BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 13:27 گرينويچ - پنج شنبه 07 سپتامبر 2006 - 16 شهریور 1385
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Симпозиуми тамаддуни ориёи дар Душанбе
 
Симпозиюм
Ба акидаи окодемисиюн Нуъмон Неъматов нахуст механи ориёихо Осиёи Миёна, Эрон, Афгонистон ва шимоли Хинд будааст.
Рузи панчшанбе, 7 сентябр дар симпозиюми байналмилалии тамаддуни ориёи, ки дар Фархангистони улуми Точикистон баргузор шуд, донишмандон ва пажухишгарон мардуми ориёиро аз чумлаи кадимтарин сокинони чахон арзёби кардаанд, ки дар тамаддуни чахони накши мухимме доштаанд.

Дар ин хамоиши илми перомуни махалли ташаккули тамаддуни ориёи ва марзхои он дар чахони бостон мубохисоте сурат гирифтааст.

Дар холе ки бархе аз пажухишгарон ориёихоро сокинони бумии Осиёи Маркази ва шимоли Афгонистон медонанд, иддае дигар ин фарзияро пеш ниходаанд, ки ватани ориёихо манотики Уроли Русия ва дарёи Орол буда ва аз он чо ба Осиёи Маркази ва Эрони кунуни мухочират кардаанд.

Ба гуфтаи мухакккикони эрони, ориёихо аз чумлаи кадимтарин саканаи дунё буда ва кабоили ориёи дар хазораи сеюми кабл аз милод аз пурчамъияттарин миллатхои чахон махсуб мешуданд.

Куруши Некном, рахбари Чомеаи зартуштиёни Эрон ва узви порлумони ин кишвар таъкид кард, ки бар асоси бозёфтхои бостоншиноси мардуми ориёи дар куруни бостони ба илму саноеъи мухталиф дастраси дошта ва таквими хуршедиро дуруст кардаанд.Окои Некном гуфт:

«Ориёихо аз он ифтихор доранд, ки 25 хазор сол пеш аспро ахли карда ва дар корхои зиндаги аз он бахра мегирифтанд. Санъати сафолгари дар сарзамини пахновари онон шакл гирифт ва собикаи он ба 15 хазор сол мерасад. Меъмори ва сохтмонсозиро ориёихо аз 10 хазор сол пеш шуруъ карданд ва намунаи боризи онро мо алъон дар Ганчдараи Кирмоншох мушохида мекунем».

Ба эътикоди Фаридуни Чунайди, муаррихи эрони хатто пас аз омезиш ёфтан бо тамаддуни исломи низ фарханги ориёи аз хатти машйи худ берун нарафтааст.Окои Чунайди мегуяд:

«Он чи ки бо номи ислом дар сафахоти шаркии мамолики исломи, хатто ба бархе аз манотики Хинд ва Чин ислом рафтааст, ин аз софии тамаддуни ороиёи рафтааст ва ранги ориёи ба худ гирифтааст».

Дар ин хамоиш миёни мухаккикон дар атрофи буми будан ё набудани кабоили ориёи дар минтака ва ватани аслии ориёихо мубохисоте сурат гирифт.

Дуктур Елена Кузмина, мухаккике аз Фархангистони Улуми Русия ва окодемисиюн Махмадшо Илолов, раиси Фархангистони Улуми Точикистон ва бархе аз донишмандони кишвархои Осиёи Маркази ватани кабоили ориёиро минтакаи Урол, дар Русия ва атрофи дарёчаи Орол хонда ва таъкид доштанд, ки ин кабоил дар карнхои 3 ва 2-и пеш аз милод ба Осиёи Маркази мухочират кардаанд.

Вале окодемисиюн Нуъмон Неъматов, мухаккики точик дар ин замина назари дигаре дорад:
"Мо ба чунин натича расидем, ки нахуст механи ориёихо Осиёи Миёна, Эрон, Афгонистон ва шимоли Хинд будааст».

Аз суи дигар, дуктур Юсуфшо Ёкубов, мухаккики дигари точик бо такя ба мадорики хаттии кадим ва бозёфтхои бостоншиноси, зодгохи Зартушт, паёмбари ойини маздаясни будани шахри Рай дар Эронро рад кард ва гуфт, ки Зартушт дар рустои Рог, ки акнун дар марзи Точикистону Афгонистон вокеъ аст, ба дунё омада ва забони китоби Авесто бохтари будааст.

Дар хамин хол, Мухаммадтакии Рахнамо, устоди донишгохи Техрон, густариши шабакаи интернетро навъе аз тахочуми фарханги гарби ба тамаддуни ориёи талакки кард, ки ин амр метавонад дар оянда барои тамаддуни ориёи ва забони форси хатар эчод кунад.Окои Рахнамо гуфт:

«Дар мукобили ин тахочуми фарханги чи кор бояд кард? Оё нишастан туи утокхо ва фазохои баста ва дарди дил кардану марсияхони кардан кофист? Ба назари ман, бояд ба як икдоме, ки истилохан фарангихо мегуянд ба икдоми тахочуми бояд пардохт.Ин икдом ба вучуд овардани ташаккулхои фарханги аст».

Ширкаткунандагони симпозиюми байналмилалии тамаддуни Ориёи дар шахри Душанбе ташкили «созмонхои фарханги ориёи» дар хавзахои забони форсиро аз роххои дастёби ба вахдату якпорчагии форсизабонони чахон арзёби карданд, ки имкон дорад ин икдом ба рушди тамаддуни ориёи ва забони форси мусоъидат кунад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران