BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 14:42 گرينويچ - پنج شنبه 28 فوريه 2008 - 09 اسفند 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Интикод аз кумитаи родию телевизиюни Точикистон
 
Каршибоев, раиси Анчумани расонахои мустакили Точикистон
Окои Каршибоев мегуяд, тамоми мушкилоти ичозатномадихи ба раиси кумитаи родию ва телевизион марбут аст
Рузи панчшанбе, 28 феврал, дар хамоише дар шахри Душанбе аз фаъолияти кумисиюни чавози Кумитаи родиютелевизиюни Точикистон башиддат интикод шуда ва ширкаткунандагон ин ниходро монеъи асли дар рохи рушди фаъолияти родию ва телевизиюнхои мустакил дар кишвар хондаанд.

Ба гуфтаи онхо, дар холе ки ин кумисиюн аз фаъолияти озоди родиюхо ва телевизиюнхои мустакил монеъ мешавад, дар манотики марзии чануб ва шимоли Точикистон доираи пахши шабакахои родиютелевизиюнии кишвархои хамсоя густариш ёфтааст.

Хамоиш барои баррасии «Масоили ичрои кавонини марбут ба расонахо дар Точикистон» ба ибтикори Сандуки демукросии СММ, Маркази Созмони Амният ва Хамкории Урупо ва созмони ичтимоъии «Хома» баргузор шуд.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Мушкили дарёфти ичоза барои фаъолияти родиюхо ва телевизиюнхои мустакилл дар Точикистон аз мавзуъоти мехварии матруха дар ин нишаст буд.

Мусо Асозода, раиси созмони расонахои мустакили электрунии Точикистон гуфт, набуди родию ва телевизиюнхои мустакил дар манотики марзи сабаб шудааст, ки доираи пахши барномахои родиюи ва телевизионии кишвархои хамсоя дар ин манотик густариш ёбад.

Окои Асозода мегуяд кисми зиёди ахолии Точикистон аз дидану шунидани телевизиюн ва родиюи кишвар махруманд

Окои Асозода гуфт: «Кисми зиёди ахолии Точикистон телевизиюн ва родиюи кишварро тамошо ва шунида наметавонанд. Таъсири идеологияи хоричи руз аз руз бештар мешавад. Ба вижа родию ва телевизиюни Узбакистон кисмати бештари манотики марзиро пахш кардааст, ки албатта ин ба амнияти иттилоотии кишвар бетаъсир намемонад.»

Окои Асозода, ки худ низ узви кумисиюни чавози Кумитаи родию-телевизиюни Точикистон аст, аз фаъолияти ин ниход шадидан интикод кард ва гуфт, ки ин кумисиюн монеъи асли дар рохи рушди шабакахои родию-телевизиюни дар манотики мухталифи кишвар аст.

Он гуна ки дар ин хамоиш таъкид шуд, тайи ду соли ахир 5 шабакаи родиюии мустакил дар манотики чануб ва шарки Точикистон наметавонанд аз ин кумисиюн барои пахши барномахояшон ичоза бигиранд.

Ширкаткунандагон ин амрро ноши аз монополисм ё инхисоргароии Кумитаи родиютелевизиюни давлатии Точикистон ва бими ин кумита аз доштани ракибони зиёд ва солим дар арсаи иттилоърасонии кишвар арзёби карданд.

Афзун бар ин, Нуриддин Каршибоев, раиси Анчумани расонахои мустакили Точикистон, мушкили дарёфти ичоза барои фаъолияти шабакахои родиютелевизиюнии мустакиллро ба иродаи шахсии раиси Кумитаи родиютелевизиюн марбут медонад:

«Тамоми мушкилоти ичозатномадихи ба шахси Асадулло Рахмонов, раиси кумитаи родию ва телевизиюн марбут аст. Дар муддати панч соли ахир чандин нафар ичозатнома гирифтанд, вале пинхони. Кумиссиюн ба таври окшоро чаласа нагузарондааст. Имруз фаъолияти гайриканоатбахши кумиссиюн матрах аст.»

Аммо Самад Хикматов, муъовини раиси Кумитаи давлатии родию-телевизиюни Точикистон, ки хамзамон муъовинати раиси кумисиюни чавозро ба ухда дорад, ин идаъохоро радд мекунад:

 Агар Асадулло Рахмонов, дар баробари телевизиюни давлати телевизионхои мустакилро намехост, «Сафина» ва «Бахористон» -ро созмон намедод. «Сафина» комилан мустакил аст. Дар Душанбе низ Симои Мустакили Точикистон фаъол аст, ки касе ба он дахолат намекунад. Мо низ тарафдори телевизиюнхои мустакил хастем, аммо бояд дар чорчуби кавонини кишвар амал кунанд
 
Аммо Самад Хикматов, муъовини раиси Кумитаи давлатии родию-телевизиюни Точикистон

«Агар Асадулло Рахмонов, дар баробари телевизиюни давлати телевизиюнхои мустакилро намехост, «Сафина» ва «Бахористон» -ро созмон намедод. «Сафина» комилан мустакил аст. Дар Душанбе низ Симои Мустакили Точикистон фаъол аст, ки касе ба он дахолат намекунад. Мо низ тарафдори телевизионхои мустакил хастем, аммо бояд дар чорчуби кавонини кишвар амал кунанд.»

Бо таваччух ба вучуди мушкилот дар заминаи дарёфти ичоза барои фаъолияти родию-телевизиюнхои мустакилл, бештари ширкаткунандагони хамоиши имруз хостори таъсиси ниходе мустакилл аз кумитаи родию-телевизиюн шуданд.

Онхо мегуянд, ки агар дар кумита ё ниходи чадид намояндагони расонахо низ шомил бошанд ва он тахти назорати мустакими раиси чумхури фаъолият кунад, рохро барои густариши фаъолияти родиютелевизиюнхои мустакил дар Точикистон хамвор хохад шуд.

Тибки омори расми дар Точикистон 18 шабакаи родиютелевизиюнии мустакил вучуд дорад, ки бештари онхо дар вилояти Сугд, дар шимоли кишвар фаъолият мекунанд. Бо вучуди 2,5 милюн чамъият, ки голибан ба манобеъи хабари дастраси надоранд, дар устони Хатлон танхо як телевизиюни мустакил вучуд дорад ва ба гуфтаи масъулон, он хам ба далоили фанни ва моли ба таври муназзам фаъолият намекунад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران