BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 07:40 گرينويچ - سه شنبه 13 مارس 2007 - 22 اسفند 1385
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Поёни хамоиши расонахои форсизабон дар Душанбе
 
Хамоиш
Ширкаткунандагони хамоиш тасмим гирифтанд як пойгохи интернетии муштарак барои рузноманигорони порсигу рахандози кунанд.
Хамоиши расонахои форсизабон дар пойтахти Точикистон рузи душанбе, 12-март, бо тасмимгири дар мавриди таъсиси як анчумани чахонии рузноманигорони форсизабон ба кори худ поён дод.

Ширкаткунандагони ин хамоиш хамчунин тасмим гирифтанд як пойгохи интернетии муштарак барои рузноманигорони порсигу дар саросари чахон рахандози кунанд.

Ширкаткунандагони хамоиши дурузаи расонахои форсизабон, ки рузи якшанбе дар пойтахти Точикистон огоз шуд, пас аз бахсу гуфтугухои зиёд тасмим гирифтанд созмоне таъсис бидиханд, ки битавонад рузноманигорони форсизабонро дар саросари чахон гирдихам биёоварад.

Хамакнун хайъате мураккаб аз панч рузноманигор, ки дар он намояндагони Эрон ва Афгонистон низ шомил хастанд, ташкил шуда ва ба тахияи аснод барои сабти номи ин созмон дар ниходхои марбутаи Точикистон ва кишвархои дигар огоз кардааст.

Дар ин нишаст бахсхое перомуни номи ин созмон радду бадал шуд ва ахли мачлис бар сари номи «Анчумани чахонии рузноманигорони форсизабон» ба тавофук расиданд.

Адолати Мирзо, рузноманигори точик ва сардабири нашрияи «Миллат», ки аз мубтакирони аслии баргузории хамоиши расонахои форсизабон аст, рахбарии хайъати муассисони анчумани рузноманигорони порсизабонро бар ухда гирифт.

Хонуми Мирзо дар чараёни суханронии худ бар зарурати тарбияти хирфаии рузноманигорони порсигу таъкид кард ва гуфт баргузории даврахои бозомузи барои рузноманигорон аз ахдофи аввалияи анчуман хохад буд.

Адолати Мирзо
Адолати Мирзо созмон додани даврахои омузишии рузноманигори дар кишвархои мухталиф гоми аввалини анчуман хонд.

Вай афзуд: «Аввалин гоме, ки ин анчуман хохад бардошт, ман фикр мекунам бояд созмон додани даврахои омузишии рузноманигори дар кишвархои мухталифе бошад, ки чомеъахои форсизабонон дар он чохо хузур доранд».

Намояндагони расонахои Эрону Афгонистон ва кишвархои дигар низ, ки дар хамоиш ширкат доштанд, аз икдом ба таъсиси анчумани чахонии рузноманигорони форсизабон истикбол карданд.

Манижаи Бохтари, устоди донишгохи Кобул ва мудири масъули фаслномаи Парниён дар Афгонистон таъсиси ин анчуманро руйдоде таърихи дар чихати ба хам овардани рузноманигорони форсизабон арзёби кард.

Хонуми Бохтари гуфт: «Ин, ки мо хастии чунин кореро мерезем, фикр мекунам дар оянда бисёр мусмар бошад. Мо форсизабонон агар аз лихози чугрофиёи ва ё сиёси дигар наметавонем якчо бошем, хадди акалл аз нигохи фарханги метавонем бо хам якчо бошем».

Дар хамин хол, Бокири Муъин, коршиноси умури расонахо, аз ин руйдод ба унвони харакате фарханги ном бурд, ки дар шароити чахонишави кумак хохад кард порсигуён харфи худро ба чахониён бигуянд.

Окои Муъин гуфт: «Мо наметавонем худро аз катори чахони шудан акаб бияндозем ва савори он нашавем. Агар нахоста бошем савор шавем, моро ба зур хоханд бурд ва мачбур хастем дунболарав бошем. Дар натича бехтар аст, ки ба хар хол ба унвони касоне, ки эчодгар ва тавликунандаи фикр хастанд, дар харакати чахони шудани фикр ва нав будани фикр бо дигарон хаммасир бошем ва он вазни таърихии худро дубора пайдо кунем».

Ин расонашинос, ки солхои зиёде раёсати бахши форсии Би-би-сиро бар ухда дошт, хамчунин бо ишора ба ниёзи мардумони форсизабон ба дарёфти иттилоъи дурусту бетарафона ва дакик аз рузноманигорон хост дониш ва огохии худро дар мавриди равишхо ва шевахои иттилоърасонии дуруст афзоиш бидиханд.

Окои Муъин аз рузноманигорон хост дониш ва огохии худро дар мавриди равишхо ва шевахои иттилоърасонии дуруст афзоиш бидиханд.

Окои Муъин афзуд: «Коре, ки мо дар ин ду рузи гузашта анчом додем, дарвокеъ гоми аввал аст, мунтахо мо бояд гомхоямонро шумурда, ором, дур аз тунди, адами эхсосоти будан харакат кунем, бештар фикри мо фикри фарханги ва ичтимоъи бошад, чун сиёсат амри зудгузар аст. Шумо метавонед худро хар лахза хоста бошед, даргири сиёсат кунед, вале хар лахза мо наметавонем худро даргири кори фарханги кунем, кори фарханги кори мустамар ва тулонист. Хассосиятхо зиёд аст, набояд мо муболига кунем».

Вай хамчунин гуфт: «Кори мо кори кучакест, мо бояд ором харакат кунем ва саъй кунем сатхи дониши хирфаии рузноманигоронро боло бибарем, то онхо битавонанд фикри хуб тавлид кунанд. Вакте фикри хуб тавлид шавад, хам рузномахо хонанда пайдо мекунанд, хам ба родиюхо касе гуш хохад дод, хам телевизиюнхоро тамошо мекунанд. Мушкили мо холо мушкили мухтаво аст. Кори мо дар ин замина метавонад хеле муассир бошад. Табъан омузиш чузъе аз ин кор аст, огохи чузъи дигараш, ба хар хол, халлокият фаротар аз хамаи инхост».

Ширкаткунандагони хамоиши расонахои форсизабон хамчунин тасмим гирифтанд пойгохи интернетии муштараке ба номи «Хамзабон» рахандози кунанд ва аз ин рох матолибе хабари, омузиши ва фарханги дар ихтиёри рузноманигорони порсигу дар саросари чахон карор бидиханд.

Хамоиши расонахои форсизабон дар шахри Душанбе нахустин нишастест, ки рузноманигорони порсигу аз кишвархои мухатлифро гирдихам оварда ва масоили марбут ба иттилоърасони ба забони форсиро барраси кардааст.

 
 
مطالب مرتبط
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران