BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 12:52 گرينويچ - دوشنبه 15 مه 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Нигарони аз афзоиши тавлиди маводди мухаддир дар Афгонистон
 
Рахмонов ва ширкаткунандагони конфронс
Ба гуфтаи Эмомали Рахмонов, раиси чумхурии Точикистон дар панч соли ахир тавлид ва кочоки маводди мухаддир дар Афгонистон 3 баробар афзоиш ёфтааст
Раиси чумхури Точикистон талошхои чомеаи чахони барои чилавгири аз кишт, парвариш ва кочоки маводди мухаддир дар Афгонистонро нокофи хонда ва гуфтааст, ки дар панч соли ахир тавлид ва кочоки маводди мухаддир дар ин кишвар 3 баробар афзоиш ёфтааст.

Эмомали Рахмонов имруз дар як конфаронси байналмилали дар шахри Душанбе таъкид кардааст, ки аз тарики рушди иктисоди Афгонистон, эчоди иштигол ва мусоидати моли ба кишоварзони афгон барои ташвики ин афрод ба кишти зироати олтернотив ба кохиши маводди мухаддир дар ин кишвар метавон даст ёфт.

Ба гуфтаи президент Рахмонов харчанд кишвархои кумаккунанда ва созмонхои байналмилали барои мубориза бо маводди мухаддир дар Афгонистон талоши зиёд ба харч дода ва солиёна барои ин амр беш аз 800 милиюн дулор ихтисос медиханд, вале ин икдом дар рохи чилавгири аз тавлид ва кочоки маводди мухаддир чандон муассир набудааст.

Раиси чумхури Точикистон таъкид кард, ки дар солхои ахир тавлиди ин мавод дар Афгонистон се баробар афзоиш ёфтааст:

"Майдони кишти хашхош ва коргоххои тавлиди херуин дар ин кишвар кохиш наёфта, баръакс дар холи афзоиш аст. Масалан, дар се мохи соли чори кочоки маводди мухаддир аз Афгонистон ба Точикистон дар мукоиса бо давраи мушобехи соли гузашта 26 дар сад ва кочоки херуин беш аз 50 дар сад афзоиш ёфтааст."

Чон Ровз, раиси Маркази мутолеъоти амниятии Урупо мавсум ба Чорч Маршалл ва яке аз созмондихандагони ин конфронс ба навбаи худ гуфт, ки дар пайи талошхои кишвархои кумаккунанда ва давлати Афгонистон майдони кишти хашхош дар бархе аз манотики ин кишвар ба таври кобили мулохиза кохиш ёфтааст:

"Ман фикр намекунам, ки президент Рахмонов фаъолияти кишвархои кумаккунанда ва созмонхои байналмилали дар заминаи мукобала бо маводди мухаддир дар Афгонистонро зери суол бубарад. Баръакс, у хостори талошхои муштараки чомеаи чахони дар мубориза алайхи ин зухуроти номатлуб шуд. Пешниходи окои Рахмонов дар мавриди таъсиси Эътилофи байналмилалии мукобала бо маводди мухаддир аз ин чо маншаъ мегирад."

Аз суи дигар, женерол Худойдоди Хазора, муъовини вазири назорат бар маводди мухаддири Афгонистон даъвати раиси чумхури Точикистон аз Эътилофи байналмилалии алайхи терурисм дар Афгонистон мабни бар мусоидат дар таквияти неухои марзбони афгонро дар амри чилавгири аз афзоиши кочоки маводди мухаддир муаассир хонд:

«Бояд нируи марзбони ва пулиси Афгонистон ва нирухои марзбони Точикистон бо мусоидат кишвархои кумаккунанда ва созмонхои байналмилали таквият шаванд. Дар гайри ин сурат мукобала бо маводи мухаддир душвор хохад буд».

Эмомали Рахмонов, раиси чумхури Точикистон дар ин хамоиш аз фаъолияти ниходхои зирабти ин кишвар дар мубориза бо маводди мухаддир кадрдони кард ва гуфт, ки дар зарфи дах соли ахир ин ниходхо аз назди кочокчиён беш аз 60 тун маводди мухаддир мусодира кардаанд, ки ин ракам миёни кишвархои мустакили хамсуд бесобика будааст.

Хамчунин, ба гуфтаи окои Рахмонов дар ин муддат теъдоди атбоъи Точикистон, ки барои интиколи маводди мухаддир дар кишвархои хоричи боздошт шудаанд, беш аз чахор баробар ва теъдоди муътодон дар ин кишвар панч баробар кохиш ёфтааст.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران