BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده:
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Марк Данзон ва бухрони бехдоштии Точикистон
 

 
 
Марк Данзон
Окои Данзон дар мусохиба бо Би-би-си вазъи бехдошт дар Точикистонро бухрони хонд ва гуфт, ки тархи ислохоти густардаеро ба давлат пешниход кардааст
Марк Данзон, раиси минтакаи Созмони Чахонии Бехдошт дар Урупо, ахиран ба дунболи сармои шадид ва бухрони энержи аз Точикистон боздид кард ва авокиби бехдоштии бухронро бо макомоти точик барраси намуд.

Вай пас аз мулокот бо макомхои давлатии Точикистон, аз чумла президент Рахмон, вазъи системи бехдошт дар ин кишварро бухрони хонд ва эълом кард, ки барномаи чадиде барои ислохоти арсаи бехдошт ба давлат пешниход хохад кард.

Созмони Чахонии Бехдошт якчо бо ожонсхои Созмони Милали Муттахид барои рафъи авокиби бухрони энержи ва сармои шадид дар Точикистон аз чомеъаи байналмилали беш аз 24 милюн дулор дархости кумак кардаанд, ки ба гуфтаи окои Данзон бахше аз ин маблаг ба арсаи бехдошт ихтисос хохад ёфт.

Дар чараёни ин сафар, окои Данзон бо хабарнигори Би-би-си дар Душанбе мусохибаи ихтисосие дошт, ки дар он чанбахои мухталифи арсаи бехдошти Точикистон ва шароити бухроние, ки дар ин арса вучуд дошта, матрах шудааст.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Исфандиёр: Окои Данзон, лутфан бигуед, ки дар чараёни сафари худ ба Точикистон чи ниёзхои умдаеро дар бахши бехдошт мушаххас кардед ва хачми маблаге, ки бояд барои барномахои бехдошти хазина шавад, чи кадар аст?

Марк Данзон: Вазъият вазъияти системест, ки дар он сармоягузории кофи сурат намегирад. Албатта бисёр кишвархое хастанд, ки сармояи кофи дар системи бехдошт намегузоранд, мутаасифона Точикистон дар ин замина танхо нест. Афзун бар ин, имсол зимистони сарду дарозе омад, ки ба системи бехдошт садама зад.

Ба ин тартиб, аввалин ниёз бозсози ва бехсозии системи бехдошт аст бо кумаки як барномаи ислохотии муассир. Ин барнома бояд дарозмуддат бошад, наметавон онро дар ду руз ба ичро расонд. Дар нахустин гом, СЧБ ба ичрои ин барнома мутаъаххид аст.

Мо мехохем кумак кунем ба рахандозии як системи дурусти иттилоъоти ва бубинем, ки беморон кихо хастанд ва чи бемори доранд ва кадом беморие шуюъ карда, агар мавориди шуюъи амроз хам хаст. Мо ба иттилоъоти бештару бехтаре дар арсаи бехдошт ниёз дорем ва макомот хуб медонанд, ки мо чи мехохем.

Марк Данзон
Окои Данзон вазъи бухрониро бо макомоти бехдоштии Точикистон барраси кардааст

Ин систем бояд кумак кунад, ки мо огохи ва иттилоъоти бештаре ёбем, зеро мо дакикан намедонем вазъияти ноши аз сармо дар кишвар чигуна аст. Албатта ин кор душвор аст, вале мо мехохем хабари бади бухронро ба хабари хуши як системи дарозмуддат ва устувори бехдошти табдил кунем.

Холо дар хошияи дархости СММ бахши бехдошт маблаги 900 хазор дулор хохад гирифт, албатта ин гоми нахуст ва кучакест ва мо хануз ниёзи кулли барои дах соли ояндаро арзёби накардаем, вале он маблаги калонеро ташкил медихад ва бояд ба чомеъаи байналмилали руй овард.

Ман ин мавзуъро бо раиси чумхури низ матрах кардам, ва у ваъда кард, ки будчеи бахши бехдоштро афзоиш хохад дод, чунончи имсол афзоиш ёфтааст, вале сахми чомеъаи байналмилали низ бояд афзоиш биёбад. Ин дархост икдоми аввалин аст ва дар солхои оянда бояд микёси густардатаре сурат бигирад.

Исфандиёр: Тибки гузоришхо бисёре аз бемористонхо ва марокизи бехдошти дар чараёни ин бухрон ба неруи барк, об ва гарми дастраси надоштанд. Оё шумо аз хеч кадоме аз ин марокиз дидан кардед? Фикр намекунед, ки макомот дар таъмини ниёзхои аввалияи бехдошти ноком мондаанд?

Марк Данзон: Оре, ман аз ин марокиз дидан кадам, аммо ин кори Худост. Барои як фарди муъмин, Худо хам бояд накше муассир дар ин бухрон дошта бошад. Макомот зимистони сахтро наёвардаанд ва шумо наметавонад касеро ба чизе муттахам кунед. Дуруст монанди пул, хангоме ки пул набошад, шумо имкон доред пул созед, вале ин кори хубе нест ва мамнуъ хам хаст. Аммо дуруст, ман бемористонхо ва марокизи бехдоштиеро дидам, ки аслан рушнои надоштанд ва хеле сард буданд. Албатта бархе аз онхо, дар бархи дигар ин вазъият набуд, аз онхо ман тасвири омехтае ба зехн дорам.

Шумо метавонед хар касеро мукассир донед ё муттахам кунед, шумо ба унвони рузноманигор метавонед ташхис бидихед, аммо ман? Ман бемористонхое дидам, ки аслан гизо надоштанд, бархе дар шароити бехтаре буданд, вале бархи дигар дар шароити хеле бад, бо чарогхои кучак ва беандоза сард. Шахсан барои ман сард буд, чи расад ба афроди бечора ва бемор.

Оре, оре, ин хуб нест. Шумо метавонед бигуед, ки чи касе масъул аст. Ва ман ба шумо мегуям, ки Худо ба эхтимоли зиёд накше дар ин вазъият дошт. Мутаасифона, СЧБ пайванди мустакиме бо у надорад ва ман наметавонам дар ин бора чизе бигуям.

Бемористон
Окои Данзон мегуяд бархе аз бемористонхо дар вазъи баде карор доранд

Исфандиёр: Аммо вокеъият ин аст, ки ин нахустин сол нест, ки мо бо бухрони энержи рубару мешавем. Ин вазъ такрибан хамасола ба таври муназзам такрор мешавад.

Марк Данзон: Хуб, ин мушкили бахши энержи ва мушкили иктисод аст. Ман омадаам вазъи бехдоштиро бубинам. Вокеъият, чунончи раиси чумхури ба ман гуфт ва шумо метавонед аз у суол кунед, ин аст ки маъмулан сармо чанд хафта ё чанд руз идома меёбад, вале ингуна зимистони дарозу токатфарсое, ки се мох тул бикашад, танхо 65 сол пеш аз ин иттифок уфтодааст.

Дар чунин шароите албатта метавон барномарези кард, аммо медонед, ки барномарези бисёр душвор аст? Метавон барои хаводиси мусибатбор хамасола аз кабл барномарези кард, ин гуна барномарези хуб аст, аммо хеч кишваре тавону иститоъати онро надорад. Ба ин далел бояд дарк намуд, ки дар мавориди истиснои бо сармоягузории истиснои бояд вокуниш кард. Аз ин ру, ин кори бисёр душвор аст.

Ин ба вазъи як хонавода монанд аст. Шумо оё дар хона тачхизоти кухна барои истифода дар шароити оташсузиро доред? Ва ё оташнишонхо дар наздикии хонаи шумо хастанд ва пайваста аз хонаи шумо дидан мекунанд? Ин мавзуъ бисёр печида аст ва хатто доротарин кишвархо хам дар чунин авзоъе садама мебинанд. Магар ин ки шумо тавони кофи дошта бошед, то як системи пешгири ба рох андозед, ки дар хама заминахо кор кунад.

Оре, ин бад аст ва чои тассуф аст, ки мардум кимати онро бо бемори мепардозанд. Оре, ман дидам касонеро, ки бемор шуда буданд, бавижа кудаконе, ки аз беморихои танаффуси ранч мебурданд. Барои пешгирии ин вазъ бояд хеле хушманд буда бошед ва бидонед, ки маблагро дар кучо сарф мекунед. Мо дар Созмони Чахонии Бехдошт руйи чунин системе кор мекунем...

Исфандиёр: Дарвокеъ гузоришхое буданд дар бораи маргу мири кудакон дар бемористонхо ба сабаби катъи интиколи неруи барк. Оё шумо бо макомот дар ин бора хам сухбат кардед ва оё онхо ин маворидро таъйид карданд? Чун мо инчо мушкиле дорем дар заминаи шаффофият дар ниходхои бехдошти.

Марк Данзон: Оре, ман комилан бо шумо мувофикам, аммо ман танхо раиси СЧБ хастам, танхо метавонам он чи дидам, бигуям. Ман модареро бо кудаконаш дар бемористон дидам, ки ба сабаби сарди бистари шуда буданд. Ман зоишгохеро низ дидам, ки фаъолияти муассире надошт. Вале ман шахсан хеч иттилоъе дар бораи шумори маргу мир надорам. Ин як ва дувум, дар холи хозир хатто барои мо душвор аст бубинем.

Дар хар яке аз ниходхои бехдошти мо пурсидем, харчанд аз хамаи ин марокиз дидан накардем, вале пурсидем, ки ончо шумори беморон то чи андоза бештар шудааст? Оре, шумори беморон бештар шуда, бемороне ки сухтаги доранд, афроди бештаре хам дар маркази равонбемори хастанд. Бемористонхо дору надоранд, ин рост аст, утокхояшон хам сард аст. Ба ин далел шаффофият хеле мухимм аст. Ман худам хам гуфтам, ки дарёфти иттилоъот хеле мухимм аст.

Бале бояд ин системро ба рох андохт, системе, ки муътабар ва муътамад аст. Сипас бояд дид, ки оё натоичи он мунташир мешавад. Агар оре, пас шаффофият вучуд дорад ва агар на, шаффофият нест. Ман метавонам бигуям, ки онхо ичоза медиханд ман хар коре хохам кунам, аз хар кучо, ки хохам, дидан кунам ва харфамро ба шумо озодона мегуям. Барои ман хамин хам як навъ шаффофият аст.

Раиси чумхури ба ман гуфт, ки системи бехдошти Точикистон хеле заъиф аст ва у дар бораи ин ки аз беморон чигуна мурокибат мешавад, нигарон буд. Ин хуб аст, аммо мо хеч аркоме дар даст надорем. Дуруст аст, ки мо аркоме дар ихтиёр надорем, ман надорам ва тасаввур мекунам, ки давлат хам надорад, ва агар мо хатто бемористон ба бемористон хам бигардем, баъид аст....

Аз ин ру, мо мегуем, СЧБ мегуяд, ки шаффофият ва иттилоърасони гоми нахуст аст. Дар ин бора ман бо раиси чумхури ва вазири бехдошт тавофук кардам. Биёед, бубинем, ки ин кор анчом мешавад ё хайр. Ва агар нашуд, ман ба шумо хохам гуфт, ки мо наметавонем аркомро дарёфт кунем, вале дар холи хозир ман аркомро дархост кардаам.

бемористон
Марк Данзон мегуяд мутахассисони бехдошти бояд омузиши бештаре бубинанд

Исфандиёр: Дар холе ки мо хеч гуна аркоме дар ихтиёр надорем, фикр намекунед, ки мо як системи бади сабту хифзи аснод дорем? Ва ё шояд аслан чунин системе дар марокизи бехдоштии мо вучуд надорад?

Марк Данзон: Оре, шумо дуруст мегуед, аммо инчо ду масъала хаст: аввалан хамаи мо мувофикем, ки мо аркоме дар ихтиёр надорем, як системи хубе вучуд надорад ва мо пешниход мекунем ин аз авлавиятхо бошад ва мо кумак мекунем, ки он сохта шавад.

Он чи ман мехохам ба шумо бигуям, ин аст, ки вазъият дар хама чо чунин аст, хатто дар кишвархои сарватманд. Рахандозии ин систем кори душворест. Шояд барои ин ки бехдошт мавзуъе хассос аст ва навъе бемайли нисбат ба он вучуд дорад? Аммо ба назари ман, ин мушкил умдатан ба ин хотир аст, ки мо ба иттилоъоте ниёз дорем, ки гирдоварии онхо душвор аст.

Арком албатта мухимм нест. Бубинед, як мавриди силл дар ин чо ва мавриди дигаре дар чойи дигар сабт шуда, аммо ин мухимм нест, мухимм он аст, ки чаро ин бемори аслан вучуд дорад ва шумо чи метавонед кунед, ки аз мавориди дигари он чилавгири шавад.

Ин як системи бисёр хушмандона аст, хушмандона ба маънии инлисии калима, яъне дарки дуруст, тахлил ва амал кардан. Дуруст аст, ки Точикистон чунин системе надорад, вале мутаасифона хатто дар СЧБ барои мо душвор аст кишвархоро водор кунем, ки чунин системе ба рох андозанд, зеро мо хануз намуна ё мудели дурусте барои он надорем.

Исфандиёр: Шояд васоили муассири фишор бар давлатхо надоред, ки онхоро ба анчоми ислохоти бехдошти водор кунед?

Марк Данзон: Бале, аммо ин ки ман ба Би-би-си мегуям, олитарин василаи фишор аст. Шумо метавонед аз рохи конун фишор биёред ва боз метавонед аз рохи садо баланд кардан. Давлат медонад, ки ман ба расонахо мегуям ва ба мачмаъи умуми мегуям ва ман васоили хубе барои гуфтани он чи мехохам, дар ихтиёр дорам. Албатта дар бораи ичрои он чи ман ба онхо пешниход мекунам, чандон мутмаъин нестам, аммо дар ин ки онхо метавонанд вазъиятро бехтар аз ин кунанд, оре, ман мутмаин хастам.

дорухо
Ба гуфтаи Марк Данзон бештари бемористонхои Точикистон дору ва тачхизоти пизишки надоранд

Исфандиёр: Шояд хамин надоштани васоили муассири фишор бар давлатхост, ки СЧБ наметавонад хеч кореро барои дастёби ба тахаввул ва ислохот дар кишвархои узв, бавижа кишвархои факире монанди Точикистон анчом бидихад?

Марк Данзон: Метавонед бигуед, ки Шумо барои ин чи далел доред?

Исфандиёр: Худатон хамин холо гуфтед, ки наметавонед коре анчом дихед ва хамин вазъ дар хамаи кишвархо вучуд дорад?

Марк Данзон: Ман харгиз намегуям, ки наметавонем коре анчом бидихем, ман мегуям, ки анчоми ин корхо душвор аст.

Исфандиёр: Оре,....

Марк Данзон: Зеро бехдошт худ як масъалаи душвор аст. Аз ин ру ман харгиз нагуфтаам, ки ман наметавонам коре кунам, на, на, ман хамеша метавонам коре кунам, хатто бо рохи фишор, аммо шумо медонед, ки тагйири системи бехдошт багоят душвор аст? Дар кишвархои мухталиф ин кор аз лихози фарханги душвор аст.

Тасаввур кунед, ки шумо як бемор хастед, агар ман тавсия кунам, ки бояд бемористонхоро бубандем, дар зиндагии рузмарра шумо албатта хохед гуфт, ки ин хуб нест, онхо хуб нестанд, кори баде мекунанд. Пизишкон дуст надоранд, вакте шумо дар систем даст мезанед.

Вакте ман мегуям, ки мо бехтарин корхоро хохем кард, оре, ин мумкин аст, аммо душвор аст. Дар зиндаги хама чиз душвор аст. Тасаввур кунед, агар шумо мехохед Би-би-си-ро ислох кунед, шумо хам мушкил хохед дошт, рузноманигорон конеъ нахоханд буд. Ба ин тартиб, системи бехдошт низ монанди хар системи дигарест – интикод кардан осон ва тагйир додани он душвор аст.

Исфандиёр: Вале Шумо мутмаинед, ки тархи ислохоте, ки шумо ба давлати Точикистон пешниход мекунед, яъне ислохоти ниходхои бехдошти, дарвокеъ муассир хохад буд ва то чи андоза?

Марк Данзон: Ба назари ман, ин сад дарсад вобаста аст ба ирода ва хохиши давлат, ки мехохад системи бехдоштияшро ислох кунад ва бехтар намояд. Комилан, чунончи ман дар сухбат бо вазири бехдошт низ гуфтам, ин ман нестам, ки зимоми кишварро дар даст дорам, ман метавонам танхо тавсия бидихам, вале ин кори шумост.

Эхсоси ман, дар хар сурат шояд ман иштибох кунам, ин аст, ки раиси чумхури дакикан аз вазъи мавчуд конеъ нест, вай мехохад кори бехтаре анчом бидихад то системи бехдоштии бехтаре дошта бошад. Ончи мо метавонем кунем, тавсия ва кумак кардан ба уст.

Марк Данзон
Окои Данзон мегуяд шаффофият дар системи бехдошт бисёр мухимм аст

Кабл аз хама, шумо аз дастовардхо сарфи назар мекунед, ман мутмаинам, ки пешрафтхое хаст, вале чун мо василае надорем, ки мизони пешрафтро баркашад, чизе намедонем. Аммо мутмаинам, ки дах сол пеш системи бехдошти Точикистон он гуна ки холо хаст, хуб набуд ва ман ин мавзуъро бо президент матрах кардам.

Пешрафтхои кучаке хастанд, шумо метавонед маъюс бошед, ки пешрафтхои бузурге нест, аммо наметавонед бигуед, ки хеч коре анчом нашудааст. Бовар кунед, агар мо амикан нигох кунем, масалан тибки мушохидоти ман, мутахассисони арсаи бехдошт хубанд, дуруст аст, ки бояд омузиши бештаре бубинанд, вале дар мачмуъ хуб хастанд.

Ман дидам, ки бархе аз таъсисоти бехдошти вазъияти баде доранд, вазъи бехдошти равони аслан хуб набуд, бемористонхои нохияи дар холи хозир дору надоранд. Аммо дуруст аст, онхо хуб нигахдори мешаванд, метавонист бехтар бошад, агар онхо тачхизоти изофи медоштанд.

Ман маркази сухтадармониро хам дидам, албатта батафсил надидам, вале онхо дар вазъи фавкулъода мусибатборе карор надоранд. Мардум бисёр чарохат бардоштаанд, оре теъдоди беморон афзудааст.

Ба ин тартиб, хама кас хама гуна системро махкум мекунад, бовар кунед, ман дар хеч кишваре надидаам, ки мардум гуянд, ки мо системи бехдоштии бехтаре дорем. Хатто дар кишвархои пешрафта, онхо хамеша мегуянд, ки кишвари хамсоя бехтар аст. Вале чун ба кишвари хамсоя меравам, онхо мегуянд, ки хамсояи кабли бехтар аст.

Исфандиёр: Шояд шумо дуруст мегуед, аммо ин понздахумин сол аст, ки Точикистон кишваре мустакилл аст, вале бештари таъсисоти бехдошти, монанди бемористонхо ва марокизи бехдошти дар замони Шурави сохта шуда буданд. Мо то хол такрибан хеч сохтмони наве барои бемористонхо надорем. Гузашта аз ин, харчанд барномахои мухталифи ислохоти ба ичро расидаанд, вале то кунун такрибан хеч бемористони хусуси дар Точикистон фаъол нашудааст.

бемористон
"Факр омили бисёре аз беморисхост"

Марк Данзон: Медонед, хусуси будан кайфиятро тазмин намекунад, ин навъе афсона аст. Бовар кунед, ман пеш аз хама тавсия медихам, ки дигар бинохои нав насозанд. Сохтмон бемористонро намесозад, кайфият ва сифати кори пизишкону парасторон ва азхудгузаштагии онхост, ки месозад.

Аммо агар аз ман бипурсанд, ман мегуям, ки лутфан бинохои нав насозед, бархе аз кухнахоро вайрон кунед. Ин як ва дувум, ин бастаги дорад ба гузиниши идеулужик. Барои ман тафовуте миёни хусуси ва давлати нест, то чое ки он дар хидмати хамаи мардум бошад. Зеро вакте шумо мегуед «хусуси», фикр мекунед, ки он навъе бихишт аст, вале хусусисози албатта бихишт нест.

Исфандиёр: Аммо вокеъият ин аст, ки харчанд системи бехдошт комилан давлатист, аммо фасоди густарда дар ин систем ба мушохида мерасад. Мардум ба пизишкон пул медиханд, харчанд системи пардохти давлати вучуд надорад, вале ба хар хол пул медиханд ва ин падидае густарда аст.

Бештари мутахассисон хам дониш ва тахассуси кофи надоранд. Хатто мо бо мушкилоти дигаре, чун махаллгаройи дар системи кодри мувочех хастем. Мутахассисони хуб кишварро тарк карда ва дар бештари маворид афроди ношоистае чойи онхоро гирифтаанд, танхо ба ин хотир ки онхо аз хамон минтакае хастанд, ки макомот бархостаанд. Фикр намекунед сиёсати кодри низ дар вазъи мавчуд муассир буда бошад?

Марк Данзон: Бубинед, ин бовари шахсии шумост ва агар фикр мекунед дуруст аст, бояд дар баробари он амал кунед. Ман наметавонам он чи шумо мегуед, таъйид кунам. Шояд ин вазъ дар бисёре аз кишвархои чахон вучуд дорад. Ин албатта заъфи хеле бузург аст ва агар шумо шахрванди ин кишвар хастед, метавонед дар ин замина амал кунед, ман наметавонам, ман танхо метавонам тавсия бидихам.

Омрико
Тавзеъи кумакхои башардустонаи Омрико

Агар дарвокеъ фасод вучуд дорад, чойи тассуф аст, фасод барои системи бехдошт хуб нест, «пул аз зери миз» барои системи бехдошт хуб нест. Шумо наметавонед бар мавориди «пул аз зери миз» назорат кунед. Аммо ин то андозае дар салохияти созмонхои байналмилали нест, агар иродае сиёси вучуд надошта бошад.

Мо дар ин бора хуназ сухбат накардаем, албатта ман ин мавзуъро бо вазири бехдошт дар миён мегузорам ва мутмаинам, ки ба ман посух хохад гуфт.

Вале ин ки пизишкон тарки кишвар мекунанду ба хорича мераванд, як мушкили бисёр бузург аст, харчанд танхо пизишкон нестанд, ки мухочират мекунанд, мардуми зиёде бо сели бузурге аз мухочират ба хорича мераванд. Мо ин мавзуъро бо макомот ва раиси чухури барраси кардем. Агар мушкили бузургтаре вучуд дорад, ба назари ман матбуъот бояд бипурсад, ман аз чониби худам хохам пурсид.

Дар мавриди фасод ман пурсиш накардаам, аммо агар фасод вучуд дорад... Бубинед, ман як дидоргари хоричи хастам, хама чизро ба ман нишон намедиханд. Чизхоеро ба ман нишон медиханд, ки худашон мехоханд, вале ман барои казоват кардан хамеша имкон дорам. Чун ман дар мавриди таъсисоти бехдошти казоват мекунам, ба шумо мегуям, ки чи дидам ва ташхиси он чист.

Дар бораи масоили дигар, ман метавонам каме фаротар биравам. Ман бояд каме бо вазири бехдошт сухбат кунам ва ба у хохам гуфт, ки як рузноманигор хаст, ки мегуяд дар системи бехдошти Точикистон фасод хаст. Албатта ман номи шуморо нахохам гуфт.

Вале дуруст, бисёр кишвархое хастанд, ки ин мушкилро доранд. Масалан ман дар Киргизистон будам ва дидам. Ончо хам аз ин харфхо хаст, ки «то пулро зери миз нагузори начунб». Ман кушиш мекунам бифахмам, ки оё мо дар ин чо бо хамин вазъ рубару хастем ё хайр. Ва фардо ба шумо посух хохам гуфт.

Бо вучуди фукдони системи пардохти давлати муъоличаи ройгон роич нест

Исфандиёр: Як мушкили дигар ин аст, ки бештари мардум бар ин боваранд, ки дидорхои намояндагони хоричи, масалан масъулони созмонхои байналмилали дар халли масоил ва мушкилоти онхо, бавижа дар бахши бехдошт хеч таъсире намегузорад, зеро ба онхо маъмулан чойхои бехтареро нишон медиханд. Онхо чойхои осебпазир ва чойхоеро, ки дарвокеъ душвор аст, наметавонанд бубинанд. Масалан Шумо, оё шахсан дар хеч як аз рустохои кухистонии Точикистон будед?

Марк Данзон: Ман фардо албатта ба он чойхо хохам рафт, аммо мо метавонем бигуем, ки рузноманигорон дар хабаррасони чандон хунаре надоранд, зеро ман бояд ин чизхоро ба иттилоъи шумо бирасонам? Умедворам, шумо худатон низ ба он чохо биравед.

Ман такозои дидани чойхои мухталифе кардам, албатта ман хам сода нестам, медонам, ки вакте ба як кишвар меравам, ба ман танхо чойхои бехтаринро нишон медиханд. Аммо ман ба таври кофи хушмандам ва тачруба хам дорам, ки метавонам аз чойхои дигаре хам дидан кунам.

Хуб, фардо ман дархост мекунам ба рустое кухистони биравам, ки солхои зиёде пештар аз ин рафта будам. Маро хеч кас аз ин кор бознамедорад, аммо шумо дуруст мегуед, онхо, ки хакикатро ба шумо намегуянд, чигуна ба ман бигуянд? Хуб, мо дар хамон як вазъият карор дорем ва ман ба хамон андоза хушмандам, ки шумо хастед, меравам ва казовати худро мекунам.

Исфандиёр: Дуруст, аммо ин метавонад то хадде дар нахваи казоват ва арзёбии шумо таъсир гузорад, на?

Марк Данзон: Оре, дуруст.

Исфандиёр: Ва шумо мумкин аст биравед ва бигуед, ки пешрафтхое дар системи бехдошти Точикистон вучуд дорад, дар холе ки чунин нест?

бемор
Бештари бемористонхои Точикистон дар замони Шурави сохта шудаанд

Марк Данзон: Оре, аммо... ин эътикоди шумост, лутфан ба ман шавохиде биёред, ки шумо хакк хастед. Шумо чи гуна месанчед? Оё Шумо системи бехдоштро санчиш ё андозагири кардаед?

Исфандиёр: Бубинед, масалан минтакае хаст дар нохияи Восеъ, дар чануб, ки шуморе аз мардум дар бархе аз рустохо дар тули 30 соли гузашта ё бештар аз он ба вируси силл мубтало шудаанд. Наздики сад ё бештар аз он дар асари ибтило ба силл дар ин минтака тайи солхои зиёде ба таври мудовим фавт кардаанд. Ва мардуми махалли ин минтакаро «водии марг» меноманд, шумо ончо будед?

Марк Данзон: На.

(Хамкорони махаллии окои Данзон гуфтанд, ки барномахоеро барои кумак ба мардуми силлзадаи Восеъ руйи даст гирифтаанд ва мутолеъаи махалл идома дорад)

Исфандиёр: Созмони Чахонии Бехдошт дар кишвархои факире мисли Точикистон барои халли мушкилоти аввалияи бехдошти чи метавонад кунад? Дар кишвархое, ки шаффофият дар системи бехдошт вучуд надорад, монанди кишвархои Осиёи Миёна, ки дар бештари онхо аслан шаффофият нест?

Марк Данзон: Бубинед, шумо казовати бисёр берахмона мекунед, ба шеваи маъмулии рузноманигори. Шумо посухро кабл аз суол медонед ва кулли дунёро сабак медихед. Оре, шумо чунин мекунед! Ман нисбат ба коре, ки мекунам, конеъам. Оре, ман аз ончи Шумо мекунед, ошуфта намешавам. Ман хам метавонам нисбат ба кори Шумо хамон гуна рафтор кунам, ки шумо нисбат ба пешаи ман мекунед.

Исфандиёр: Мавзуъи дигар марбут мешавад ба тавзеъи кумакхои башардустона. Бисёре аз созмонхои байналмилали, монанди СЧБ ва гайра, барномахои башардустонае дар Точикистон ба ичро мерасонанд ва кумакхои инсони ироа мекунанд, вале мардум нигаронанд, ки ин кумакхо ба таври муассир ва одилона тавзеъ намешаванд?

Марк Данзон: Яъне Шумо фикр мекунед, ки мо танхо ба мардуми тавонгар медихем ва аз бечорагон сарфи назар мекунем?

Исфандиёр: Оре, бархе аз мардум бар ин боваранд, ки бештари кумакхои башардустона дар бархе маворид дар бозорхо фурухта мешаванд.

пизишк
Сармо ва бухрони энержи авокиби бехдошти ба хамрох дорад

Марк Данзон: Ман инкор намекунам, ки барои мо пайгирии ин мавзуъ душвор аст, аммо бубинед, мо хам сода нестем, мо хам хатталимкон кушиш мекунем бисанчем ва бештари авкот созмонхое монанди Сандуки Чахони аз мо химоят мекунанд, то мо тахкик кунем, ки кумакхои башардустона то чи хадд ба таври муассир тавзеъ мешаванд.

Агар шумо битавонед ба ман як мавриди дакикеро мисол биёред, ки дорухо дар бозор фурухта шудаанд, хуб, вале агар шумо танхо мегуед, ки мардум гуфтанд, ин хануз вокеъият нест, шоеъа аст. Ва ман наметавонам коре кунам, чун ин танхо шоеъа аст. То чое ки ман медонам, сармоягузорие, ки аз суйи СЧБ дар бахши бехдошт мешавад ва ман масъули он хастам, дар чойхои дуруст хазина мешавад.

Исфандиёр: На, ман ба таври кулли мегуям, бисёре аз кишвархо ва созмонхои имдодгар кумакхои башардустона ироа медиханд.

Марк Данзон: Шумо албатта дуруст мегуед, оре, дуруст мегуед. Аммо пеш аз гуфтан бояд андеша кард. Дар зиндаги хамеша бояд аз муъодилаи 80 бар 20 кор гирифт. Агар шумо ба ман бигуед, ки 80 дарсади кумакхои байналмилали ба чойи дуруст меравад ва 20 дарсад намеравад, ман хохам гуфт, ки оре, ин бад аст ва ман хатталимкон кушиш мекунам, ки он 20 дарсадро низ баргардонам, вале ин бисёр душвор аст.

Аммо агар шумо ба ман бигуед, ки 80 дарсад ба бероха меравад ва танхо 20 дарсад ба максад мерасад, пас ин дарвокеъ расвоист. Вале мутаасифона, ба хамон андоза, ки мо намедонем, шумо хам намедонед. Мо хатталимкон кушиш мекунем бар сахми худ назорат кунем, вале Шумо медонед, ки бо ин суханон чи хатаре эчод мекунед?

Ба назари ман, Шумо далоили кофи надоред ва ёригаронро водор мекунед, ки камтар ва камтар ба кумак омода шаванд. Хуб, шумо масъули кори худ хастед ва ман масъули кори худам. Вале ин суханон хеле хатарнок аст, магар ин ки шумо далели кофи дошта бошед ва мо эътироф кунем, ки чунин расвои вучуд дорад.

Холо ман меравам назди имдодгар ва мегуям, ки медонед, Точикистон ба пул ниёз дорад. Нахустин вокуниш ин хохад буд, ки «оре, вале мо дар бораи ин кишвар зиёд чизхо шунидаем...». Дар натича дигар хеч гуна кумаке нахохад расид, шумо дар инзиво карор хохед гирифт ва мо хам барои он замоне, ки лоакал 80 дарсади кумакхо ба мардум мерасид, шеван хохем кард.

Мо вокеъан бояд арзёбии худро анчом дихем, шумо хам бояд кори худро кунед ва бубинед, ки дар кучо ин расвои вучуд дорад ва басарохат онро бигуед. Шумо намояндаи як расонаи бузург хастед, бояд онро бавузух бигуед. Мо аз чониби худ кушиш мекунем онро чуброн кунем, вале Шумо аз пеш набояд муболига кунед.

Ин албатта накши шумост, метавонед ин корро кунед, накши ман дидан аст, ки кори ман дуруст анчом шуда ё хайр. Ва ман мегуям, ки 80 дарсад барои ман хуб аст, албатта мехохам 100 дарсад бошад. Аммо дар сурате ки 20 дарсад бошад, ман эхсос мекунам, ки бояд аз шугли худ канор биравам.

Исфандиёр: Албатта, мо дар ин бора гохе авкот гузоришхое ироа медихем, вале мушкили асли боз бармегардад ба фукдони шаффофият дар бахши бехдошт.

Марк Данзон: Оре,

бемористон
Ёригарони хоричи дар гузашта ба бемористонхои Точикистон тачхизот кумак кардаанд

Исфандиёр: Пас бигуед, ки барномаи ислохоти шумо дар Точикистон аз чи карор аст? Шумо чи тавсияхои асоси ба макомот пешниход хохед кард?
Марк Данзон: Оре, фикр мекунам ин мавзуъ бештар дар ихотаи ман аст. Ман пешниход кардам, ки мо кабл аз хама вазъи мавчудро барраси кунем, зеро бухрони чори нишон дод, ки инчо ба эхтимолан марокизи бехдоштии зиёде хаст, ки хуб мучаххаз нашудаанд.

Мо бояд рахнамои кунем, ки давлат дар кучо сармоягузори кунад ва ин шомили сармояхои байналмилали хам мешавад. Дар холи хозир, ман фаротар аз ин намеравам, ман мехохам шахсан мутмаин бошам, то мо дакикан бидонем, ки кучо меравем ва дар арзёбие кутох. Чи микдор аз бемористонхо бояд нигох дошта шаванд, дар кучо нигох дошта шаванд, нахваи сармоягузори чигуна бошад.

Дувум, мутахассиони бехдошти чи омузишхое дидаанд, дар хамаи ин арсахо бояд тачдиди назар кард. Ман бештар аз ин наметавонам ваъда кунам. Мо, Созмони Чахонии Бехдошт, хамин холо дар бисёре аз бахшхо кор мекунем.

Ман мехохам вазъият дар чараёни бухрон ё баъд аз бухрон арзёби шавад, то бидонем, дар кучо сармоягузори кунем, ки муассиртар вокеъ шавад. Тавсияи ман ин аст, ки мо чиддан ва ба таври шаффоф дар системи бехдошт бознигари кунем ва агар ман мутмаин набошам, ки ин корро метавонем, пас хохам гуфт, ки на, мо наметавонем кумак кунем.

Исфандиёр: Вазъият бо Эч-ой-ви, ЭЙДЗ ва беморихои дигари мусри дар Точикистонро чигуна барраси мекунед?

Марк Данзон: Ман холо чизе дар ин бора гуфтан наметавонам, тими мо инчо кор мекунад, ман бештар масоили рахбари ва умури сиёсии созмонро ба ухда дорам.

Исфандиёр: Аммо хеч гуна кумаке дар ин замина дар назар гирифтаед?

Марк Данзон: Медонед, роххои мухталифи кумак ба як кишвар вучуд дорад. Шумо метавонед дар хар арсае кумак кунед, аз бехдошти равони то бехдошти дандони. Бехдоштро метавон ба азчои мухталифе таксим кард. Мо барномае дорем, ки хамаи ин арсахоро дар бар мегирад. Масалан тарххое бо химояти Сандуки Чахони дар умури Эйч-ой-ви ва ЭЙДЗ ва хамчунин масоили мухочират ба ичро мерасонем.

Бояд ба хамаи арсахои бехдошт кумак кард, аммо ин хама ба бехтар шудани системи бехдошти вобаста аст, ман ба ин имони комил дорам. Агар шумо дар бахши вируси эйч-ой-ви сармоя гузоред ва бемории силлро фаромуш кунед, шумо дар чилавгири аз эйч-ой-ви хам ба чое намерасед.

Бояд бо мардум кор кард, агар системи бехдошти натавонад бо мардум кор кунад ва доруи дурустеро ба ниёзмандон бидихад, хеч тархе фаъол нахохад шуд. Оре, мо ба беморони силл кумак мекунем, ба эйч-ой-ви кумак мекунем, мушкилоте дар бахши беморихои танаффуси хам хаст, оре, системи бехдошт дар вазъи бухрони карор дорад. Ичоза бидихед, ба шеваи хушмандонае тахкик кунем ва бубинем, ки чигуна дар чойи бехтаре ва бо бехтарин рахнамои сармоя гузорем.

пизишкон
Данзон: "Агар фасод дар системи бехдошт вучуд дорад, хеле бад аст"

Исфандиёр: Шумо шояд бидонед, ки дар Точикистон шуморе аз партовгоххои родиюоктив хастанд, бавижа дар шимоли кишвар ва дар нохияи Файзобод, дар чануб, ки зиндагии бисёре аз мардумро тахдид мекунанд. Оё СЧБ бо созмонхои дигар дар ин замина хамкори мекунад?

Марк Данзон: Ташаъшуъ масъалаест, ки мо дар бораи он дар хамаи кишвархо кор мекунем. Мо бо Ожонси Байналмилалии Энержии Атуми дар ин замина хамкори мекунем.

Исфандиёр: Шояд дуруст мекунед, чун мушкили ташаъушуъ ба мушкилоти бехдошти хам доман мезанад, на?

Марк Данзон: Бале, хамаи мушкилот авокиби бехдошти доранд.

Исфандиёр: Хатто факр,

Марк Данзон: Оре, ба назари ман, факр мушкили асоси барои бехдошт аст. Факр омили хамаи мушкилоти бехдоштист. Агар шумо вазъи хуби иктисоди доред, мушкили бехдоштии шумо шояд ба авомили ирси марбут бошад, вале мардуми факир тамоми умр мушкил доранд, гизои кофи намехуранд, хоби кофи намераванд, истирохати кофи надоранд, аз ин ру, мо бояд бисёр мувозиб бошем.

Факр дар нихоят ба хама гуна мушкилоти бехдошти доман мезанад. Ва агар шумо бехдошти равониро шомил кунед, пас тамоми зиндаги дар хатар аст. Ба ин далел мо дар хамаи арсахо кор мекунем. Шумо шояд фикр кунед, ки мо неруи кофи надорем, дигарон мегуянд, ки мо дар хамаи арсахо кор мекунем. Пас мо ба эхтимоли зиёд дар пайрохаи хубе карор дорем.

Исфандиёр: Харфи дигаре хам доред, ки бигуед? Шояд масоиле хаст, ки мо дар чараёни мусохиба ба он напардохтаем?

Марк Данзон: Ман фикр мекунам, вазъият бисёр душвор аст ва ин як хакикат аст. Шумо шояд аз ман таваккуъ доштед, ки аз давлат интикод кунам, ки кори хубе анчом намедихад. Аммо бубинед, дар авзоъи бухрони аввалин коре, ки бояд кард, хифзи чони мардум аст. Муттахам кардан осон аст ва рохи халл хам нест.

Ман дар бораи ончи мехохам, дакик хастам, иттилоъот мехохам, барномаи рушан ва дакики хамкори миёни Точикистон ва СЧБ мехохам ва ман мехохам бо гузашти замон дар кори ман казоват шавад.

Феълан душвор аст, зеро як системи дурусти иттилоъоти вучуд надорад, хеч гуна арзёби сурат намегирад. Мешавад гуфт, ки на давлат ва на мо то кунун кори чандон дурахшоне накардаем. Вале ман шарт мекунам, ки дар ду соли оянда аз муваффакияти бузурге мужда хохам дод. Ва он замон агар Шумо ба ман бигуед, ки муваффак нашудаам, нахохам ранчид, зеро шугли худро хар ойина канор хохам гузошт.

Исфандиёр: Ташаккур барои сухбат.
Марк Данзон: Мамнун.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران