BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 17:27 گرينويچ - چهارشنبه 24 اکتبر 2007 - 02 آبان 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Интикоди Шурои адлия аз тархи конуни дин
 
Макомоти Шурои адлия ё додгустарии Точикистон рузи чахоршанбе, 24 октябр, дар як нишасти хабари дар шахри Душанбе хабархои мабни бар ироаи пешнависи конуни бахсбарангези «Озодии вичдон ва ташкилотхои дини» барои барраси ба порлумони ин кишварро радд карданд.

Ба гуфтаи Шермухаммад Шохиён, раиси ин шуро, бархе аз маводди конуни чадид, аз чумла мамнуъ эълом шудани фаъолияти ахзобу созмонхои мазхаби дар Точикистон бо конуни асоси ва кавонини дигари ин кишвар мугойират доштааст.

Окои Шохиён афзуд: «Конуни асосии Точикистон дар минтакаи Осиёи Маркази танхо конунест, ки фаъолияти ахзоби мазхабиро ичоза додааст. Меъёри конуни асоси барои хамагон хатмист. Хамчунин, фаъолияти ахзоби сиёсиро конуни ахзоби сиёси танзим мекунад. Муфодди ин конун бояд риъоят шавад. Ба андешаи ман, танхо дар чорчуби конуни «Озодии вичдон ва ташкилотхои дини» махдуд сохтани фаъолияти ахзоби мазхаби мувофики максад нест».

Окои Шохиён гуфт, ки ба ин далел давлати Точикистон тасмим гирифтааст муддати баррасии мафодди пешнависи конуни «Озодии вичдон ва ташкилотхои дини»-ро то ду мохи дигар тамдид кунад.

Дар хамин хол, банди марбут ба манъи фаъолияти ахзобу созмонхои мазхаби дар пешнависи ин конун макомоти хизби нахзати исломиро шадидан нигарон кардааст.

Вохидхон Косиддинов, раиси дафтари хизби нахзати исломи гуфт, ки ин хизб тархи чудогонае аз конуни «Озодии вичдон ва ташкилотхои дини» тахия карда ва дар садад аст аз тарики Мухиддин Кабири, намояндаи хизби нахзати исломи дар порлумони Точикистон ин санадро барои барраси ба порлумон ироа кунад.

Окои Косиддинов гуфт: «Тархи конуни мо аз тархи конуни чадиди давлати Точикистон аз чанд чихат тафовут дорад. Умдатаринаш ин ки дар пешнависи конуни расми ахзоби сиёси наметавонанд дар заминаи мазхаб таъсис шаванд, дар конуни мо ин нукта вучуд надорад. Хамчунин, дар заминаи теъдоди намозгузорон барои сабти номи масочид ва омузиши мазхабии кудакон бо ичозаи волидон тафовутхое ба мушохида мерасад».

Дар хамин хол, масъулони Шурои адлия ё додгустарии Точикистон зимни ибрози нигарони аз густариши доманаи фаъолияти ахзобу равияхои гайриконуни дар Точикистон гуфтанд, ки ахиран давлат «Барномаи мубориза алайхи чиноёт дар солхои 2008 то 2015»-ро тахия кардааст.

Гуфта мешавад чустучуйи роххои муборизаи муассир бо чароими мухталиф, аз чумла созмону равияхои тундрави мазхаби ва сангинтар шудани мучозот барои иртикоби чароими дорои ангезахои мазхаби аз нукоти умдаи ин санад махсуб мешавад.

Ин макомот таъкид карданд, дар холе ки мактаби «Салафия» дар радифи Хизб-ут-тахрир, гурухи «Байъат» ва «Ваххобия» аз суйи ниходхои интизомии Точикистон фиркахои тундрав арзёби мешавад, вале то хол аз чониби аъзои ин фирка мавориди иртикоби аъмоли гайриконуни ё даъват ба сарнагунии низоми феъли сабт нашудааст.

Гуфта мешавад ин фирка аз мазхаби фикхи «Ханафия», ки дар Осиёи Миёна таърихан нуфуз дорад, танхо бо нахваи адои намоз ва ибодат тафовут доштааст, ки ин амр дар кавонини Точикистон чурм махсуб намешавад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران