http://www.bbcpersian.com

14:41 گرينويچ - يکشنبه 04 فوريه 2007 - 15 بهمن 1385

Барномаи тафрехии точики, 4 феврал

Дуруд аз истудиюи бахши форсии родиюи Би-би-си дар шахри Душанбе!

:Дар барномаи имруз

;Гурухи тозатаъсиси "Само" дар барномаи тафрехии точики

بشنويدصدای برنامه

;Идомаи сухбат бо Мухаммадали Махмадов

"Тозатарин ахбори чахони тафрехи аз бахши "Нав-нав хабар

"Гурухи тозатаъсиси "Само

Ба тозаги дар шахри Душанбе як гурухи фулклурик бо номи "Само" ба фаъолият шуруъ кард. Дар хайъати ин гурух панч навозанда ва овозхон шомил хастанд. Огои Шанбе, рахбари гурухи "Само" мегуяд, ки чандин сол дар орзуи таъсиси чунин як гурухе буд ва хушбахтона соли 2006 имкон даст дода ки бо чанд тан аз бародароне, ки онхо низ мисли у орзуи бунёди як чунин гурухро дар дил доштанд, "Само"-ро ташкил кунанд.

Шанбе гуфт: "Огои Шавкмамад, ки дар гузашта ба сохтани созхои мусикии мардуми шугл меварзид ва хамчунин дар гурухи "Фалак" хамрохи устод Давлатманди Хол фаъолият мекард, омодагии худро барои хамкори бо мо дод ва хамчунин Файзмахмад, навозандаи сози мусикии уд каблан дар дабистон барои бачахо дарси мусики меомухт, низ ба ин гурух пайваст.

Файзмахмад мегуяд: "Максад аз таъсиси ин гурух дар баробари зинда кардани охангхои кадими, ки охиста-охиста аз байн мераванд, чалби чавонон ба мусикии суннати ва мардуми низ мебошад."

Шанбе, рахбари ин гурух мегуяд: "Дар муддати кутохи фаъолияти худ гурухи "Само" тавонист то андозае миёни мардум худашро муаррифи кунад. Гурухи мо дар аксари барномахои консертие, ки дар шахри Душанбе баргузор мешавад, ширкат дорад."

Аъзои ин гурух имрузхо дар холи тахияи нахуст олбумашон зери унвони "Бишнав аз най" мебошанд.
Хамчунин дар назар аст мохи июни соли 2007 ба Урупо сафари хунари кунанд.

"Идомаи сухбат бо Мухаммадали Махмадов

Ёдовар мешавам, ки Мухаммадали Махмадов яке аз хунармандони саршиноси синемои точик аст, ки дар беш аз 50 филм дар истудюхои мухталифи чумхурихои Шуравии собик накш офаридааст.

Окои Махмадов холо дар Русия ва дигар кишвархо бо синемогарон хамкори дорад ва дар бораи барномахои ояндаи худ мегуяд, ки пешниходхои зиёде барои ичрои накшхо дар филмхои мухталиф дарёфт кардааст.

Ва карор аст, истудюи Валерий Тадаровский дар ояндаи наздик дар Точикистон як филмеро наворбардории кунад.

Ин филм дар бораи хаводиси соли 2001 аст. Мухтавои ин филм гаравгонгирии як хавопаймои Русия таввасути гурухи толибон дар Афгонистон мебошад ва карор аст, Мухаммадали низ дар филм накши яке аз кахрамонони аслиро ичро кунад.

Нав-нав хабар аз хар гузар

Номзадхои Ускор. Филми "Малика" зиндагии Элизабети дуввум, маликаи Бритониёро пас аз кушта шудани принсес Диана ба тасвир кашида аст. Ин филм дар 6 ришта номзад шудааст, ки дар ин миён Хелен Миран, бозигари накши малика аз шонси зиёде барои бурдани чоизаи бехтарин бозигари накши асли бархурдор аст.

"Бобул" сохтаи Алихандер ва Гонзалес Инарути ривояти се достони мухталиф дар се кишвари гуногун аст. "Бобул" бо номзад доштан дар 7 ришта аз чумлаи бехтарин коргардони, бехтарин филмнома ва бехтарин филм пас аз "Духтарони руёи" дар радаи дуввум чой гирифтааст.

"Аз даст рафта" ё "Департет" тозатарин сохтаи Мартин Скорсиз киссаи хиёнат ва вафодории ду маъмури пулис аст. Ин филми пурбозигар дар панч ришта номзад шудааст. Бунгоххои шартбанди эълом кардаанд, ин филм ва хамчунин коргардони он бештарин бахтро барои касби Ускор доранд.

"Литл Мисс Саншайн", танхо филми кумедии ин фехрист дар мукоиса бо рукабояш филми камхазинатаре аст, ки достони он дар бораи хонаводаи омрикоие аст, ки касд доранд духтарашонро ба як мусобикаи маликаи зебойи бирасонанд. Ин филм дар мачмуъ дар 4 ришта номзад шудааст.

"Номахои Иво Чима" яке аз ду филме аст, ки соли гузашта Клинт Иствуд дар бораи чанги Жопун ва Омрико дар чараёни чанги чахонии дуввум сохт. Бино ба гуфтаи бунгоххои шартбанди ин филм ки дар чахор ришта номзад аст барои касби Оскари бехтарин филм камтарин шонсро дорад.

Чашнвораи Фачр. Бисту панчумин чашвораи байналмилалии филми Фачр - мухимтарин руйдоди синамойии Эрон рузи панчшанбе, якуми феврал бо намоише аз сугвории Имом Хусайн дар толори Вахдати Техрон гушоиш ёфт.

Барномаи намоиши филмхо аз 2 феврал огоз шуда ва то 11 феврал идома хохад дошт. Бархе аз ин осор дар шахри Шероз низ ба намоиш медарояд. Дар чашнвораи имсол 240 филми баланд, кутох ва мустанад аз Эрон ва чанд кишвари чахон ба намоиш медарояд.

Аз ин теъдод 5 филми кутохи хоричи, 11 мустанади баланд ва нимабаланди гайриэрони 11 асари баланди мустанади кутохи эрони ба намоиш дар хохад омад.

Аз кишвархои ширкаткунанда дар чашнвораи имсол метавон ба Омрико, Фаронса, Инглистон, Испониё, Норвеж, Сербистон, Итолиё, Олмон, Хинд, Жопун, Молези, Брозил, Оржентин, Узбакистон, Катар, Марокеш ишора кард. Аз ин миён Омрико бо 22 филм, Фаронса 13 асар ва Инглистон бо 10 ановини филм бештари хузурро дар чашнвора доранд.

Эътои нишони Фаронса ба Амитабх. Амитабх Баччан, хунарпешаи саршиноси синамои Хинд, яке аз мухимтарин нишонхои ифтихори Фаронсаро дарёфт кардааст. Нишони "Лежион д'Онор" Legion d'Honneur тайи маросиме дар сафорати Фаронса дар Дехлии нав, тавассути Доминик Жерар сафири Фаронса дар Хинд ба окои Баччан эъто шуд.

Сафири Фаронса дар Хинд гуфт, ин нишони ифтихор ба хотири "кайфият ва густардагии дастовардхои окои Баччан" ба вай дода шудааст. Баччан дар соли 1999 дар як назарсанчи дар Бритониё ба унвони бузургтарин ситораи синамои хазораи севвум муаррифи шуд. Собикаи хунарии ин хунарпешаи номии синамои Боливуд ба чихил сол мерасад ва у дар беш аз 140 филм ифои накш кардааст.

Баччан хангоми дарёфти ин нишон гуфт: "Дарёфти Лежион д'Онор барои ман факат як чоиза нест, балки нишони дастовардхои синамои Хинд аст. Ин чоиза ба синамои Хинд тааллук дорад ва ман ба дарёфти ин нишон ифтихор мекунам. "

Баччан фарзанди як шоъири маъруфи хинди аст, ки пас аз накли макон аз Калкатта ба Мумбай ва канор гузоштани шугли бозаргони вориди олами синамо ва бозигари шуд.

Барандаи бозии "Бародари бузург". Шилпа Шетти хунарпешаи Боливуд барандаи имсоли барномаи Бритониёии Биг Брозер интихоб шудааст.

Хамон тавр ки аз эълонхои каблии барномаи тафрехи огах хастед Шилпа Шетти тайи як мохи ахир даргири казияе бо бархе аз дигар ширкаткунандагони барномаи "Биг Брозер" шуда буд, ки аз суи тамошобинон нажодпарасти алайхи у хонда шуд.

Чейд Гуди дар ин казия мувофики раъйдихии телефунии бинандагон аз барнома хорич шуда буд. Аммо холо пас аз пушти сар кардани даъвохо ва лахзахои дилхароши навмеди Шилпа барандаи соли 2007 дар "Биг Брозер" эълом шуд.

Вокуниши Шилпаи 31 сола ба ин хабари хурсандибахш беш аз хад эхсоси буд, у аз хушхоли фарёди дилхароше зад.

Шилпа тачрибаи худро дар реалити шоуи "Биг Брозер" дар коноли 4 Бритониё афсонайи ва гайрикобили баён хондааст.

То барномаи дигар,
падруд!!!

Zevarshoh@bbc.tj