BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 10:06 گرينويچ - چهارشنبه 27 فوريه 2008 - 08 اسفند 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Талафоти НОТУ, артиш ва толибон дар Афгонистон
 
Сарбозони НОТУ дар Афгонистон
Хушунатхо дар Афгонистон тайи ду соли ахир афзоиши камсобикае ёфтааст
Низомиёни паймони НОТУ мегуянд, ду тан аз сарбозони ин созмон, дар натичаи инфичори як бумб дар Афгонистон кушта шудаанд.

Ба гуфтаи НОТУ, ин сарбозон замоне ки дар холи гаштзании амнияти дар вилояти Пактико дар шарки Афгонистон буданд, хадафи инфичори як бумб карор гирифтанд.

Дар ин инфичор як сарбози дигар низ захми шудааст. НОТУ дар мавриди хуввияти ин сарбозон чузъиёте ироа накардааст.

Ин инфичор як руз пас аз он руй дод, ки инфичори мушобехе дар наздики шахри Хуст дар шарки Афгонистон, панч маъмури пулисро кушт.

Ин афрод хама аъзои як хонавода буданд.

Соири хушунатхо

Дар хамин хол, вазорати дифоъи Афгонистон аз кушта шудани хафт шуриши дар ду амалиёти чудогона дар вилояти Хилманд хабар додааст.

Яке аз ин даргирихо дар вулусволии Качаки ва дигаре дар вулусволии Навзод сурат гирифтааст.

Вазорати дифоъи Афгонистон хамчунин мегуяд дар натичаи як даргири дар вулусволии Майванди вилояти Кандахор, ду нафар аз сарбозони артиши Афгонистон кушта ва шаш сарбози дигар захми шуданд

Хушунатхо дар Афгонистон зарфи ду соли ахир афзоиши камсобикае доштааст.

Танхо дар соли гузашта, беш аз се хазор нафар дар хушунатхои Афгонистон кушта шуданд, ки бештари онон, нафароти вобаста ба толибон буданд.

Нигаронихо дар мавриди эхтимоли афзоиши хушунатхо дар Афгонистон дар остонаи фасли бахор ва гарм шудани хаво бештар шудааст.

 
 
مطالب مرتبط
یک سرباز دانمارکی در هلمند کشته شد
25 فوريه، 2008 | افغانستان
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران