|
'Боучер: 'Эрон манбаъи бесуботист | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Ричорд Боучер, муъовини вазири хоричаи Омрико дар умури Осиёи Маркази ва Чануби, ки имруз бо раиси чумхури Точикистон дидор дошт, гуфтааст, ки Эрон манбаъи бесуботи дар мантака аст. Ин диплумоти омрикои ба хабарнигорон дар Душанбе гуфтааст, ки кишвархои мантака, ки бо Эрон робита доранд, бояд мутмаъин бошанд, ки равобити онхо аз лихози тичори "муносиб" аст. Окои Боучер дар чараёни сафари худ ба Точикистон бо намояндагони ахзоби сиёси ва чомеъаи мадании ин кишвар низ дидор ва гуфтугу кардааст. Муъовини вазири хоричаи Омрико пас аз дидору гуфтугуи тулони бо президент Рахмонов бо хабарнигорон сухбат кард ва гуфт, ки мавзуъи барномаи хастаии Эрон аз чумлаи мавзуъоти матруха дар сухбаташ бо Эмомали Рахмонов буд. Окои Боучер давлати чадиди Эронро манбаъи бесуботи дар мантака хонд: "Мутаасифона Эрон, бахусус давлати чадиди ин кишвар, аз дидгоххои мухталиф манбаъи бесуботи дар мантака будааст. Онхо дар умури кишвархои хамсоя дахолат мекунанд ва ба хушунатхое, ки алайхи талошхо барои тахаккуки субот дар Ховари Миёна сурат мегирад, мусоъидат мекунанд". Окои Боучер хамчунин бар хатароти ноши аз дастёбии Эрон ба силоххои хастаи дар минтака таъкид кард: "Дастёбии Эрон ба силоххои хастаи суботи минтакаро тахдид мекунад. Мо якчо бо кишвархои дигар аз роххои диплумотик талош мекунем, то Эрон аз ин гуна фаъолиятхо, бахусус дар умури хастаи даст бардорад." Муъовини вазири хоричаи Омрико хамчунин бо ишора ба манофеъи тичоратии кишвархои мантака аз хамкори бо Эрон гуфт: "Мо эътироф мекунем, ки кишвархои минтака равобити мушаххасе бо Эрон доранд, аммо бояд мутмаин буд, ки ин равобит аз лихози тичори муносиб аст, зеро ин кишвархо ба хотири Эрон бо навъи мушкилоте, ки дигар кишвархо дучор шуданд, ру ба ру нашаванд". Аз суйи дигар, Ричорд Боучер гуфт, ки кишвараш алокаманд аст вазъи амнияти дар мантака бехтар шавад ва дар ин замина аз талошхои Точикистон барои хифзи марзхои худ такдир мекунад. Ба гуфтаи у Омрико мехохад имконоти иктисодии Точикистон густариши бештаре пайдо кунад ва ин кишвар ба бозорхои тоза даст ёбад. Дар ин замина окои Боучер зимни таъкид бар зарурати хамгироии мантакаи гуфт, ки аз химояти президент Рахмонов аз ин раванд кадрдони мекунад. Хамчунин Ричорд Боучер зимни арзёбии фаъолияти ахзоби сиёси дар Точикистон дар остонаи интихоботи ояндаи раёсати чумхури таъкид кард, ки бархе аз масоили марбут ба демукроси дар Точикистон, аз чумла дастраси ба иттилоъот бояд бехбуд ёбад. Вай афзуд, Точикистон дар остонаи интихоботи раёсати чумхури карор дорад ва давлати ин кишвар бояд фаъолияти мунсифона ва шаффофи кумисиюни интихоботиро дар чараёни ин интихобот таъмин кунад. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||