BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده:
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Дидори Рахмонов бо ракибони интихоботиаш
 
Эмомали Рахмонов
Окои Рахмонов аз ракибони интихоботии худ даъват кардааст, ки дар бехбуди вазъи иктисоди ва бунёди чомеъаи мадани дар кишвар сахми фаъол бигиранд
Эмомали Рахмонов, раиси чумхурии мунтахаби Точикистон рузи душанбе, 13 ноябр зимни як дидор аз рукабои худ дар интихоботи ахири раёсати чумхури даъват кардааст, ки дар бехбуди вазъи иктисоди ва бунёди чомеъаи мадани дар ин кишвар сахми фаъол бигиранд.

Номзадхои макоми раёсати чумхури ба навбаи худ интихоботи феълиро озод, шаффоф ва демукротик арзёби карда ва гуфтаанд, ки дар тахаккуки раванди ислохоти иктисоди дар Точикистон бо давлати ин кишвар хамкори хоханд кард.

Дар хамин хол, масъулони ахзоби мухолифи Точикистон ин номзадхоро тарафдорони давлат хонда ва гуфтаанд, ки ин афрод махз ба хотири демукротик чилва додани интихоботи раёсати чумхури дар он ширкат кардаанд.

Номзадхои интихоботи раёсати чумхури дар Точикистон мулокот бо Эмомали Рахмонов, раиси чумхури мунтахабро як гоми мухим дар рохи рафъи тафрикаи назархо миёни рукабои пешин ва басич сохтани нерухои мухталифи кишвар барои бунёди чомеъаи мадани арзёби карданд.

Ба гуфтаи Исмоил Талбаков, номзади макоми раёсати чумхури аз хизби коммунисти Точикистон, президент Рахмонов дархосту пешниходоти онхоро дар заминаи ислохи вазъи иктисодию ичтимоъии ин кишвар пазируфтааст

Исмоил Талбаков
Номзадхои макоми раёсати чумхури гуфтаанд, ки дар тахаккуки раванди ислохоти иктисоди дар Точикистон бо давлати ин кишвар хамкори хоханд кард

«Бо хохиши раиси чумхур эроду пешниходоте, ки дар чараёни мулокот бо интихобкунандагон ё раъйдихандагон сабт шуда буд, ба дафтари раёсати чумхурии Точикистон ироа хохад шуд. Дар назар аст аз онхо дар раванди ислохоти бахшхои иктисоди, ичтимои ва фарханг истифода шавад. Хамчунин, аз ахзоби сиёси даъват шуд, ки ахдофи истиротежики худ барои бунёди чомеаи мадани дар ин кишварро ба ниходхои давлати пешниход кунанд».

Рукабои Эмомали Рахмонов дар интихоботи раёсати чумхури ин интихоботро демукротик, шаффоф, озод ва мунсифона талакки карда ва гуфтанд, ки мухимтарин дастоварди ин номзадхо дар ин тадбири сиёси касби маъруфияти ахзоби онхо дар манотики мухталифи Точикистон будааст.

Масалан, ба гуфтаи Абдухалим Гаффоров, номзад аз хизби сусиёлист махз дар чараёни корзори интихоботи сокинони манотики шарки Точикистон дар мавриди ин хизб иттилоъ пайдо кардаанд.

Окои Гаффоров таъкид кард, ки ба далели шинохта набудани хизби сусиёлист дар бархе аз манотики кишвар ин хизб дар интихоботи порлумони дар соли гузашта танхо 0,3 дар сади орои интихобкунандагонро касб карда буд.

Дар холе ки намояндагони ахзоби мухолифи давлати Точикистон аз баргузории мулокоти рукабои пешини раёсати чумхури ба унвони як падидаи нек истикбол кардаанд, вале онхо таъкид доштанд, ки махз тарафдори давлат будани номзадхои макоми раёсати чумхури баргузории чунин дидоррот имконпазир сохтааст.

Ба эътикоди Вохидхон Косиддинов, рахбари дафтари хизби нахзати исломии Точикистон агар дар интихоботи феъли намояндагони ахзоби мухолиф ракиби Эмомали Рахмонов буданд, ба хеч вачх хамчунин мулокот баргузор намешуд.

Шокир Хакимов, муоъвини раиси хизби мухолифи сусиёл-демукроти Точикистон низ ба ин назар аст.

«Ба ин далел ки ин номзадхо, ки рафтору гуфторашон дар корзор интихоботи бо макомоти Точикистон мувофика шуда буд ва умдатан аз мавзеъи давлат пуштибони мекарданд, чунин мулокот баргузор шуд. Ман итминони комил дорам, ки дар сурати дар интихоботи феълии раёсати чумхури номзадхои ахзоби мухолиф, ки миёни мардуми кишвар махбубият доранд, ширкат мекарданд ва ин интихобот ба таври демукротик баргузор мешуд, раиси чумхур бо онхо дидор намекард».

Ба гуфтаи коршиносон барои аввалин бор аст, ки дар Точикистон раиси чумхури мунтахаб бо рукабои худ дидор ва онхоро ба хамкори даъват мекунад.

Абдумалик Абдуллочонов, сафири пешини Точикистон дар Русия ва Давлати Усмон, вазири собики иктисоду тичорати Точикистон, рукабои Эмомали Рахмонов дар интихоботхои раёсати чумхури дар солхои 1994 ва 1999 пас аз интихобот аз макомхояшон барканор шуданд ва Абдумалик Абдуллочонов Точикистонро тарк карда ва то хол дар хорич аз ин кишвар ба сар мебарад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران