BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 17:02 گرينويچ - سه شنبه 09 اکتبر 2007 - 17 مهر 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Огози мухокимаи се хабарнигори точик
 
Саида Курбонова, Фарангис Набиева ва Мухайё Нозимова
Саида Курбонова, Фарангис Набиева ва Мухайё Нозимова ба тавхин, бадгуфтори ва мудохила дар зиндагии хусусии як овозхони чавон муттахам шудаанд.
Додгохе дар шахри Душанбе, пойтахти Точикистон, рузи сешанбе, 9 октябр, мухокимаи парвандаи чинои алайхи се хабарнигори точикро бидуни ширкати шокии ин парванда огоз кардааст.

Саида Курбонова, сардабири пешини нашрияи мустакилли «Овоза», Мухайё Нозимова ва Фарангис Набиева, ду тан аз хабарнигорони собики ин нашрия ба тухмат, бадгуфтори ва мудохила дар зиндагии хусусии Райхона Рахимова, овозхони точик мутаххам шудаанд.

Акбар Сафаров, козии додгохи нохияи Фирдавсии шахри Душанбе, дар холе ба баррасии парвандаи чиноии ин се хабарнигор шуруъ кард, ки толори мухокима пур аз кормандони расонахои дохили ва хоричи буд.

Аммо Райхона Рахимова, овозхон ва шокии ин парванда дар огози мухокима хузур надошт. Пас аз як соъати таваккуф дар раванди мухокима Баходур Исматзода, намояндаи хонум Рахимова дар толори мухокима хузур ёфт.

Бо ин хол, додситон ва вакили мудофеъи хабарнигорон бо таваччух ба чанбаи хусусии парванда хостори хузури Райхона Рахимова дар раванди мухокима шуданд. Ба ин далел кози идомаи баррасии парвандаро ба фардо мавкуф гузошт.

Сонсур ва ихонат

Баходур Исматзода, намояндаи хонум Рахимова, иллати таъхири худ дар ширкат дар чаласаи додгох ва гайбати мувакиллашро чунин шарх дод: «Ман шахсан имруз, яъне 30 дакика кабл хабардор шудам, ки мухокимаи парвандаи чинои алайхи Саида Курбонова, Мухайё Нозимова ва Фарангис Набиева, хабарнигорони нашрияи «Овоза», дар додгохи нохияи Фирдавси шуруъ шудааст. Бо хонум Райхона дар тамос будам ва у низ дертар хабардор шудааст ва ба далели кори очил ва кобили узр натавонистанд имруз дар чаласаи додгох ширкат кунанд».

Баходур Исматзода
Ба гуфтаи окои Исматзода хабарнигорон бо нашри матлабе тавхиномез ба шаъну эътибори муваккили вай латма ворид кардаанд.

Окои Исматзода таъкид кард, ки вай ва мувакиллаш ба расидаги ба ин казия алокаманд хастанд ва у талош хохад кард то аз хукуки конунии хонум Рахимова дифоъ кунад. Ба гуфтаи вай хабарнигорони хафтаномаи «Овоза» бо нашри матлабе тавхиномез ба шаъну эътибори муваккили у латма ворид кардаанд.

Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеъи Саида Курбонова, Мухайё Нозимова ва Фарангис Набиева, хабарнигорони собики нашрияи «Овоза», ки холо дар Маркази тахкикоти рузноманигори фаъолият мекунанд, муътакид аст, ки парвандаи чинои алайхи ин се хабарнигор бепоя ва гайриконуни аст.

Вай аз чумла гуфт: «Бар асоси моддаи севуми конуни асосии Точикистон сонсури давлати ва таъкиб ба хотири танкид манъ аст. Хабарнигорон дар матлаби хеш аз фаъолияти хирфаии Райхона Рахимова интикод кардаанд, на аз хаёти шахсии у. Дар ин матлаб дар мавриди зиндагии шахсии хонум Рахимова хеч иттилоъе дарч нашудааст».

Окои Иноятов афзуд: «Суханони норавое, ки дар ин матлаб ба кор рафта, аз як пойгохи интернети иктибос шудааст. Конун дар бораи матбуъот ва расонахои Точикистон ба хабарнигорон хакк дода, ки хабар дарёфт кунанд, аз он истифода ва иктибос кунанд. Аз ин ру, барои андешахои хонандагони интернет масъул донистани хабарнигорон бо конуни асоси ва санадхои байналмилали мугоир аст».

Хассосияти умуми

Пас ин суол матрах мешавад, ки оё мумкин аст овозхони чавоне, ки хануз чандон шинохта нест ва аз шухрати зиёде дар миёни тудахои мардум бархурдор нашудааст, аз кашидани се хабарнигор ба додгох ба чуз химоят аз шаъну шарафи худ ахдофи дигареро низ дунбол кунад?

Иноят Иноятов
Окои Иноятов парвандаи чинои алайхи се рузноманигорро бепоя хонда ва бо конуни асоси, ки сонсурро дар Точикистон мамнуъ карда, мугойир медонад.

Шухрат Курбонов, коршиноси масоили хукуки мегуяд: «Хонум Рахимова касд дорад аз ин рох бар рузноманигорон фишор оварад ва онхоро тарс бидихад, то онхо дигар аз хунармандон интикод накунанд».

Ин дар холест, ки хассосият ва норизоятии густардае нисбат ба шуморе аз овозхонхои чавони точик дар афкори умумии Точикистон падид омада ва нашрияхо бо чопи матолибе танзомез аз густариши охангхои ба навиштаи онхо «таклиди ва дорои мазомини хароб» ва хатто мавориди сиркати хунари дар миёни хунармандони чавон мукарраран интикод кардаанд.

Дар хамин хол, сохибназарон мегуянд бо таваччух ба ин ки Райхона Рахимова дар мархилаи огози баррасии шикояташ дар додгох хозир нашудааст, эхтимол меравад у низ аз ин казия нигарон бошад. Бо ин хол, карор аст фардо мухокимаи ин казия бо ширкати хонум Рахимова идома ёбад.

Зимнан, чопи матлабе бо номи «Райхона пи-пи-пи... Афгонистон» дар нашрияи «Овоза» дар авоили мохи июли соли чори боъис шуд, ки Райхона Рахимова, сарояндаи точик кормандони ин нашрияро ба додгох бикашад.

Додситонии шахри Душанбе он замон алайхи Саида Курбонова, Мухайё Нозимова ва Фарангис Набиева, хабарнигорони нашрияи «Овоза», парвандаи чинои боз карда буд ва мохе кабл онхоро оасман ба тухмат, тавхин ва мудохила дар зиндагии хусусии хонуми Рахимова муттахам кард.

Ин дар холест, ки бархе аз созмонхои дифоъ аз хукуки рузноманигорон дар Точикистон ва Русия бо пахши баёнияхое хостори лагви парвандаи чинои алайхи ин се хабарнигор шудаанд. Афзун бар ин, худи хамин хабарнигорон низ дар номае ба унвони раиси чумхурии Точикистон дархости кумак ба халли мунсифонаи ин казия кардаанд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران