http://www.bbcpersian.com

17:20 گرينويچ - چهارشنبه 14 ژوئن 2006 - 24 خرداد 1385

Шахзода Назарова
пажухишгари точик, мукими Ландан

Аз Самарканди чу канд

Мачмуъаи «Аз Самарканди чу канд» гузинаи шеърхои бист тан аз шуарои точикзабони Узбакистон аст, ки зимистони гузашта дар Техрон (дар ду хазор нусха) бо хатти форси ба табъ расидааст.

Гирдоварандаи он дуктур Иброхими Худоёр аст, ки солхои 1999 то 2002 дар шахри Тошканд, пойтахти Узбакистон вазифаи сарпарасти ройзани фархангии чумхурии Исломии Иронро бар ухда доштааст.

Ин мачмуъа, гарчанд «Аз Самарканди чу канд» унвон гирифтааст, аммо шоирони хавзахои адабии Фаргона (Сух), Сурхондарё (Сина ва Бойсун), Кашкадарё, Тирмиз, Тошканд ва Чиззахро низ дар бар гирифтааст.

Дар ин мачмуъа ки хосили кори чандинсолаи тахиягар аст, шархи холи муфассали шоирон бо акс ва намунахое аз сабкхои мухталифи эчод ва шоирони гуногунро мебинем, ки бо назми синну соли карор гирифтаанд.

Шуруъ аз мархум Чонибеки Кувнок(1941-1999) аз хавзаи адабии Тошканд ва итмом ба шоири чавони самарканди Парисо, мутаваллиди соли 1980.

"Эрони"он суйи Чайхун

Чи аз назари торихи ва чи адаби яке аз бахшхои пурарзиши ин китоб мукаддимаи муфассали он аст, ки хосили тахкики чандинсола ва алокаи бепоёни тахиягар ба ин мантака ва мардуми он аст. Ин китоб барои хонандаи эрони сайри равшанест дар чахони сангин ва муборизоти фархангии як асраи точикон, ки аз замон чудойи фарханги аз Эрон то замони фурупошии Иттиходи Шуравиро дакик ба калам додааст.

Иброхими Худоёр аз он чехрахои дустдори адаби форсист, ки дар бештарин хавзахои адабии точикон дар Узбакистон хузур доштааст ва бевосита дастгир ва ёрирасон дар мухайё сохтани китобхои адаби барои онон будааст.

Вай худ дар мукадима меорад: «Мачмуъаи Аз Самарканди чу канд ... хосили унс ва улфати нигоранда бо Эрони он суйи Чайхун дар солхои хузур дар Мовароуннахр аст».

Сайри торихи дар дунёи точикон

Тахлили муффасал ва жарфи нигоранда ки уро дар накши мудофеъ аз заъф ва норавонии шеъри форсизабонони Узбакистон намудор месозад, дунёи замони шурави ва идюлужии шуравиро дубора ва бо тарзи амик барои форсигуйёни «он суйи девори сангин» ёдовар намудааст. Нигоранда гуё шукронасароест, ки бо Бозор Собир, шоири Точикистони хамдил аст, ки мегуяд: ... Рахмат ба хоки Бухоро, рахмат ба хоки Самарканд

Аммо дар чойи дигар: Агарчи аз мероси арзандаи шеъри Эрон ва Точикистон бахра бурдааст, хануз дар ибтидои рох аст ва лочарам хом ва нопухта. Ин шеър (манзур шеъри шоирони порсигуйи Узбакистон) аз он чо ки ба хуби аз сарчашмаи зулоли мероси гани ва азими гузаштаи худ сероб нашудааст, гуйи барои нахустин бор халк шудааст. Бинобар ин ташбехот содда махсус, ишорот ва талмехот махдуд ва такрор дар он ба вуфур дида мешавад...»

Аммо ... барои ман шигифтангезтарин кашфхо замоне рух дод ки мутаваччех шудам, ки пас аз як карн тозиёна ва захм, насле огох аз фарзандони Рудаки ва Сино ба забоне сухан мегуянд ки барои ман ва амсоли ман ки заррае дарди хувияти ирони дорад.»

Шоир ойинаи чомеъаи худ аст

Аммо барои як хонанадаи точикзабони Узбакистон, ки ин китоб тоза ба дасташ расида, мутаваччех хохад шуд, ки ин китоб дер аз рох расидааст. Яъне аз соли чамъоварии шеър ва акс ва шархи холи шоирон хувайдост, ки иттилоъот хадди акал 5 ё 6 сол кухнаанд.

Шоирон низ бо имконоти солхои охир ва боз гаштани роххои иртиботи фарханги бо Ирон ва Точикистон чандин кадам рушд кардаанд. Чи дар сабк ва чи дар забон тозагихои назаррасе дар шеъри онон дида мешавад, ки мутаасифона дар ин мачмуъа фурсати зухур надоштаанд.

Шоирони чавоне ки номдортар ва дилбастатар аз насли кадимтари хеш пой дар рохи шеър гузоштаанд, дар ин мачмуъа пайдо нестанд.

Аз хавзаи адабии Самарканд Дилшоди Фарходзод ва Манзура ва Чанобилро метавон мисол овард, ки дар чанд соли ахир сохиби мачмуъа ва сабки хосси худ шудаанд ва бо хар далоиле дар ин мачмуъа чой нагирифтаанд.

Хамчунин аз хавзаи адабии Бухоро, ки танхо се тан шоири порсигуй боки мондааст, факат дар мукаддима аз онхо сухан меравад ва намунае ва иттилоъи бештаре дар ин мачуъа аз онхо ба назар намерасад.

Бо вучуди тахкикоти доманадор ва мехри саршори гирдоваранда, ки аз забони навиштори у пайдост, ин китобро мачмуъаи комил ва дакикназар аз чахони шоирони порсигуйи Узбакистон хондан душвор аст.

Иброхими Худоёр, ки дар пайи тахкик ва тахлили дунёи точикони Узбакистон матолиби бисёре дар тайи ин солхо ба табъ расондааст, ин мачмуъаро «ба шоъирони хамзабонаш дар Мовароуннахр ба поси хамаи бузургворихояшон такдим кардааст».

Огойи Худоёр хамчуноне ки дар мукаддимаи ин китоб овардааст, дар пайи омодаи чоп сохтани чунин мачмуъае аз шуарои узбакзабони Узбакситон низ хаст.