниходхои интизоми ва амниятии Точикистон муддати ду мохи нахусти соли чори аз гардиши гайриконуни беш аз ним тун маводди мухаддирро кашфу мусодира кардаанд, ки дар мукоиса ба хамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. Эхтимол меравад, ки дар бархе аз манотик мавориди кочок кам шуда бошад, аммо дар мачмуъ ин раванд дар холи афзоиш аст.»

Точикистон дар имтидоди 1400 км бо Афгонистон марзи муштарак дорад. Макомоти давлати дар Точикистон мегуянд, ба далели кухистони ва саъбулубур будани манотики марзии Точикистон бо Афгонистон хифозати комили ин марз номумкин аст.

Чунин вазъ имкон медихад, ки ба гуфтаи ин макомот даххо гуруххои мофиёии кочоки маводди мухаддир дар манотики марзии Афгонистон бо Точикистон ба кочоки маводди мухаддир машгул бошанд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران