|
Нигарони аз афзоиши бемории канд | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дар остонаи рузи чахонии мубориза бо бемории канд масъулони маркази ташхиси бемории канд дар Душанбе рузи шанбе, 11 ноябр, дар як хамоиш аз афзоиши ин бемори дар Точикистон, бахусус дар миёни кудакон ибрози нигарони карданд. Тибки иттилоъи ин марказ, теъдоди кудакони мубтало ба ин бемори дар Точикистон тайи чанд соли ахир афзоиш пайдо кардааст. Гуфта мешавад, кудакон умдатан ба иллати тарс, фишори равони ва ё сарфи гизои носолим ба ин бемори мубтало мешаванд. Ба гуфтаи масъулони маркази мубориза бо бемории канд, холо дар Точикистон беш аз 13 хазор бемори канд сабти ном шуда ва хамасола теъдоди чунин беморон дар кишвар аз 500 то як хазор нафар меафзояд. Шакар Анварова, мутахассиси саршиноси бахши эндукринулужи ё мудовои бемории канд дар Точикистон дар чараёни корзори мубориза бо бемории канд дар шахри Душанбе аз раванди афзоиши бемории канд дар миёни кудакон ибрози нигарони кард.
Дар холе ки дар тиб ва пизишки ду дарачаи бемории канд мушаххас шуда ва яке кобили муъолича ва дигари беморро барои тамоми умр мухточи доруи инсулин месозад, хонум Анварова гуфт, ки холо дар миёни кудакони точик натанхо беморони дарачаи аввал, балки беморони дарачаи дуввум низ пайдо шудаанд. Ба гуфтаи Амонбек Хочиев, мутахассиси эндукринулужии кудакона, дар сурати ирси набудани бемории канд, ин бемори маъмулан аз гизои номуносиб, тарсу вахм ва ё фишори равони маншаъ мегирад. Аммо вай таъкид кард, ки умдатан кудакон ба иллати тарс ба бемории канд мубтало мешаванд. Окои Хочиев дар ин замина аз волидоне, ки ба фарзандони худ ичозаи тамошои филмхои вахшатнок медиханд, шикоят кард. Дар хамоиши марбут ба рузи байналмилалии мубориза бо бемории канд, ки худуди дувист бемори канд аз манотики мухталифи Точикистон гирдихам омада буданд, аз беморон даъват шуд, ки дар чараёни мудово ба дорухои чадиди гиёхи авлавият коил шаванд. Хамчунин таъкид шуд, ки шеваи солими зиндаги ва гизои пархези мухиммтарин давои бемории канд будааст. Хамакнун дар Точикистон барномаи миллии мубориза бо бемории канд ба тасвиб расида, ки барои солхои 2006 то 2010 пешбини шудааст. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||