BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 11:04 گرينويچ - سه شنبه 26 ژوئن 2007 - 05 تیر 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Афзоиши тавлиди хашхош дар Афгонистон
 
Гиёхи хашхош
Афгонистон тавлидкунандаи 92 дар сади аз хашхоши гайриконуни дар чахон аст.
Созмони Милали Муттахид дар гузориши солонаи худ эълом карда, тавлиди хашхош дар Афгонистон ба шиддат афзоиш ёфта ва аз кунтрул хорич мешавад.

Дар "Гузориши чахонии маводди мухаддир" омада, беш аз 90 дар сад аз хашхоши гайриконуни, ки аз он барои тавлиди херуин истифода мешавад, аз Афгонистон меояд

Ин гузориш меафзояд бо вучуди истикрори беш аз 30 хазор неруи хоричи дар Афгонистон, кишти хашхош дар ин кишвар ба мизони кобили таваччухе афзоиш ёфтааст.

Гузориши Созмони Милали Муттахид таъкид мекунад, модоме, ки бо мушкили тавлиди гайриконунии маводди мухаддир дар Афгонистон бархурд нашвад, баъид аст амният дар ин кишвар баркарор шавад.

Кишт дар Хелманд

Дар дахаи 1980 Афгонистон беш аз 30 дар сад аз хашхоши чахонро тавлид мекард.

Аммо гузориши Созмони Милали Муттахид нишон медихад, ки ин ракам акнун ба се баробар шудааст.

Тумос Пичман, нависандаи ин гузориш мегуяд тавлиди хашхош дар устони Хелманд ба танхои беш аз саросари дунёст.

У мегуяд: "Худуди 70 хазор хектор аз устони Хелманд зери кишти хашхош карор дорад, ки се баробари кулли манотики тахти кишти ин гёх дар кишвари Мионмор (Бирма) аст."

Окои Пичман меафзояд: "Бинобар ин як устон ба танхои се баробари кишвари Мионмор хашхош тавлид мекунад

Мионмор дуввумин кишвари тавлидкунандаи хашхош дар чахон аст.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттахид ба дунболи бехбуди хамохангихои чахони алайхи интиколи гайриконунии маводди мухаддир, кочокчиён акнун аз рохои чадиде дар Офрико барои интиколи херуин аз Афгонистон ва кукоин аз Куламбиё истифода мекунанд.

Созмони Милали Муттахид хостори мукобилаи сареъ бо ин мушкили чадид шудааст, зеро кораи Офрико, ки хамакнун бо чолиши эйдз (СПИД), сил ва молориё ру ба руст, дар сурати афзоиши истифода аз маводди мухаддир мушкилоти ба маротиб бештаре хохад дошт.

Гузориши Созмони Милали Муттахид хамчунин нишон медихад бозори маводди мухаддир дар солхои 2005 ва 2006 тагйире накардааст.

 
 
مطالب مرتبط
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران