BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 10:30 گرينويچ - چهارشنبه 20 فوريه 2008 - 01 اسفند 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Ёде аз Гулчехра Сулаймони, шоъири кудакон
 

 
 
Гулчехра Сулаймони
Гулчехра дунёи гулгуни кудаконро хубмедонист, андешахои ононро хуб дарк мекард, хангоми хондани шеъри худ гуиё ба кудаке табдил мешуд
Аввали январи соли равон Гулчехра Сулаймони (1928-2003), шоъири саршиноси кудакон дар Точикистон 80 сола шуд.

Дустон ва фарзандону хонандагони шеъри шоъир дар Иттиходияи нависандагони Точикистон гирди хам омада ва ин санаи муборакро чашн гирифтанд.

Аз осор ва рузгори Гулчехра Сулаймони ва хамсари шоъираш, Акобир Шарифи, ба кавли маъруф хандидаву гириста, киссахо гуфтанд, шеърхояшонро кироъат карданд.

Мегуянд то як нафар исми инсонеро дар ёд дошта бошад ва хар руз ба забон биёварад, у нахохад мурд. Хазорон хонандаи шеър хар руз номи Гулчехра Сулаймониро ба ёд меоранд, шеърашро мехонанд ва месароянд.

Рухи Гулчехра низ дар Бухоро, чисмаш дар мазори «Сари Осиё» дар Душанбе, дилаш дар хонаи ободаш, ки писари наккошаш, Сулаймон Шарифи, чарогдориаш мекунад, мондааст...

Гирди номи падар чи мегарди...

Гулчехра Сулаймони бо ному каломи падари машхураш Отахон Пайрав Сулаймони як умр ифтихор дошт, уро сидкан дуст медошт ва мепарастид, аммо хамчун хунарманди сохибсухан «гирди номи падар гардидан»-ро ба худ ичоза намедод, бо фармудаи шоъир мувофик буд:

?Гирди номи падар чи мегарди
!Падари хеш шав, агар марди

Гулчехра, ки хушбахтона ду умри падари чавонмаргашро ба сар бурд, дар шухрат аз киблагохи «руносераш» (яъне руяшро ба сери надида буд) пешдасти дошт.

Модар ва холахои Гулчехра Сулаймони
Модар, дар миёна, ва холахои Гулчехра Сулаймони дар либоси суннати, ки каблан дар Бухоро мепушиданд.

Ном ва осораш, китобхои назми ва насриаш дар даврони шурави натанхо дар чумхурии вакти Точикистон, балки дар саросари мамлакат маълум ва машхур буд.

Номи Гулчехра Сулаймониро дар махофили накди адаби дар сафи аввали шоъирони бачахо мегузоштанд.

Адабиёт, бавижа адабиёти бачахо дар даврони шурави аз имтиёзхои зиёде бархурдор буд ва адибони нозпарвараш сохиби иззату химмати давлат ва сохтор буданд.

Шумораи китобхои чопшуда барои бачахо ба милюнхо мерасид. Китобхои Гулчехра Сулаймони низ. Осори у ба забони руси ва аз тарики забони руси ба мардумони мухталифи дигар дар Иттиходи Шурави тарчума ва нашр мешуданд. Бархе аз ашъори шоир ба китобхои дарсии мадорис хам ворид шудааст.

Хидматаш дар адабиёт аз чониби давлат бахои сазовор гирифта буд. Аз миёни занони суханвар нахустин бор Гулчехра Сулаймони чоизаи давлатии ба номи Рудаки ва унвони «Шоираи халкии Точикистон»-ро сохиб шудааст.

«Духтараки додом»

Гулчехра харчанд барвакт аз дидори падар махрум шуд, дар чодаи шеър рухи киблагохаш рахнамояш буд. Дар радифи зодгораш (падараш) устоди дигаре низ дошт, ин устод мардуми шеърдуст ва шоиртабиати точик буд.

Ашъори Гулчехра тибки дарёфти камина ба таронахои бачагонаи мардуми бештар наздик аст. У хамчун зодаи шахри бузургу кадимии Бухоро шояд дар кудаки аз нанаи худ (Бухороихо ба модар нана мегуянд!) таронахои машхури бачагон «Олуча гули бодом» ва «Мусичаи бегунох»-ро шунида ва дар лавхи хотир хаккоки карда буд, ки аксари шеърхояш маншаъи ин таронахои содаи мардумиро дорад:

Отачон Пайрав Сулаймони
Гулчехра Сулаймони бо ному каломи падари машхураш Отачон Пайрав Сулаймони як умр ифтихор дошт, уро сидкан дуст медошт ва мепарастид

,Олуча гули бодом
,Ман духтараки додом

,Додом шишта чой нушад
.Ман чойрезаки додом

Ё худ:

,Мусичаи бегунох
.Руи сандали баро
,Нулата мучи кунам
!Думата кайчи кунам

Табиъи аст, ки хоху нохох шоири кудакони точик аз таъсири адабиёти кудаки шурави дар канор намондааст.

Накши каломи шоирои маъруфи рус, монанди Корней Чуковский, Самуил Маршак, Яков Аким ва барандаи чоизаи Ленин, Агня Барто дар шеъри Гулчехра Сулаймони чашмрас аст.

Аз адибе пурсиданд: «Асар барои кудак чи гуна бояд бошад? Гуфт: Аз хама бехтарин! Бехтарин асархои чахон хама бачагонаанд ва барои бачахо офарида шудаанд!» Хак ба чониби ин адиби гумном ва хакгу аст.

Гулчехра Сулаймони ин нуктаро хуб дарк мекард. Шеърро барои сухансози ва суханбози намегуфт. Шеър мегуфт, ки зиндагии кахрамононаш шеъргуна бошад.

Шеър мегуфт, ки бо сухани мавзун бачахоро ба дунёи зебои забони модари ошно созад. Кахрамонхояш хар кадом шахсияти хурдакаке аст, бо дарку фахмиш ва сухани кудаконаи хеш.

Шеъри ин шоири хушкалом шеъри эхтиром ба захмат, дустдории ватан, шеъри мехри хонавода, шеъри эхтиром ба бузургсолон ва азиз доштани волидон аст:

,Очам хамир мекунад
...Нони башир мекунад

Хар вакте у ин шеърро дар махфил бачахо кироъат мекард, хар кудаке хамон замон фатири бомаззаро, ки модарчонаш пухтааст, пеши назар оварда, ноаён оби дахонашро фуру мебарад.

Шеъри кудак осон нест

Гулчехра Сулаймони барои кудакон, бахусус барои кудакони синну соли мадраса ва андаке пойинтар, ки ба кавли олимон «панчох дарсади хулку атвор ва истеъдоди хешро дар хамин син сохиб мешаванд» асар меофарид.

Барои гушу хуши ин тоифа, ки ба кавли маъруф «шайтонро то лаби об ташна бурда ва ташна меоранд», сухани шунидани гуфтан душвор аст.

Пайрав Сулаймони бо фарзандонаш
Пайрав Сулаймони бо фарзандонаш Мунира ва Гулчехра

Алхак барои ин тоифа, ки дар рафтору гуфтор ва кирдор доди озодиро медиханд ва бо эчодкории хеш гохе хамаро дар хайрат мегузорад, шеър навиштан шугле сода нест.

Камтар суханваронро дар адабиёти навини точик метавон пайдо кард, ки барои кудакон монанди Гулчехра Сулаймони тавониста бошад, шеъри хуб бигуяд.

Чанд сол пеш дустони эрони аз адабиёти кудаки Точикистон шеъре хостанд барои барномаи мадрасахо.

Ман, ки аз завк ва саликаи шеършиносии эрони огохам ва худ медонам, ки адабиёти кудак чи маком ва махбубияте дар ватани шоирдуст ва шоирпараст дорад, ба андеша рафтам.

Тавсияи як шеъри хуб, ки ба китоби дарси ворид шавад ва ба кудаки эрони хуш ояд, масъулият мехост. Ва нахустин шеъре, ки ба ёдам омад «Бибичонам меояд!» аз Гулчехра Сулаймони буд.

Шеъри «Бибичонам меояд!»-ро он гох барои дустон тавсия кардам ва ба хости эшон онро кироат кардам:

,Бибичонам меояд
,Дилу чонам меояд
,Аз рохи дур меояд
.Базур базур меояд
,Бибим ояд мо хурсанд
.Кисахояш пури канд
,Мавизу магз меорад
.Чизхои нагз меорад
,Равам курпача орам
,Болишти ку гузорам
,Бибичона шинонам
.Хафа шудан намонам
,Бибим кони афсона
!Бибичонам ягона

Дар он махфил кудакон низ хузур доштанд. Бача дар хама чо бача аст: ростгу, бидуни таъоруф. Чун кироати шеър ба поён расид, нахуст бачахо кафкуби карданд. Дар он махфил кулли таърифу тахсине, ки бояст насиби муаллифи шеър буд, насиби ман шуд.

Шарху эзохи иборот ва вожахои номафхум «хафа шудан» - дилгир шудан ё ранчидан ва «курпача», ки дар Эрон тушак меноманд, низ барои махфил чолиб буд.

Вокеъан, чи зебо ва дилхоху дустдоштани аст бибичоне, ки меояд. Бибичони шоир бибичони хама бачахост. Бибичони халим, хушруй, хушгуй, хушбуй, кисахояш пури канд ва мавиз, чашмонаш пури мехру мехрубони...

Як наккоши чирадаст метавонад аз ин шеър як китоби пурмехри бибичон ва набераро наккоши кунад.

Лабханди мунолизои

Гулчехра шеърашро хуб ва таъсирбахш мехонд. Хангоми кироати шеър чехраи хамеша гамгинашро хушнудии шармгине фаро мегирифт, чашмони пурандешааш дурахш пайдо мекард, табассуме монанди лабханди Мунолизо сурати зебояшро фаро мегирифт.

Дунёи гулгуни кудаконро хуб медонист, андешахои ононро хуб дарк мекард, хангоми хондани шеъри худ гуё ба кудакон табдил мешуд.

Лола, хохари Гулчехра Сулаймони
Лола, хохари Гулчехра Сулаймони

У зебо буд, шеърро зебо мегуфт, шеъри зебо меофарид. Инсони зишт шеъри зебо гуфта наметавонад, на аз номи худ ва на аз номи кудакон.

Шеъри «Хохаракам»-и Гулчехра Сулаймони алхак намунаи бехтарин ва нозанини шеъри кудак аст:

,Гули анор, нагмаи тор
,Буйи бахор, хохаракам
,Аллаи шаб, хандаи лаб
!Хонаи гап, хохаракам

,Халка ба му, лола ба ру
!Гунча ба бу, хохаракам
,Дасти ба даст, турраи маст
!Чуйи башаст, хохаракам

,Мурги сахар, ширу шакар
!Ранги писар, хохаракам
,Нав пару бол, донаи хол
!Кони савол, хохаракам

Хангоми аз чониби муаллиф кироат шудани чакомаи хушранги «Тирамох» (Пойиз) пеши назар бахор бо рангхои зебо чилвагар мешуд:

,Куху камар зарнигор
,Теппаву чар зарнигор
,Дехаи хушбахри мо
.Пой ба сар зарнигор

,Лаклаки мо кучо рафт
.Чун абр дар хаво рафт
Бори дигар болашро
...Афшонда суйи мо, рафт

Гулчехра Сулаймони дар офаридани шеъри дилу эхсос ё ба кавле шеър барои бузургсолон хам хунарманд буд.

Охангсозон барои аксари шеърхои вай оханг сохтаанд, таронахояшро овозхонхои маъруф дар базму маъракахо мехонанд, ёдашро зинда медоранд.

Гули хушруйи бахори, гули зард

Дар даврони донишчуйии мо, дар пойни солхои шастуми мелодии карни гузашта китобчаи шоир бо номи «Наргис» нашр шуд ва базуди камёфт шуд. Ин китобчаи начандон калон даст ба дасти ошикон мегашт.

Пайрав Сулаймони
Пайрав Сулаймони хангоми кудаки дар халкаи хешовандонаш дар шахри Бухоро

Он гох аз ин китоб шеъреро аз бар кардам, ки то кунун хотирафрузи ман аст. Аз ин сурудаи содаи ошикона хеле хушам меояд. Шеъри «Гули зард»-ро дар махфили ошикон бо ишкномахои хеш якчо кироат мекунам:

,Гули хушруйи бахори, гули зард
,Ту худат буйи бахори, гули зард
,Аз ту ман гила надорам, гули зард
,Бевафо будааст ёрам, гули зард
..!Зард шуд руйи бахорам, гули зард

Гулчехра Сулаймони инсони хушдилу хушгил, захматкашу хоксор, дустпарасту оиладуст буд. Хонавода дар рузгори у накши кисматсозе дошт.

Инсонхо дар зиндаги ихтиёран ба ду гурух чудо мешаванд: курбоникунанда ва курбонишаванда. Гулчехра сулаймони ба гурухи дувум шомил буд: курбонии ихтиёри.

Фарзандонаш Наргису Суллаймон наккоширо касб карданд. Шахло омузгор аст. Хамсараш шоири маъруфи кудакон, Акобир Шарифи, баъд аз сари бонуи дилу манзилаш дере нагузашта ба диёри хомушон, ба канори хамсараш, мазои Сари Осиё рахти сафар баст. Манзили човидонаи охираташон нуробод бод!

Гулчехра, ин духтари фарзона ва хунарманди Бухоро, шахри кадими ва овозадори худро дуст медошт. Орзу дошт, ки оромгохаш дар Бухорои азизаш бошад, дар Бухорое, ки сухани ишку мехр ва ифтихорашро хамеша бар забон дошт.

Мутаассифона ба муродаш нарасид. Барои ба ватани ифтихораш, Бухоро, рафтан натанхо барои зиндааш, балки барои чанозааш низ визо мехост.

Гулчехра Сулаймони шеъри зиёд ва тулони нагуфтааст. Китоби зиёд низ надорад, аммо осоре, ки ба мерос гузоштааст, гаронбахо, хондани ва мондани аст.

Корномаи Гулчехра

Гулчехра Сулаймони аввали январи соли 1928 дар шахри Бухоро мутаваллид шуд. Донишгохи омузгории шахри Бухороро дар соли 1947 ба поён бурдааст.

Фаъолияти худро аз рузномаи мавсум ба «Пионери Точикистон» дар 1950 огоз карда ва сипас дар мачаллаи «Пионер» кор кард.

Яке аз шеърхои Пайрав Сулаймони, падари Гулчехра Сулаймони

Дар солхои 1954 то 1970 дар интишороти давлатии Точикистон, сипас хафт сол дар мачаллаи «Садои Шарк» ва интишороти «Маъориф» ва аз соли 1977 то 1984 дар мачаллаи «Занони Точикистон» кор кард.

Мачмуъаи ашъори у бо номхои «Имруз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «аспак» (1971), «Чил кокули бозигар» (1972), «Себи хубон» (1974), «Шаддаи марчон» (1977), «Рангинкамон» (1979), «Айёми гули лола» (1982) ва гайра чоп шудаанд.

Бисёре аз ашъори Гулчехра сулаймони, аз чумла мачмуъахои «офтоби зарин» (1968), «Борон» (1970), «Илхом» (1970), «Нихол» (1978), «Гули сахро» (1980) ба забони руси ва махмуъахои «Чилхохарон» (1974) ба забони укроини, «чархи фалак» (1975) ба забони малдови ва «Лолахои Помир» (1977) ба забони узбаки нашр шудаанд.

Вай ашъоре аз шоирони рус ва мардумони дигари шурави, аз чумла Агня Борто, Мария Малтисова, Сергей Михалков, Вера Энбар, Чамбул Чамбаев, Силва Капуикян ва гайра ба форсии точики тарчума кардааст.

Гулчехра Сулаймони дар соли 1977 чоизаи давлатии Рудаки ва дар соли 1988 унвони «Шоираи мардумии Точикистон»-ро гирифт. Аз соли 1957 узви хиби кумунисти Иттиходи Шурави будааст.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران