|
Афзоиши киммати нахи панба дар Точикистон | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаъолияти корхонаи муштараки нассочии «Кабоол-Точик-Текстайлз» дар шимоли Точикистон мутаваккиф шуда ва акнун беш аз 1 хазору 200 коргари ин корхона ба мураххасии ичбори рафтаанд. Масъулони вазорати саноеъи Точикистон болоравии киммати нахи панба барои тавлидкунандагони порча ё матоъ ва коло дар дохили кишварро илали аслии ин амр унвон кардаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ холо содироти нахи панба аз Точикистон ба хоричи кишвар дар мукоиса бо тавлиди порча ва коло аз он дар дохили кишвар суди бештаре доштааст. Дар холе, ки «Кабоол-Точик-Текстайлз», бузургтарин корхонаи нассочии Точикистон дар паи болоравии киммати нахи панба дар дохили кишвар аз дируз фаъолияти худро муттавакиф кардааст, имруз рахбарони корхонахои дигари нассочии кишвар бо ироъаи як нома аз имкони мутаваккиф кардани фаъолияти корхонахои худ дар рузхои оянда хушдор додаанд. Ба гуфтаи Абдукарим Хикматов, муъовини вазири саноеъи Точикистон холо ин корхонахо тибки тасмими вазоратхои иктисоду тичорат, кишоварзи ва Ожонси сиёсати зидди инхисороти Точикистон бояд барои тавлиди порча ва коло нахи панбаро бо киммати як хазору 56 дуллор барои як тун харидори кунанд. Макомоти ин ниходхо, ба гуфтаи окои Хикматов, чунин тасмимро ба манзури мусоидат дар халли мушкили бозпас додани бидехихои панбакорони точик, ки маблаги он худуди 300 милюн дуллор арзёби мешавад, иттихоз кардаанд. Вале мудирони корхонахо ва ширкатхои нассочи изхор доштаанд, ки дар ин сурат тавлидоти корхонахои онхо дар бозор ракобатпазир нахохад буд. Аз суи дигар, ба гуфтаи окои Хикматов киммати нахи панба барои содиркунандагони он ба хорич аз кишвар бетагйир боки монда ва муодили 948 дуллор барои як тун будааст. «Вакте мо нахи панбаро бо киммати бештар аз 108 дуллор харидори мекунем, киммати порча ва колои тавлидоти аз он то 20 дар сад афзоиш меёбад. Вале, ба унвони мисол ширкатхои руси аз Точикистон хамин нахи панбаро аз 108 дуллор арзонтар харидори мекунанд ва колохои тавлидотии онхо дар бозор бештар ракобатпазир мегардад». Окои Хикматов афзуд, дар чунин вазъ содироти нахи панба ба хорич аз кишвар суди бештаре хохад дошт. Вале аз суи дигар Абдукарим Хикматов аз он изхори нигарони кард, ки рушди арсаи нассочи дар кишвар аз увлавиятхои сиёсати иктисодии давлати Точикистон махсуб меёбад ва вазорати саноеъ муваззаф шудааст, ки то соли 2015 куллия нахи панбаи тавлиди Точикистон дар корхонахои нассочии ин кишвар ба порча ё матоъ ва коло табдил дода шавад. Ин дар холест, ки ба гуфтаи окои Хикматов дар соли гузашта аз 151 хазор тунн нахи панбаи тавлиди кишоварзони точик танхо 20 хазор тунн дар ин кишвар мавриди коркард карор гирифтааст. Дар хамин хол ба эътикоди бархе аз иктисоддонхои точик, чунин эхтимол низ вучуд дорад, ки тасмим дар мавриди боло бурдани киммати нахи панба барои корхонахои нассочи дар дохили кишвар, зери фишори гуруххои содиркунандаи ин мавод иттихоз шудааст. Зеро рушди арсаи нассочи дар Точикистон имконоти тичоратии ин гуруххоро махдуд месозад. Аз суи дигар, ба гуфтаи муъовини вазири саноеъи Точикистон боло бурдани киммати нахи панба, ба кохиши таваччухи сармоягузорони хоричи ба ин бахши иктисоди Точикистон мунчар хохад шуд. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||