BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 19:18 گرينويچ - پنج شنبه 16 نوامبر 2006 - 25 آبان 1385
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Бузургдошти Шахриёр дар Точикистон
 

 
 
Шахриёр
Мухаммад Хусейни Шахриёр батадрич дар миёни точикон шухрат меёбад.
Рузи чахоршанбе, 15 ноябр, ахли адаб ва дониши Точикистон бо баргузории хамоише дар Фархангистони улуми ин кишвар аз яксадумин солгарди таваллуди Мухаммад Хусейни Шахриёр, шоъири газалсарои эрони, тачлил карданд.

Дар ин махфил гуфта шуда, ки бо густариши равобити фархангии Эрону Точикистон дар ду дахаи ахир, дар канори суханварони дигари эрони, Шахриёр низ батадрич дар миёни дустодорони адабиёт дар Точикистон махбубият касб мекунад.

Махфили бузургдошти Шахриёр, ки ахли фархангу адабиёт, пажухишгарони точик ва диплумотхои эрониву афгонро дар толори фархангистони улуми Точикистон гирдихам оварда буд, ба ибтикори масъулони ин фархангистон ва ройзании фархангии Эрон дар Душанбе баргузор шудааст.

Мудофеъи хувияти эрони

Дар ин хамоиш, мунтакидон ва пажухишгарони адабиёт пахлухои мухталифи рузгор ва осори Мухаммад Хусейни Шахриёр, шоъири дузабонаи эрониро, ки ба форси ва турки шеър гуфтааст, ба барраси гирифтанд.

Бехрузи Сарватиён, пажухишгари эрони
Окои Сарвати мегуяд шеъри туркии Шахриёр зебо ва беназир аст.

Кахрамон Сулаймони, ройзани фархангии Эрон дар Точикистон, нигохи Шахриёр ба сарнавишти Эрон ва макулаи хуввияти эрониро матрах кард: «Дарвокеъ Шахриёр аз шеър як аслиха сохт, ба дасти сарбозони озаризабони эрони дод, то (дар чанг бо Ирок) аз хайсияти милли ва шарафи эрони дифоъ кунанд».

Сипас Бехрузи Сарватиён, пажухишгари эрони ба баррасии рузгори чавонии Шахриёр пардохт ва бо таквияти ин назар, ки «шеърхои туркии Шахриёр зеботар аз сурудахои порсии уст, шеъри уро дар забони турки беназир хонд.

Окои Сарватиён афзуд: «Агар яке бигуяд, ки шеърхои туркии устод Шахриёр бисёр дилнавозтар аз газалиёт ва сурудахои порсии устод аст, ин сухан боваркарданист, зеро турки забони модарии шоъир аст. Ва он чо ки шоъир дар чараёни туфони хаводис инони ихтиёр аз даст медихад, барои баёни гамхо ва шодихои беш аз андозаи хеш ба домани забони модари панох мебарад ва ин як вокеъият аст».

Эхёгари саноеъи кухан

Пруфессур Мирзо Муллоахмадов, донишманди точик, Шахриёрро пайвандагари сунани кухан ва тоза дар шеъри порси номид ва накши уро дар эхёи бисёре аз анвоъ ва саноеъи шеърии кухан мухимм хонд.

Мирзо Муллоахмадов, донишманди точик
Пруфессур Муллоахмадов накши Шахриёрро дар эхёи сунани кухани шеъри порси мухимм хонд.

Окои Муллоахмадов аз чумла гуфт: «Китъа яке аз кадимтарин навъхои шеър буда ва дар карнхои 10-15 хеле ривоч дошт, вале дар карнхои баъди кохиш пайдо кард. Дар карни 20 ин навъи шеър аз нав ру ба рушд ниход ва дар ривочи он дар баробари Маликушшуъаро Бахор ва Парвини Эътисоми, хидмати Шахриёр хеле бузург аст».

Дар хамин хол, пруфессур Муллоахмадов аз нахустин касоне аст, ки дар пахшу интишори шеъри Шахриёр дар Точикистон накши муассире доштааст. Вай дар даврони чавонии худ бо Гиёсиддин Кодиров, пажухишгари дигари точик, нахустин баргузидаи ашъори Шахриёрро дар Точикистон дар миёнахои солхои 1970 ба чоп расондааст.

Пеш аз ин ду пажухишгар, пруфессур Аълохон Афсахзод, ховаршиноси факиди точик, нахустин мачмуъаи ашъори шоъирони муъосири эрониро дар соли 1973 чоп кард, ки дар он намунахое аз шеъри Мухаммад Хусейни Шахриёр низ чой дошт.

Махбуб, вале ношинохта

Бо ин хол, ба гуфтаи пруфессур Олими Хучамурод, эроншиноси точик, тахкикоти зиёде дар мавриди Шахриёр ва сурудахои вай дар Точикистон сурат нагирифтааст, харчанд бахе аз ашъораш дар миёни мардум махбубият ёфта ва хатто бархе аз овозхонхои точик сурудахои уро, бе он ки ошноии кофи бо у дошта бошанд, месароянд.

Олими Хучамурод, эроншиноси точик
Ба гуфтаи пруфессур Хучамурод, тахкикоти зиёде дар мавриди Шахриёр дар Точикистон то кунун сурат нагирифтааст.

Окои Хучамурод бар зарурати мутолеъаи бештари ашъори Шахриёр таъкид кард: «Ман фикр мекунам, ки имруз рушанфикрони точик, бахусус шуъаро ва удабои чавони точик бо Шахриёр бештар ошнои доранд, вале мутаасифона тахкики осори Шахриёр дар Точикистон камтар сурат гирифтааст».

Пруфессур Хучамурод афзуд: «Танхо дар махофили адаби ва донишгохи, бавижа дар бахши эроншиносии донишкадаи ховаршиноси ашъори вай мавриди мутолеъа карор гирифта, вале мавкеъи Шахриёр дар адабиёти порси, бахусус газалиёт ва осори дигари вай дар Точикистон ношинохта боки мондааст».

Окои Хучамурод, ки худ аз устодони донишгох дар риштаи адабиёти Эрон буда ва пажухишхое дар шеъри нави порси анчом додааст, аз «хусни таваччухи» Шахриёр ба Шуравии пешин мегуяд: «Шахриёр як манзумаи баланде перомуни чанги чахонии дувум ва корномаи Истолинград гуфтааст, ки хонандагони точик бо он ошно хастанд».

"Дар соя монда"

Харчанд иддае бар ин боваранд, ки газалиёти порсии Шахриёр дар шеъри имрузи точик асароте бар чой гузошта, вале пруфессур Хучамурод ин назарро рад мекунад.

Фархангистон
Хамоиши бузургдошти Шахриёр ба ибтикори Фархангистони улуми Точикистон ва Ройзании фархангии Эрон баргузор шуд.

Пруфессур Хучамурод гуфт: «Замоне ки Шахриёр шеър гуфт, шеъри нав дар Эрон хеле ривоч дошт ва Шахриёр, фикр мекунам, ки дар соя монда буд ва дар Точикистон бештар пушти Нодирпуру Ахавони Солису Фуругу инхо мегаштанд ва камтар ба Шахриёр таваччух доштанд. Ва худи Шахриёр хам дар Эрон то инкилоби исломи ношинохта монда буд, баъд аз инкилоби исломи Шахриёр мавриди тамчиду таблиг карор гирифт».

Бо ин хол, ба гуфтаи сохибназарон, дар пайи густариши равобити Эрону Точикистон дар худуди ду дахаи ахир Мухаммад Хусейни Шахриёр низ дар канори шоъирони дигари эрони дар Точикистон батадрич махбубият касб мекунад. Ахиран бархе аз овозхонхои точик сурудахое аз Шахриёрро ба оханг даровардаанд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران