BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 14:23 گرينويچ - دوشنبه 16 آوريل 2007 - 27 فروردین 1386
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Хамоиши ЮНЕСКУ дар Душанбе
 
Калъаи Хисор
Калъаи Хисор аз чумлаи ёдгорихоест, ки ба фехрасти осори таърихии Рохи абрешим пешниход шудааст.
Дар шахри Душанбе ба ибтикори ЮНЕСКУ ё муассисаи илми, омузиши ва фарханги СММ хамоише огоз шуд ва дар кори он коршиносон аз кишвархои мантака, Чин, Жопун, Фаронса ва Русия ширкат доранд.

Ба гуфтаи Рахим Масов раиси пажухишгохи таърих ва бостоншиносии Фархангистони улуми Точикистон, барои бори чахорум аст, ки коршинсони кишвархои мухталиф барои тахияи фехрасти осори таърихии Рохи абрешим гирдихам меоянд.

Ба эътикоди окои Масов дар нишастхои кабли кишвархои дигар дар масири Рохи абрешим талош кардаанд, ки ба ин фехраст умдатан осори таърихи, вокеъ дар ин кишвархо шомил шаванд ва аз осори бостонии, вокеъ дар каламрави Точикистон сарфи назар шудааст.

Окои Масов афзуд: "Чониби Узбакистон ёдгорихои давраи амир Темурро пешниход карааст. Ин ёдгорихо ба Рохи абрешим чи дахл дорад? Бояд консепсиюни ягона тахия шавад, ки дар он манофеи куллия кишвархо дар ин масир хузур дошта бошад."

Аз суи дигар Музаффар Азизи масъули бахши бозраси ва хифзи осори таърихи дар вазорати фарханги Точикистон мегуяд, ки холо давлати Точикистон касд дорад ба ин фехраст 8 номгуи осори таърихии худро пешниход кунад.

Окои азиз гуфт: "Ин ёдгорихои пешниходшуда аз кисмати шохаи шимолии Рохи абрешим Панчакенти кадим ва Бунчикати кадим хозира нохияи Шахристон ва аз кисмати маркази аз водии Вахш Калъаи Хисор, Ачинатеппа Кофиркалъа, Тахти сангин хамчунин аз кисамти чанубии рох Хулбук ва силсила калъахои водии Вахон иборат аст"

Дар хамин хол ба гуфтаи мубтакирини ин хамоиш, ЮНЕСКУ дар садад аст баъд аз тахияи ин фераст онро ба тамоми чахониён муаррифи кунад ва барои анчоми умури тармим ва бозсозии ин осор худуди 100 милюн дуллор ихтисос бидихад.

Ба эътикоди масъулини ЮНЕСКУ муаррифи ва бозсози шудани ин осори таърихи ба чалби таввачухи чахонгардон ба кишвархои масири Рохи абрешим мунчар хохад шуд.

Коршиносон мегуянд, ки ба ин далел кишвархои масири Рохи абрешим барои ворид сохтани микдори бештари осори таърихии худ ба ин фехраст талош доранд. Чониби Точикистон низ тасмим дорад дар поёни ин хамоиши 5 руза сафари ширкаткунандагонро ба манотики мухталифи Точикистон созмон бидихад.

Зимнан, тибки иттилоъи манобеъи вазорати фарханги Точикистон, холо дар каламрави ин кишвар худуди 2 хазор адад осори таърихи ва бостони вучуд доранд. Ин манобеъ мегуянд, ки дар замони шуравии пешин кисмате аз ин осор зимни шодоб сохтани мазореъ ва ё мухолифатхои идеоложик ё комилан тахриб шудаанд ва ё ниёз ба бозсози доранд.

Гуфта мешавад, ки харчанд давлати Точикистон барои эхёи ин осор талош мекунад, вале камбуди моли имкон намедихад, ки куллия осори таърихи ба маърази тамошо гузошта шаванд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران