BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 16:58 گرينويچ - دوشنبه 27 اوت 2007 - 05 شهریور 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Барномаи тафрехии точики, 26 август
 
Дурууууууууууууууууууууууууууууууууууд

ба якояки хаводорони барномаи тафрехии точики аз родиюи Би-би-си.

:Мухтавои барномаи имруз

,Сухбат бо Иброхими Исмоилзод, овозхони рушандил

,"Алиризои Кирмони ва сомонаи "Моху хур

,Омодагии Сирочиддин ба кунсерте тоза

.Гирдихамоии наккошон дар Бадахшон

Дар поёни барнома чанд оханги чадиди Сирочиддинро хохед шунид.

Сухбат бо Иброхими Исмоилзод

Дар барномаи ин хафта сухбате дорем бо Иброхими Исмоилзод, чавоне ки нобинои модарзод аст ва дар дил орзуи овозхон шудан доро дорад.

Иброхим пас аз поёни тахсил дар мадрасаи нобиноёни нохияи Хисор тахсилашро дар мадрасаи мусикии Ахмад Бобокули шахри Душанбе дар риштаи навозандагии акордион идома медихад ва дар баробари ин овозхони хам мекунад ва чанд охангашро низ сабт кардааст.

Иброхими Исмоилзод

Иброхим мегуяд: «Хануз аз овони кудаки мехри овозхон шудан дар дилам буд, агарчи худованд нури чашмамро гирифтааст, шукри он мекунам, ки истеъдоди овозхониро бароям ато намудааст.

Аз замоне ки дар мадрасаи нобиноёни нохияи Хисор тахсил мекардам, хамеша барномахои родиюи Би-би-си-ро гуш мекардам ва ба барномахои мусики, ки шумо (Зеваршо) тахия мекардед, хамеша занг мезадам ва таронахои дархостиамро пахш мекардед.

Иброхими Исмоилзод

Аз ин хотир пеш аз хама бо охангхои сабтнамудаи худ назди шумо омадам. Медонам, агар аз тарики барномахои шумо охангхои ман пахш шаванд, дустонам, ки бо ман барномахои шуморо мешуниданд, охангхои маро хоханд шунид».

Иброхим хамчунин мегуяд дар сабти таронахояш бо мушкилоте рубаруст ва бояд маблаги хангуфте дар истудиюхо барои сабти таронахояш бипардозад.

Ба гуфтаи вай дар сабти чанд охангаш ширкати «ОRА Intrnational» ба у кумак кардааст, ки аз ин ширкат хеле сипосгузор аст. Аз овозхонхои точик бо Содики Хол ва Зокир Рашиди хамкори мекунад.

"Алиризои Кирмони ва сомонаи "Моху хур

Батозаги дар шабакаи чахонии интернет сойти чадиде пайдо шуда бо номи «Моху хур». Дар сойти мазкур ашъори чанд тан аз шуъарои форсизабон гирдихам оварда шудааст.

Аксхо ва ашъори Муъмин Каноъат ва хонумон Гулрухсор ва Фарзонаи Хучандиро низ ончо пайдо кардам .

Алиризои Кирмони

Алиризои Кирмони сардабири сойти мазкур дар сухбат бо Би-би-би гуфт ки «дагдагаи ман солхост, ки забони форси будааст, хам риштаи тахсили донишгохии ман форси буда ва илова бар ин 29 сол, ки рузноманигораму хамчунин ба кори шеъру адаб мепардозам».

Алиризои Кирмони

Вай афзуд: «Ман бар он боварам, ки забони форси дар Эрон ва забони форсии дари дар Афгонистону забони форсии точики дар Точикистон метавонанд хеле ба хам кумак бикунанд ва шодобит забони порсиро дубора баргардонанд.

Алиризои Кирмони

Харсе аз ин забонхо, ки гуфтем, бо осебхое мувочех хастанд, хеле бо забонхои дигар махлут шудаанд. Ба андешаи ман агар шуъаро ва каламкашони се кишвари порсигу ашъорашонро дар канори хам карор бидиханд, ки хама имкони мутолеъа аз онро дошта бошанд, албата метавон ба ояндаи шеъре порси умедвор буд».

Сирочиддин дар мехмонии мо

Дар сухбати пешин, ки соли 2005 бо Сирочидин Фозилов доштем, омодаги мегирифт барои интишори олбуми чадидаш зери унвони «Набзи дил».

Имруз, ки ба дафтари бахши форсии родиюи Би-би-си дар Душанбе омад, боз хам шитобзада буд ва аз у суол кардам, ки кучо ачала дорад?

Вай гуфт: «Хеле бубахш Зеваршо, ки ман чанд руз аст, ваъда медихам, ки наздат меоям, аммо харчанд кушиш мекунам, боз хам бо коре банд мешаваму танхо шаб ёдам мерасад, ки бояд Би-би-си мерафтам. Хамин тур кавл медихам, ки субх хатман мерам, хануз аз хона берун нашуда боз занги телефон ва ман худро андармони корхои дигаре мебинам. Ба ин тартиб беш аз як хафта сипари шуд».

Сирочидин Фозилов

Зеваршо: «Охир, нагуфти ки ин хама ачала ба хотири чист?»
Сирочиддин: «Агар ёд доред, охирин кунсарти ман соли 2002 баргузор шуд ва то имруз ман барномаи алохидаи кунсертиамро баргузор накардаам».

Албатта соли 2005 пас аз муъаррифии олбуми «Набзи дил» дар накшахомон буд, ки як барномаи кунсерти барои хаводоронам баргузор кунам, аммо чун хамон шабу руз барномахои зиёди кунсерти ичро мешуданд, нахостам, ки барномаи ман низ яке аз он барномахое бошад, ки тамошочи аз онхо хаста шуда буд. Имруз эхсос мекунам, замоне шуда, ки панч сол мунтазираш будам».

Сирочидин Фозилов

Зеваршо: «Кай ва дар кучо ин барнома ичро хохад шуд?

Сирочиддин (бо табассум): «Хамеша орзу мекардам, ки дар толори «Кохи вахдат» барномае дошта бошам ва иншоллох дар таърихи 12 сентябр ин барнома ичро хохад шуд».

Зеваршо: «Чи охангхое дар барномаи чадидат ичро хоханд шуд?»

Сирочиддин: «Албатта махбубтарин охангхое, ки аз чониби хаводорон дархост мешаванд ва хамчунин шаш оханги чадид низ дар ин барнома хохад буд».

Хамоиши накошон дар Хоруг

Ин хафта шуморе аз наккошон аз Точикистон, Киргизистон, Узбекистон, Казокистон, Эрон, Фаронса ва Омрико ба ибтикори созмони мавсум ба «Тармимгарони бидуни марз» хамоише дар шахри Хоруг, маркази устони Бадахшон, баргузор карданд.

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон

Онхо пас аз сафари дахруза ба манотики мухталифи Бадахшон ва диду боздид аз манзарахои табиъати ин минтака офаридахои хунарии худро дар толорхои Донишгохи Осиёи Маркази ва теотри мусикии шахри Хоруг ба намоиш гузоштанд.

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон

Он гуна, ки Георгий Мамедов, як тан аз масъулони созмони гайридавлатии «Тармимгарони бидуни марз» мегуяд, ин барои нахустин бор аст, ки дар устони Бадахшони Точикистон намоиши густардаи офаридахои хунарии наккошони дохилию хоричи баргузор мешавад.

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон

Окои Мамедов афзуд: «Агар чунин фаъолиятхо бештар ва бо ширкати мардум анчом шаванд, таваччухи онхо ба хунар бештар чалб хохад шуд. Зиндагии инсон бидуни хунар маъни надорад. Инсон танхо бо нон зинда нест, ба гизои маънави хам ниёз дорад».

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон

Намоиши осори хунарии накошон дар Бадахшон бо химояти молии Сандуки Сурус ва Ожонси тавсеъаи байналмилалии Суис баргузор шуда ва ин ду созмон тасмим доранд чунин тадобиреро дар манотики дигари Точикистон хам рахандози кунанд.

То якшанбеи дигар

........педрууууд

zevarshoh@bbc.tj

 
 
.برنامه تفریحی تاجیکی، 19 اوت
Барномаи тафрехии точики
 
 
Наккошиبرنامه تفریحی تاجیکی، 12 اوت
Барномаи тафрехии точики
 
 
Наккошиبرنامه تفریحی تاجیکی، 5 اوت
Барномаи тафрехии точики
 
 
Наккошиبرنامه تفریحی تاجیکی، 29 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
Нуруллох Баротовبرنامه تفریحی تاجیکی، 22 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
Амриддин Аминовبرنامه تفریحی تاجیکی، 15 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
فخرالدین ملیکبرنامه تفریحی تاجیکی، 8 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران