|
Боздошти «омилони» хамалоти Кандахор
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Макомоти махалли дар Кандахор мегуянд, нух нафар ба иттихоми таррохи ва созмондихии хамалоти маргбори ахир дар ин вилоятро
боздошт кардаанд.
Асадуллох Холид, волии Кандахор дар як конфаронси хабари гуфт, ки ин афрод масъулони аслии хамалоти интихори дар мантакаи Кавкарон ва шахраки марзии Спин Булдак будаанд. Ин хамалот ки дар ду рузи пай дар пай сурат гирифт, мунчар ба кушта шудани беш аз саду панчох нафар шуд ва даххо нафари дигарро мачрух кард. Хамлаи нахуст дар наздики шахри Кандахор замоне сурат гирифт, ки даххо нафар машгули тамошои як мусобикаи сагчанг буданд. Дар ин хамла ба гуфтаи макомот, беш аз сад нафар кушта шуданд ва инфичори баъди, ки як руз баъд дар шахраки марзии Спин Булдак сурат гирифт, даххо нафари дигарро кушта ва захми кардаст. «Душманони сулх ва субот?» Агарчи соъате пас аз ин инфичорхо макомоти афгон толибонро масъул донистанд, аммо сухангуёни толибон масъулияти ин хамалотро бар ухда нагирифтанд. Окои Холид, волии Кандахор дар мавриди вобастагии афроде, ки ба иттихоми таррохии ин хамалот боздошт шудаанд, ба гурухи хосе ишора накард. Волии Кандахор аз ин афрод, ки хама шахрвандони афгон хастанд, танхо ба унвони «душманони сулху субот»-и Афгонистон ёд кард. Окои Холид хамчунин гуфт, ки фарде ба номи Саид Ахмад, ки зохиран рахбарии ин гурухро бар ухда дошта, дар миёни боздоштшудагон аст. Ба гуфтаи волии Кандахор, нерухои амнияти амалиёти чустучуиро барои ёфтани соири омилони ин хамалот идома медиханд. |
مطالب مرتبط
یک انفجار دیگر قندهار را تکان داد19 فوريه، 2008 | افغانستان
تلفات انفجار روز یکشنبه قندهار 'به صد تن رسید'18 فوريه، 2008 | افغانستان
یک انفجار دیگر در قندهار دهها تن را کشت18 فوريه، 2008 | افغانستان
واکنشهای جهانی به انفجار خونین قندهار 18 فوريه، 2008 | افغانستان
'هشتاد' نفر در حمله انتحاری قندهار کشته شدند 17 فوريه، 2008 | افغانستان
احتمال کمک فرانسه به کانادا در جنوب افغانستان 08 فوريه، 2008 | افغانستان
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||