|
Икдоми Рахмонов ба табдили номхои хос | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Иддае аз рушанфикрон аз пешниходи раиси чумхурии Точикистон дар мавриди барандохтани пасвандхои руси аз ному насаби точикон истикбол кардаанд. Эмомали Рахмонов, ки мехохад аз ин пас уро "Эмомалии Рахмон" бигуянд, рузи сешанбе, 20-март, дар дидор бо фархангиёни точик дар остонаи Навруз, хостори барандохтани пасвандхои руси аз ному насаби точикон шуд. Ному насаби точикон аз замони барпо шудани хукумати шурави дар Осиёи Миёна бо пасвандхои русии «ову ев ва овичу евич» хамрох аст ва бархе сохибназарон ин амрро беэхтироми ба хувияти милли медонанд. Номхои арабию порси бо пасвандхои руси дар каламрави Шуравии пешин, ки гахгохе мучиби сардаргуми мешавад, дарвокеъ баёнгари хувияти мардумонест, ки умдатан мусалмон буда ва тайи дувист то сесад соли ахир ба зери султаи русхо даромадаанд. Мероси Шурави Харчанд номхои порси бо пасвандхои руси дар миёни бархе аз рушанфикрони форсизабон, монанди Мирзо Фатхали Охундов, лоакалл аз карни нуздах якчо бо андешахои рушангарона огоз шуд, вале ин навъи номгузори дарвокеъ аз замони истикрори хукумати Шурави дар Кафкоз ва Осиёи Миёна ба шеваи густарда ва бо химояти режими кумунисти вакт ривоч ёфт.
То имруз номхои шумори зиёде аз точикон, ба истиснои чанд нависанда ва шоъир, ки аз худ ба шеваи махалли ном мебаранд, бо пасвандхои русии «-ов»-у «-ев», «-ович»-у «-евич» ва «-овна»-ву «-евна» хамрох аст. Вале ба назар мерасад Эмомали Рахмонов, раиси чумхурии Точикистон, мехохад акнун ба ин суннати такрибан садсола поён бидихад. Окои Рахмонов дар чараёни дидор бо ахли илму фарханги Точикистон, ки рузи сешанбе, дар остонаи Навруз баргузор кард, хостори барандохтани пасвандхои руси аз номхои точики шуд. Вай аз чумла гуфт: «Азбаски ман точик астам, миллати ман точик аст ва алхамдулиллох, ки мусалмон астам, номе, ки падару модарам ба ман гузоштанд, «Эмомали» аст, падарам «Рахмон», хуб мешавад, ки «Эмомали Рахмон» [бошад]». Хануз рушан нест, ки окои Рахмонов номи худро ба шеваи расми тагйир дода ё хайр, вале аз рузи чахоршанбе, 21-март, телевизиюни Точикистон дар бархе аз барномахои худ ном бурдан аз раиси чумхури ба гунаи «Эмомалии Рахмон»-ро огоз кардааст. "Гароиши тоза нест" Номгузори ба шеваи милли ё махалли дар Точикистон гароише тоза набуда ва дастикам аз замони переструйко ва густариши андешахои озодихохи дар Иттиходи Шурави огоз шудааст.
Яке аз мафодди конун дар бораи ба расмият даровардани забони форсии точики, ки барои нахстин бор дар соли 1989 тасвиб шуд, эхёи тадричии равишхои миллии номгузори дар Точикистонро дар мадди назар дорад. Харчанд тамоюл ба номгузории милли дар миёни иддае аз рушанфикрон дар поздах соли ахир густариш ёфт, вале макомхои давлати худро аз ин тамоюл хамвора бадур медоштанд. Акнун барои нахустин бор аст, ки ин мавзуъ дар сатхи раёсати чумхури матрах шуда ва президент Рахмонов мехохад худро дар ин росто барои дигарон намуна карор бидихад. Вале ин сиёсат то чи хадд муваффак тамом хохад шуд? Бархе аз сохибназарон дар ин маврид тардид доранд. Рафъи мавонеъ ё мушкилоти нав Шокирчон Хакимов, хукукдони точик, ки аз хеле кабл ба фарзандонаш бидуни корбурди пасвандхои руси ном гузоштааст, мегуяд тасмими раиси чумхури мунчар ба рафъи бисёре аз мавонеъ, аз чумла «когазпарони» (бюрократия) аз суйи масъулони идорахои сабти аснод хохад шуд. Вале окои Хакимов бар ин бовар аст, ки барои табдили ном ва асноди шахрвандии афроде, ки номхояшон пасвандхои руси дар бар доранд, харчи маболиге бахусус аз будчеи давлатро низ ба дунбол хохад дошт. Окои Хакимов афзуд: «Аввалан, барои тахияи микдори зиёде аз шиноснома ва асноди дигар вакти зиёд ва маблаги худи давлат низ лозим аст, зеро чунин аснодро бояд ниходхои давлати омода кунанд ва сипас ба мардум пешниход намоянд. Мардум батадрич мекушанд ин такозоро ичро кунанд, вале дар мавриди ному насаби кудакон, ин мушкил пеш нахохад омад. Мумкин аст бархе аз афроди бузургсол хам, ки дар рухияи дигар тарбият ёфтаанд, кушиш кунанд, ки ному насаби худро нигох доранд». Бо ин хол, иддае аз рушанфикрони точик аз пешниходи раиси чумхури дар мавриди барандохтани пасвандхои руси аз номхои точики химоят карда ва гуфтаанд, ки ин икдом барои таквияти чойгохи забон ва фарханги милли дар баробари фароянди чахонишави заминасоз хохад буд. Бозшиносии фарханги милли Окодемисян Мухаммадчон Шакури дар ин бора мегуяд: «Давлат бояд фазои фархангии Точикистонро танзим кунад, ки хусусиятхои милли дошта бошад, ба манфаъатхои миллии мо мувофик бошад. Аз чумла рушди забони миллиро ба холи худ нагузорад, балки давлат танзимкори кунад, ки аз олоишхо тоза шавад».
Зимнан, давлати Точикистон тайи чанд соли ахир дар заминаи ончи густариши худогохии милли ва бозшиносии фарханги гузаштаи точикон хонда мешавад, тадобире ба мавриди ичро гузошта ва бо вокунишхои гуногуне рубару шудааст. Аз чумла бузургдошти тамаддуни ориёи, ки дар соли 2006 анчом шуд, интикодот ва ибрози нигаронихое аз суйи исломгароён дар мавриди эхёи суннатхои пешазисломи, бавижа андешахои зартуштиро дар пай доштааст. Вале президент Рахмонов ин нигронихоро бепоя хонда ва борхо гуфтааст, ки бузургдошти тамаддуни ориёи танхо ба хотири эхтиром ба фарханги гузашта аст. Дар хамин хол, раиси чумхурии Точикистон зимни мулокот бо фархангиён дар Душанбе чонибдории худ аз фаъолиятхои фархангиро иброз дошта ва соли 2008-ро «Соли фарханг» эълом кардааст. Давлати Точикистон хамчунин мусаммам аст имсол аз 800-солагии Чалолиддини Руми ва дар соли оянда аз 1150-солагии Абуабдуллохи Рудаки, садафтари адабиёти порси, низ тачлил кунад. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||