|
Устоди ракс | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Ба пешвози 90-умин солгарди таваллуди Гаффор Валаматзода, устоди саршиноси ракс ва Хунарманди мардумии Иттиходи Шуравии пешин, ки ин хафта дар Точикистон бо шукух тачлил шуд. «Халки точик тули хазорсолаи таъриху тамаддуни худ намоёнтарин хунар, санъати раксро ба вучуд овардааст. Метавон гуфт, ки маркази санъати хореографии Осиёи Маркази сарзамини точикон аст.» К.З.Голейзовский Чойгохи ракс дар фарханги милли Хунари ракс асрхост, ки дар фарханги миллии мардуми мо чойгохи вижаеро касб кардааст. Дар гузашта раксро «пойбози», «пойкуби» ва «рокис» низ ном мебурдаанд.
Истилохи «ракс» дар адабиёти клоссикии точик ба маънои харакати мавзуни бадан, гамзаву нафосату зебои, чунбиши пайкари одам ва баёни афкор ва эхсосоти ботини омадааст. Тули карнхо ракси точик солномаи хаёти зисту зиндаги, хулку атвор, урфу одат, олами маънави ва тафаккури миллии ин мардум будааст. Санъати ракс хампояи замон буда, аз чониби мутахассисон такмил шуда ва то ба замони мо расида бархе аз аносири сахнави ба худ касб кардааст. Аввалин гурухи балет дар Душанбе Соли 1936 дар тиотри тозабунёди мусикии шахри Душанбе (соли 1940 он ба тиотри опера ва балет табдил дода шуд) гурухи балет таъсис ёфт. Харчанд дар ин гурух раксандахое чун Марям Файзибоева, Гаффор Валаматзода, Азиза Азимова, Абигай Исхокова, Офтоб Исомова, Сурия Бахор, Усмон Рабимов ва Сангали Хочаев хунарнамои мекарданд, аммо ба гуфтаи мухаккикони хунар мактаби раксии Гаффор Валаматзода пайкарасоз ва точикона буд.
Гаффор Валаматзода зодаи шахри бостонии Хучанд, вокеъ дар шимоли Точикистон аст. У соли 1932 омузишгохи мусикиро дар шимоли Точикистон хатм карда ва баъд ба омузишгохи хореографи ва шуъбаи балетмейстерии Донишгохи давлатии санъати тиотрии ба номи А.Луначарскийи Москов пазируфта мешавад. Пас аз хатми ин донишгох дар соли 1951 вай то соли 1963 устоди аршади ракс ё сарбалетмейстери тиотри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шахри Душанбе ва директори филармонии давлатии Точикистон буд. Таъсиси гурухи раксии «Лола» Гаффор Валаматзода соли 1965 гурухи раксии «Лола»-ро таъсис дод.
Малика Каландарова, Халима Эркаева, Шарофат Рашидова, Савригул Курбонова, Хосият Боева, Ислом Камолов, Муродали Ниёзов, Абдурахмон Кодиров ва Сайдали Гадоев пайравон ва шогирдони мактаби хунарии ин устоди гаронмояи ракс махсуб мешаванд. Нигохе ба раксхои «Лола» Аксар барномахои гурухи ракси бо сюита ё китъаи мусики ва раксии «Сайри лолахо» огоз ёфта ва оханги хуши зангулахои раккосон таваччухи бинандаро ба суи худ мекашонд.
Раксхои «Синахуруш» зери навои оханги классики, «Дарвози», дафнавозии занхои дехоти Калъаи Хумб, «Дугонахо», дар ичрои Хосият Боева ва Зебогул Сабурова, ду духтари хунарманди точик, «Мохигирон» ракси кумеди ё мазхакави, «Нигорабози» зери садои дойра ва карнай, «Мори печон», аз сехру чоду начот ёфтани инсон, (Ин раксро Шарофат Рашидова хеле хуб ва мохирона ичро карда буд), «Парвоз», «Духтари Шугнон», «Гулбози», «Хафт ситора», «Накшу нигори Фаргона», «Хоразми» ва даххо номгуй раксхои маргуб ва хотирмони дигарро Гаффор Валаматзода эчод кардааст, ки шукуху шахомати ин осор гурухи «Лола»-ро ба куи мурод расонидааст. Устод Валаматзода дар операхои «Парии оби»-и А.Даромыжский (1951), «Анда»-и Ч.Верди (1954), «Шуриши Восеъ»-и С.Баласанян (1958), «Княз Игор»-и А.Бородин (1960), «Гуломон»-и З.Шахиди (1960) ва дигарон тахиягари ракс буд. Накши Валаматзода дар рушди ракси милли Гаффор Валаматзода балети точикро инкишоф дода, дар он унсури ракси миллии точикиро бо ракси клоссикии урупои пайвастааст.
У дар санъати ракс харакатхои бошитоб, чушу хуруш, чархзанихои босуръат, нафосати зохири ва таносуби ансамблиро ворид кардааст. Дар барномаи даста раксхои узбаки, уйгури, тотори, озари, лазги, туркмани, хинди, эрони, афгони ва араби чой доштанд. Ин ансамбли шухратёр зери рохбарии Валаматзода ба Афгонистон, Эрон, Хиндустон, Покистон, Мугулистон, Фаронса, Италиё, Юнон, Белжик ва Олмон сафари хунари анчом додааст. Подоши хадамот Соли 1974 бунёдгузори ансамбли «Лола» Гаффор Валаматзода, рохбари бахши мусики Домуллочон Назаров, хунармандон Малика Каландарова, Халима Эркаева, Хосият Боева ва Шарофат Рашидова барандаи чоизаи давлатии ба номи устод Рудаки гардидаанд ва соли 1976 барои захматхояш дар инкишофи ракси милли ва хирфайи Гаффор Валаматзода унвони хунарманди мардумии Иттиходи Шуравиро ба худ ихтисос дод. Устод Валаматзода умри бобаракати хешро сарфи ин хунар карда то вопасин нафаси зиндагиаш барои рушди ракси милли ва пойдории ансамбли давлатии раксии «Лола» фаъолият карда ва соли 1993 калби зебои у аз тапидан бозмонд, аммо бешак хунари воло ва офаридахояш исми уро дар таърихи фарханг ва хунари миллии точики човидони хаккоки кардааст. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||