BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 18:19 گرينويچ - دوشنبه 13 اوت 2007 - 22 مرداد 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Барномаи тафрехии точики, 12 август
 
!!!!!!!!!!!!!!!!Дурууууууууууууууд

Хуш омадед ба барномаи тафрехии точики.

Дар барномаи имруз хам ман бе хузури Зеваршох бо шумо хохам буд.

:Матолиби ин хафтаи мо

,Дучархасаворон дар Точикистон

."Хунарнамоии гурухи "Бибичон

,Мусохиба бо Фарангиси Нуруллохоча, охангсози чавон

,Идомаи сухбат бо Саъди ва Файзигули Каландар

,Чавонон ва омузиши оли

.Бо ман бимонед ва бо барномаи тафрехи аз родиюи Би-би-си

Дучархасаворон дар Точикистон

Аз 8 то 14 август як хайъати 70-нафари аз дучархасаворон аз кишвархои мухталифи Урупо дар шимоли Точикистон карор доранд.

дучархасаворон

Бар асоси як пружеи кумитаи чавонон, варзиш ва чахонгарди Точикистон, карор аст ин дучархасаворон, ки аз Киргизистон вориди устони Сугд шудаанд, аз Конибодом ба Хучанд, сипас ба Истаравшан ва аз он чо ба Шахристону Фалгар ва дар нихоят ба шахри Панчакент сафар кунанд.

дучархасаворон

Ин пруже тахти унвони «Шохрохи Абрешим» рохандози мешавад. Сипас сайёхони дучархасавор аз рохи Панчакент ба устони Самарканди Узбакистон хоханд рафт ва мусофирати худро дар Узбакистон идома хоханд дод.

дучархасаворон

Яке аз ахдофи ин барнома таблиги чахонгарди дар минтакаи Осиёи Миёна унвон шудааст. Сайёхони дучархасавор, ки аз 22 то 70 сол доранд, шахрвандони Бритониё, Фаронса, Суис, Олмон, Белжик ва Итолиё буда ва аз се мох пеш мусофирати худро бо дучархахо огоз кардаанд.

"Хунарнамойии гурухи "Бибичон

Ин хафта дар осорхонаи мусикии Гурминч Завкибеков дар шахри Душанбе кунсерти гурухи хунарии «Бибичон» баргузор шуд. Ин гурух умдатан таронахое аз осори мардумии манотики мухталифи Осиёи Миёнаро ичро мекунад.

Бибичон

Аъзои ин гурухи хунари, ки дар соли 2002 созмон ёфтааст, хонумхое хастанд, ки синнашон аз 60 болотар буда ва ба хамин далел ин гурух номи «Бибичон» яъне «Модарбузург»-ро гирифтааст.

Бибичон

Саноат Усмонова, рахбари хунарии гурухи «Бибичон» мегуяд, ки хадаф аз фаъолияти ин гурух чалби занони солманди хонашин ба хунару фарханг будааст.

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Бибичон

Хонум Усмонова афзуд, харчанд ин гурух аз хафт сол пеш расман таъсис ёфта ва дар вазорати фарханги Точикистон сабт шудааст, вале аъзои ин гурух хукуки мохона аз давлат дарёфт намекунанд ва камбуди сармоя имкон намедихад, ки барномахои рангинтару бехтаре омода кунанд.

Бибичон

Бахши аъзаме аз тамошогарони барномаи кунсертии гурухи «Бибичон» дар осорхонаи Гурминч Завкибеков мехмонони хоричи ва кормандони созмонхои байналмилалии мустакарр дар Точикистон буданд.

Гуфтугу бо Фарангис, охангсози чавон

Фарангиси Нуруллохоча, охангсози чавони точик мегуяд, кунсертхоеро дар манотики мухталифи чахон ичро кардааст. Осори Фарангис-бону бештар омезаест аз охангхои шаркию гарби.

Фарангис

Хонум Нуруллохоча гуфт, ки бахори гузашта кунсертеро дар шахри Ню-Йурки Омрико ичро кардааст. Ба гуфтаи вай, баъд аз ичрои ин кунсерт уро охангсози Точикистону Суис ва Конодо эълом кардаанд.

Фарангис

Фарангис-бону мегуяд барои ичрои охангхои офаридаи вай навозандагоне лозиманд, ки битавонанд хам ба шеваи гарби ва хам шарки навозандаги кунанд.

Ба гуфтаи Фарангис-бону, барои ичрои кунсерт дар Точикистон замони зиёде лозим аст, вале мутаасифона вай хануз вакти муносибе пайдо накардааст.

Фарангис

Фарангис мегуяд, ки холо машгули охангсози барои як филми конодоист, вале тасмим гирифтааст, ки дар мохи октябри соли равон дар шахрхои Истукхулм ва Купенхог кунсертхое ичро кунад. Вай афзуд, ки ба эхтимоли зиёд як барномаи хунари дар Вошингтун ва Ню-Йурк низ ичро хохад кард.

Мехмонони барномаи мо

Дар барномаи имруз идомаи сухбат бо Саъди ва Файзигули Каландар, овозхонони гурухи хонаводагии «Комрон»-ро дорем.

Файзигул-бону мегуяд, ки тамоми охангхоро барои таронахои гурухи онхо Саъди-око омода мекунад. Ба гуфтаи вай холо онхо дар бойгонии худ худуди 300 то 400 оханги мухталифе доранд, ки 50 то аз ин охангхо кудакона астанд.

Файзигул

Комрон ва Сорбон, ду фарзанди Саъди ва Файзигул, низ дар гурухи «Комрон» овозхони мекунанд. Файзигул мегуяд, ки набуди сармоя барои сабти наворхои видиюи монеъ аз эчоди таронахо ва клипхои видиюии тоза мешавад.

Саъди

Саъди ва Файзигул гуфтанд, ки барои сабти таронахо низ водор мешаванд, ки аз истудиюхои дигарон истифода кунанд. Орзуи ин ду овозхон такмили охангхои чадид ва пешрафти хунарии фарзандони хунарманди онхо будааст.

Чавонон ва омузиши оли

Тайи ду хафтаи ахир имтихоноти вуруди дар донишгоххои Точикистон, аз чумла донишгохи омузгории шахри Душанбе барои садхо нафар аз чавонони точик баргузор шудааст.

Донишчуён

Бештари чавононе, ки ба донишгохи омузгори мадрак супоридаанд, гуфтанд, ки имкони пазириши онхо ба донишгох зиёд будааст.

Зани точик

Зане, ки барои химоят аз духтараш дар чараёни супурдани имтихоноти вуруди аз нохияи Ёвони устони Хатлон ба Душанбе омада ва худро Сифаторо муъаррифи кард, мегуяд, ки духтарон бояд омузишдида бошанд.

Донишчуён

Ба гуфтаи Сифаторо, бештари духтарони имруз модарони оянда хоханд буд ва бидуни дониши кофи наметавонанд хатто модари хуб бошанд.

Донишгох

Ба гуфтаи ин хонум занхо ва духтарон дар Точикистон бояд аз чихати иктисоди иктиклол дошта бошанд. Вай афзуд, ки танхо дар ин сурат бештари занон аз мушкилоте, ки имруз бо он мувочеханд, рахои хоханд ёфт.

То барномахои дигар

........Педрууууд

Zarina

 
 
Наккошиبرنامه تفریحی تاجیکی، 5 اوت
Барномаи тафрехии точики
 
 
Наккошиبرنامه تفریحی تاجیکی، 29 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
Нуруллох Баротовبرنامه تفریحی تاجیکی، 22 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
Амриддин Аминовبرنامه تفریحی تاجیکی، 15 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
فخرالدین ملیکبرنامه تفریحی تاجیکی، 8 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
فرشیدبرنامه تفریحی تاجیکی، 1 ژوئیه
Барномаи тафрехии точики
 
 
Андиبرنامه تفریحی تاجیکی، 24 ژوئن
Барномаи тафрехии точики
 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران