|
Забони сепора: Фукдони андешаи вохид миёни порсигуён | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Бо баргузории тачлил аз хабдахумин солгарди тасвиби конуни забон дар Точикистон пурсишхои зидду накизе дар мавриди ичрои ин конун дар сатхи рушанфикри ва миёни фахангиёни ин кишвар матрах аст. Макомхои расмии Точикистон мегуянд конуне, ки дар соли 1989 тасвиб шуда ва барои нахустин бор пас аз султаи Шурави замина барои корбурди расмии забони форси дар ин кишварро фарохам кард, дар сатхи густардае ба ичро расидааст. Вале интикодоти густарда, ки ахиран дар расонахои милли дар бораи вазъи ичрои конуни забон матрах мешавад, хоки аз нигарони ва тардидхоест, ки дар афкори умуми нисбат ба амалкарди давлат дар баробари масоили забони ба вучуд омадааст. Вазъи ичрои конуни забон Гаффор Чураев, муъовини раиси кумисиюни назорат бар ичрои конуни забон дар Точикистон мегуяд баргузории чашне вижа барои забони расми, ки дар хеч кишвари собики Шурави, чуз Точикистон, ба мушохида намерасад, худ баёнгари таваччухи чиддии давлат ва макомоти ин кишвар ба фарханг ва забони миллист. Окои Чураев интикодот дар мавриди ичро нашудани конуни забон дар муассисоти давлатиро бепоя хонда ва мегуяд акнун наздики навад дарсади идорахои давлати ва вазоратхонахои Точикистон фаъолияти худро ба забони расми ба рох мондаанд. Вале ба гуфтаи ин масъули кумисиюни назорат бар ичрои конуни забон, мушкили асоси бо муассисот ва созмонхоест, ки хорич аз сайтараи давлат карор доранд ва дасти кумисиюни ичрои конуни забон то кунун ба ин муасисот нарасидааст. Пруфессур Чураев афзуд: «Хамин кумисиюн, ки аз соли 1996 бад-ин су фаъолият дорад, омузишу санчишхои худро умдатан дар муассисоти давлати анчом дода ва муассисоти гайридавлати аз ин икдомот дар канор мондаанд. Муассисоти гайридавлати низ бояд кавонини Точикистонро ичро кунанд, вале муттассифона бештари ин муасисот конуни забонро ичро намекунанд». Нокоромадии конуни забон Окои Чураев бо таассуф мегуяд конуни феъли имкон намедихад, ки кумисиюни ичрои конуни забон, монанди кишвархое чун Арманистон ва Эстуни, аз афрод ва ниходхое, ки ин конунро муроъот намекунанд, чарима бистонад.
Ба гуфтаи масъулони кумисиюни назорат бар ичрои конуни забон дар Точикистон, акнун тархи конуни чадиде дар бораи забони расми тахия шуда ва базуди ба баррасии умум гузошта хохад шуд ва интизор меравад ин санад расидаги ба масоили забониро осон кунад. Дар чунин сурате имкон дорад ширкатхои хусуси, созмонхои гайридавлати ва хатто сафоратхонахои хоричи ва намояндагихои созмонхои байналмилали низ дар заминаи ичрои конуни забони расми дар Точикистон масъулиятхое ба душ бигиранд. Бо ин хол, ба гуфтаи бисёре аз сохибназарон, мушкилоти забони расми дар Точикистон бо ичро шудан ё нашудани як чунин конуне, ки назираш дар бисёре аз кишвархои чахон аслан вучуд надорад, махдуд намешавад. Бухрон бар сари номи забон Яке аз мушкилоти умда, ки нухбагони Точикистон бар сари он то кунун ба андешаи муштараке даст наёфтаанд, мушкили хувияти забон аст. Бахсхо бар сари ин ки чаро забоне, ки тайи беш аз хазор соли гузашта «форси» номида мешуд ва акнун номи «точики»-ро гирифта, дар чанд соли ахир догтар шудааст. Ин мубохисот дар пайи як икдоми порлумони Точикистон, ки дар соли 1993 номи «форси» дар дохили паронтез дар канори вожаи «точики»-ро аз матни конуни асосии ин кишвар берун андохт, шиддат гирифт.
Бархе аз сохибназарон нуфузи тарафдорон ва пайравони сиёсатхои Русияро дар берун андохтани вожаи «форси» аз матни конуни асоси ва хатто барчидани навиштахо ба хатти форси дар хиёбонхои шахри Душанбе, пойтахти Точикистон, муассир медонанд, вале давлат ва макомхои порлумони то кунун посухи мушаххасе ба ин суол надодаанд. Ин дар холест, ки рушанфикрон ва донишмандони барчастае чун Мухаммадчон Шакури хамвора бар ягонагии забоне, ки имруз дар Эрон «форси», вале дар Афгонистону Точикистон ба бахонахои сиёси «дари» ва «точики» номида мешавад, таъкид кардаанд. Ормони бозгашт ба хатти форси Окодемисян Шакури ва шуморе аз рушанфикрони точик дар ин авохир мавзуъи бозгашт ба хатти суннатии форсиро матрах намуда ва дар махофили мухталиф пешниход кардаанд, ки барои бозгашти мархила ба мархила ба ин хатт замина фарохам карда шавад. Окои Шакури мегуяд: «Ман тарафдори эхёи дубораи хатти ниёгон хастам. Шарт нест, ки имруз мо зуд аз хатти сириллике, ки дорем, даст кашем, вале бозгашт ба хатти ниёгон, имруз ё фардо ё пасфардо, дер ё зуд амре зарурист. Агар мо аз таърихи хазорсолаи худ даст кашидан нахохем, пас бояд ба хатти кадимии худ баргардем». Бозгашти мархила ба мархила ба хатти форси аз чумлаи бандхои аслии конуни забони давлати дар Точикистон буд, ки хабдах сол пеш тасвиб шуд, вале макомот барои ичро нашудани ин банди конун хамеша дастовезхое дар даст доштаанд. Бо ин хол, Усмон Назир, шоъири точик ва раиси бунёди байналмилалии забони форсии точики, мегуяд: «Тархи конуни чадиде, ки тоза ба давлат пешниход шуда, чорахоеро дар ин росто дар назар дорад. Порлумон пас аз мураххасии тобистони, ин санадро барраси хохад кард ва умедворам давлат хам аз он химоят кунад. Гумон мекунам ин санад ба омузиши хатти ниёгон ва мероси гузашта кумак хохад кард». Тарчумазадаги Аз дардхои дигари забон дар Точикистон дарди тарчумазадаги, истифода аз вожахои гайр ва истилохоти гушхарош аст. Бавижа, навиштахо ва ибороти бемаъни ва ё тарчумашуда аз забони руси, ки дар пустерхои таблиготи ва эълонхо дар хиёбонхои шахри Душанбе зиёд ба чашм мерасанд, нигаронихоеро дар чомеъа барангехтааст.
Толиби Рози, раиси кумитаи истилохоти Фархангистони улуми Точикистон мегуяд: «Ин тарчумахо гохо бисёр хандаовар хастанд. Агар мо ба кадри забони худ нарасем, каси дигар намерасад. Аз ин ру мо аз масъулони шахрдори мехохем, ки бо кумитаи истилохот хамкори кунанд ва камбудихои забониро бартараф созанд». Окои Рози ба тавонмандии забони форси дар заминаи фарогирии матолиби илми эътимод дорад ва мегуяд хамакнун талошхое дар Точикистон дар заминаи хамгунсозии истилохот бо шевахои роич дар Эрону Афгонистон сурат мегиранд. Хамгунсозии вожахо Вале ин чараён оханги муназзаме надошта ва дар сатхи расонахо махдуд будааст ва макомхои се кишвари форсизабони Эрону Афгонистон ва Точикистон то кунун хеч икдоми муштараке барои ба хам овардани гуйишхои забони форси анчом надодаанд. Ин дар холест, ки Носир Сармадии Порсо, сафири Эрон дар Точикистон ахиран дар як нишасти хабари ибрози умедвори кард, ки нухбагони се кишвар, забондонон ва пажухишгарон гирдихам оянд ва ниходе ташкил бидиханд ва ба шеваи созмонёфта руйи гуйишхои забон бо хам кор кунанд.
Окои Порсо бо ишора ба харакати суъуди вале кунди хамгироии забони миёни се кишвари форсизабон гуфт, ки мумкин аст ин мавзуъ дар нишасти рахбарони се кишвар дар Душанбе, ки хафтаи оянда баргузор хохад шуд, барраси шавад. Вале ба гуфтаи сохибназарон баъид аст, кишвархое ки бо доштани системхои сиёсию идеулужии мухталиф дар чихатхои комилан мутафовит аз хам гом мебардоранд, бар сари масъалае монанди забон бад-ин осони ба тавофуки назаре даст ёбанд. Албатта накши сиёсатхо дар нигахдори ва густариши забон бисёр муассир талакки мешавад, вале ба гуфтаи сохибназарон то замоне, ки мардуми се кишвар ба дарки ахаммияти забон ва робитаи он бо манофеъи иктисоди ва миллии худ намерасанд ва барои тарвичи он дар баробари фароянди чахонишави кушише ба харч намедиханд, таваккуъоти хушбинона дар ин маврид маъни нахохад дошт. Зимнан, забони форси дар Эрон ва Афгонистон, ду кишвари дигари порсигу низ аз мушкилот бари нест ва ин забон акнун ба рудхонаи саргардоне мемонад, ки ба далели пора-пора шудан ва кашмакашхои нохоста аз чараёни табиъии худ бадур монда ва дар мачмуъ хеч тавофуки назар бар сари халли мушкилоти вобаста ба он вучуд надорад. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||