|
Сунани наврузи дар Точикистон | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Навруз аз бузургтарин чашнхои мардумони эронитабор, аз чумла точикон ба шумор меравад, ки бо хамин ном ба фарханги кавмхо ва миллатхои дигари Осиёи Маркази низ тахвил шуда ва хамчунин пайвандгари расму ойин ва сунани ниёгону насли имруз мебошад. Бархе аз ойинхо ва сунани наврузии точикон, ки то имруз роичанд, аз ин кароранд: Хонабуророн – мардум як хафта пеш аз фарорасии Навруз курпаву палосхоро аз хона берун оварда, хонахоро руфтаю тамиз мекунанд, курпахою пардахоро мешуянд ва хушбуйи мезананд. Дегу табакхоро мешуянд, хавлиро руфта ва тозаю озода менамоянд, зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву икболи нав аст. Чоршанбе-сурук Маросими Чоршанбе-сурук дар чахоршанбеи охирини сол (мувофики таквими эрони-хуршеди) гузаронда мешвад. Дар чахоррохе алав (оташ) афрухта, хурду калон аз болояш мечаханд ва ба ручуъ ба оташ мегуянд: «Ранчурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман».
Бо ин амал онхо бовар доранд, ки дар соли нави оянда онхо тандуруст хоханд буд. Мувофики бовари дигаре, агар шахс аз болои оташ чахида гузарад, гуноххояш гуё мерезанд. Дар карни гузашта мардуми Хисору Каратог, Истаравшану Хучанд, Самарканду Бухоро ва манотики дигари Вароруд пеш аз фарорасии Навруз косаю табак, куза ва дигар зарфхои лабшикаста, чаговарда, ё сирпаридаро мешикастанд ва ба дур меандохтанд, зеро ин аз одоти зардуштиён будааст. Ин ойин чунин маъни дошт, ки хамаи чизхои шикаста бо соли кухна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав орзуи тандурустиву зиндагии бешикастро таманно мекарданд. Гулгардони Аз омадани Навруз пеш аз хама бачагон бо ичрои маросими Гулгардони ба дигарон хабар медиханд. Онхо як-ду хафта кабл аз Навруз гурух шуда, ба куху пуштахо рафта гулхои бахори: бойчечак, сиёхгуш ва гули зардакро чида ба дехахо меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврузро мерасонанд. Сохибхонахо гулхоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачахо кулчаю канду мавиз, дар баъзе чойхо гандуму нахуд медиханд. Яке аз сурудхое, ки дар ин маросим месароянд, ин аст:
Гул овардем ба мехмони, Гул овардем аз он поён, Гули зардак сано мега, Гули сиёхгуш хафтрангай, Ойини дигар, Фолгири бо рохи сабзондани 12 навъи галладона: гандуму чаву нахуду бокило, загир, наск, мош ва гайра мебошад. Ин галладонахоро дар гузашта дар зарфхои гуногун дар шароити хона месабзонданд ва аз фароянди сабзиши онхо фол мегирифтанд, ки кадом навъи галладона дар ин сол нашъунамои хуб карда ва хосили фаровон хохад дод. Саманупази Суманак (саману) навъе аз хуриши наврузист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад. Ду хафта кабл аз чашни Навруз мардум дар хонахои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рузи ид ба идгох меоранд. Он чо хамрох бо занхои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд. Чараёни суманакпази як шабонаруз давом мекунад ва занхову духтарон хам сурудхони, раксу бозихо ва хазлу хандахо мекунанд. Зеро боваре хаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмони пешвоз гири, хамон сол пурра бо хуррамию шоди зиндаги хохи кард. Суруди маъруфи занхои суманакпаз, ки хангоми пухтани ин гизои наврузи дар Точикистон бо доиранавози ба тарики дастчамъи хонда мешавад, ин аст:
Суманак дар чуш мо кафча занем, Суманак буйи бахорай, Суманак дар чуш мо кафча занем, Дар нохияи Ашт дар айёми Навруз занхо дар яке аз богхо чамъ омада суманак ва ё бо галладона хурокхои дигаре мепазанд. Чавонон наворхои мусикиро дар магнитофон гузошта, ба раксу бози машгул мешаванд. Баъзе аз духтарон ба гуш кардани мусики ва тамошои ракси чавонон меоянду бархе дигар дар дарахтон аргамчин баста, аргунчаксавори мекунанд. Бо истифода аз фурсат, бисёре аз чавонон ба худ арус меёбанд. Духтарон низ бо нозу карашма дили чавононро мебаранд. Дар ин руз бисёре аз чавонону духтарон ба якдигар дил мебанданд ва хамсархои ояндаи худро интихоб мекунанд. Бузургсолон аз рафтори чавонон огох буда, монеъ намешаванд ва баръакс худ ин гуна шароитро фарохам месозанд. Ойини ошти Ойини дигаре, ки аз замонхои хеле кадим расм шудааст, ошти додани афродест, ки бо хам чанги хастанд. Дар огози соли нав набояд касе бо касе кахрию ногап бошад. Маъмулан одамони бузургсол дар миёна даромада, шахсони бо хам чангиро ошти медиханд. Ин ойин холо хам дар байни мардуми Ягноб роич аст. Дар айёми Навруз мусобикоти пахлавонон дар намудхои гуштингири (кушти), аспдавони, пойгах (давидан), бандкаши, чавгонбози (дар Ягноб, Бадахшон), аммо аз хама мусобикаи маъмултарини наврузи, ин гуштингири аст, ки дар саросари Точикистон пахн шудааст.
Дар хамаи деху шахрак ва шахрхои бузурги Точикистон мусобикоти наврузии гуштингири барпо мегардад. Кабл аз хама ду муйсафед ба шеваи самбулик ба майдон меоянд ва бо ракс ва чарх задан дар гирди майдон мусобикаро огоз ва чашни Наврузро некфол мегардонанд. Ба голибон тухфахое монанди куртаю чома, колину палос, телевизору видеомагнитофон, яхдон, мошини сабукрав, барзагову аспу шутур аз тарафи созмондихандагон, яъне хукуматхои махалли такдим карда мешаванд. Ба гайр аз гуштин, дар дехахо мусобикаву бозихои тухмчанг, хурусчанг, кабкчанг, чиликандози, дастхобони ва монанди инхо барпо мешавад. Хар касе, ки чонвараш ё тухми мургаш пируз шуд, моли харифи нокоми худро мегирад. Хони наврузи Оростани хони наврузии «Хафт шин», аз сунани бостонии эрониён аст, ки кабл аз зухури дини Ислом маъмул будааст. Ба хони «Хафт шин» хафт чиз гузошта мешавад, ки номи онхо бо харфи арабии «шин» огоз мегардад.
Хони «Хафт шин» иборат аст аз шамъ, шир, шакар, шароб, шона, шамшод ва ширини (баъзехо шахд мегузоранд). Ба хони «Хафт син» хафт чиз, ки бо харфи арабии «син» шуруъ мешавад, мегузоранд, чунончи, сабза, сир, себ, суманак, санчид, сипанд ва сирко. Холо умдатан хонхои «Хафт шин» ва «Хафт син» дар озмунхову намоишхои муассисоти фарханги ва маърифати танхо ба тарики намоиши тартиб дода мешаванд. Аммо ин суфраи хафт син монанди Эрон дар хар хонадон густурда намешавад. Хурок ё гизохои сунатии наврузи умдатан аз галладона пухта мешаванд. Дар нохияи Хисор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёххои хуштаъм, монанди райхон, пудина, шулха, чаъфари, пиёз ва гайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар манотики дигар далда (Кулоб), кашк, боч (Бадахшон) ва гуча (дар Панчакент), гармич (Фалгар) ва гайра меноманд. Гизохои гандуми рамзи фаровонии соли нав ва гизои солимро ифода мекунанд. Дар рузхои чашни Навруз дар саросари Точикистон намоиши либосхои милли ва хурокхои суннати ва озмунхои сурудхони, ракс, ичрои намоишхои сахнаии танзомез ва озмуни «Маликаи Навруз» баргузор мешаванд. Намоиши арусхо ва домодхо бо либосхои суннати баёнгари рамзи соли нав ва суннати будани чашнгирии он мебошад. Шогуни дар Бадахшон Дар Бадахшон Наврузро бо номи «Шогун-бахор» ё «Шогуни» ном мебаранд ва тачлил аз он хам аз наврузи дигар минтакахо андаке тафовут дорад. Мардуми Бадахшон як мох пеш ба чашни «Шогуни» омодаги мебинанд. Дар баъзе хонадонхо хатто якчанд мох кабл аз ид омодаги сар мешавад.
Онхо гусфанд ё ягон чахорпои дигарро барвакттар интихоб карда ва барои чашн парвариш мекунанд. Дар хонахо чанд хафта пеш аз Шогуни занхову духтарон либосхо, руйпуши курпаю болиштхо, дегу косаву табак ва чизу чораи дигари хонаро шуста тоза мекунанд. Мардон як руз пеш аз ид хезум мешикананд ва он руз хамон чахорпои парваришёфтаро сар мебуранд. Пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хурокхо сохибхоназан ё мард хангоми бомдод ба чашма барои об меравад. Хамон касе, ки барои об меравад, бояд аз хона то сари чашма ё рудхона ва аз он чо то хона бо касе сухан нагуяд. У хангоми обгири ба даруни сатил чанд сангча меандозад, ки ин сангчахо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда, як кисмашро ба хамир меандозанд ва як кисми дигарашро барои пухтани боч (bāj), навъи хуроке, ки аз каллаву почаи гусфанд ва рудахои он бо гандуми нимкуфта ва бокило пухта мешавад, истифода мекунанд ва аз бозмондааш хамаи ахли хонавода кам-кам менушанд, ки он шугуни нек махсуб мешавад. Накши кадбону Рузи ид занхо дар танур оташ андохта шурбо, нон, кулча ва дар болои хокистари танур тоба нихода, дар он камочак (qamācak), як навъи нон мепазанд. Сипас мардхо дар зарфе шурбо ва дар дастархон нонхоро гирифта ба идгох (маъмулан хирманчой ё майдони васеъ) мераванд ва якчо бо мардони дигар нишаста хурок мехуранд. Баъд аз сарфи таъом сурудхониву ракс, мусобикоти варзиши, чун кушти, чавгонбози, давидан, бандкаши ва гайра барпо мешавад. Дар замонхои пеш асптозию бузкаши хам барпо мешуд, аммо холо бозихои нав: волейбол, баскетбол ва инчунин аз бозихои маъмулии мардуми, хурусчанг, кабкчанг ва тухмшикани баргузор мешаванд. Духтарбачахо бошанд, дар ин вакт дар шоххои баланди дарахтон аргамчин баста, аргунчакбози мекунанд. Баъзе аз онхоба тамошои варзишгарон меоянд. Дар хона танхо занхо ва духтарони бузургсол мемонанд ва ба тоза кардани хона машгул мешаванд. Дар ин муддат набояд мардон дар хона бошанд.
Кадбону тамоми хонаро мерубад, фаршу тиразахоро бо латта мешуяд ва пас аз он дар нуги чубе аз сим панчгушае ба мисли панчаи даст сохта васл мекунад ва ба он латта мепечонад. Баъдан он “панча”-ро дар орди бокило олуда ва ба чубхои шифт ва сутунхои хона мезанад ва бо ин кор накши панчгушае боки мегузорад. Дар баъзе чойхо бо орди бокило деворхоро бо накшхои мухталиф, монанди рамаи гусфандон, офтоб ва ситорагон ва гулхо зебу зинат медиханд. Пас аз накшгузори занхо шустушу карда, дар хона менишинанд ва сипас аъзои хонавода ичозати вуруд ба хонаро доранд. Дар вакти вориди хона шудан бояд хар шахси воридшаванда дар даст шохчаи тару тозаи бед дошта бошад. Хар кас, ки ворид мешавад, “Шогуни бахор муборак!” мегуяд ва модар, ё хамсар, ё хохараш дар чавоб “Бо руйи шумо муборак!” гуфта, камтар ордро гирифта, ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи хаёти осоишта буда, фоли нек ба шумор меравад. Бачахо субхи Навруз расми Килогузгузро ичро мекунанд. Килогузгуз номи паррандаест, ки дар фасли бахор меояд. Ин расмест, ки тибки он бачахо ба боми хонахо рафта, ва дар нуги аргамчин руймолеро баста, аз равзана пойин мекунанд ва барои дарёфти хадя суруд мехонанд. Ба руймолчаи онхо сохиби хона пул, кулча, канд ё чизи дигар баста медихад. Дар огоз, хар кас ба боми хонаи худ баромада, аз равзана аргамчину руймол ба пойин дароз мекунад. Хангоми ичрои ойини килогузгуз бачахо сурудхои гуногуни идона месароянд. Хамон бегох пас аз расми килогузгуз занхо ба хонахои хамсояхо ва хешовандон мераванд ва хонагардак мекунанд. Чавонон хам бегохи дар хонае нишаста, хурсанди ва раксу сурудхони мекунанд. Таронахои наврузи Дар байни мардуми точик рубоъиву сурудхои зиёди наврузи вучуд доранд, ки асосан дар айёми Навруз суруда мешаванд. Яке аз чанбахои аслии рубоъиву таронахои наврузи ин тазодди фаслхои зимистону бахор мебошад.
Мардум бо рафтани зимистон ва омадани бахор ва иди Навруз шодию хуррами мекунанд, аз ин хотир чашни Навруз дар таронахои мардуми бо огози бахор ва як навъ озоди иртибот дорад. Инак чанд намуна аз рубоъихои наврузии мардуми: Навруз расиду шоду хуррам гаштем. Дар рубоъии дигар, гуянда зимистонро ба кафаси танг ташбех дода, аз озодшави аз он изхори хурсанди мекунад: Навруз шуду лолаи хушранг баромад, Оби рахмат омаду Навруз шуд, Дар рубоъии охири киноя аз оби рахмат борон аст. Гуянда аз ин ки дар замонхои пеш шогирдон ба устодон дар иди Навруз хадяхо медоданд, ёдрас шуда, кадрдони кардан ва гирифтани дуъою хидояти устодро яке аз сабабхои пирузи медонад. Наврузро дар адабиёти катби такрибан хамаи шоъирони порсигу, аз устод Рудаки то шоъирони муосири точик васфу ситоиш кардаанд. Холо дар Точикистон такрибан шоъире нест, ки дар мавриди ин чашни зебои ниёгон шеъре нагуфта бошад. Омили тахкими хувияти милли Тавсифу тараннум ва таблиги Навруз хамасола дар Точикистон дар аввалхои мохи март шуруъ гардида, ва то авоили апрел идома меёбад. Дар сахифахои рузномаю мачаллахо (солхои охир инчунин дар Интернет) маколахои илмию адаби перомуни Навруз, мусохибахо бо донишмандон дар боби Навруз ва дигар сунан, шеъру таронахои наврузи, хачву ширинкорихо ва аксхои зиёди наврузи чоп мешаванд.
Навруз ба унвони як омили тахкими хувияти милли ва пайвандгари халку кавмхои мукими Точикистон аз тарафи Хукумати кунунии Точикистон мавриди химоят аст. Соли 2006 сокинони марзии нохияи Чиргатоли Точикистон, ки як кисми онхо киргиз мебошанд, якчо бо мардуми хаммарзи точику киргизи вилояти Уши Киргистон Наврузро чашн гирифтанд. Хамаи мардумони мутаъаллик ба аквоми гуногуни Точикистон дар баробари точикон аз иди Навруз бо шодию хуррами ва шукух тачлил мекунанд ва хатто баъзе гуруххои кавми, масалан, киргизу лакайу карлуг ва гайра, онро чузъе аз фарханги худ мешуморанд. Дар шароити имруза такрибан як милюн точик дар Руссия дар мухочирати кори ба сар мебаранд ва онхо дар шахрхои бузурги Русия, монанди Маскав, Сан-Питерзбург, Новосибирск, Краснодар ва гайра ба шеваи дастачамъи Наврузро чашн мегиранд. Навруз, василаи равобит ва хамкори миёни мардум аст ва чоест, ки хам зану мард ва хам пиру чавон гирдихам меоянд, хурсанди мекунанд, лаззати маънави бармедоранд, ёдовари аз гузаштагон мекунанд, пайванди худро бо табиъат кави месозанд ва бо ширкат дар маросими наврузи худро ба унвони як фарди марбут ба чомеъа муъаррифи месозанд. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||