|
Кисмати беш аз хазор китоби точики дар Ландан | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мадрасаи Мутолиъоти Офрикои ва Осиёи (SOAS) вобаста ба Донишгохи Ландан яке аз боарзиштарин муассисахои омузиши ва пажухиши дар кишвари Бритониё ба шумор меравад. Ин мадраса аз ин лихоз дорои ахамияти вежа аст, ки китобхонае бо шумори зиёди кутуб аз мамолики мухталифи чахон дорад. Дар ин китобхона аз соли 1917 то имруз садхо хазор кутуб дар риштахои мухталиф аз гушаву канори кишвархои офрикойи ва осиёйи гирдовари шудааст. Ин китобхона ки солона хазорон-хазор донишчуён ва мухаккикон аз тамоми дунё аз он истифода мебаранд, дорои шуъбаи бузурге марбут ба кишвархои Осиёи Миёна аст. Дар ин мадраса бисёре аз забонхои офрикойи шуъбахои махсусе худро доранд, ки мураттаб конфоронсхои илми баргузор менамоянд, аммо шуъбаи омузиши забонхои Осиёи Миёна дар ин муассиса вучуд надорад. Вале кобили тахзаккур аст, ки шуъбаи сиёсии он тавуччух ва назари амике нисбат ба ин мантака дорад. Бештари китобхое, ки аз кишвархои Осиёи Миёна ба дасти ин китобхона расидааст марбут ба замони шуравист. Аз торих то адабиёт ва забоншиноси, ки дар солхои байни 1940 то 1980-85 дар Иттиходи Шурави ба табъ расидаанд. Поёни шурави поёни густариш буд Питер Колвин, ки мудирияти шуъбаи Осиёро бар ухда дорад, аз системи мубодилаи кутуб байни китобхонахо мегуяд. Ин сохторест, ки кулли китобхонахои дунё хануз низ аз тарики он кутубхои мавриди ниёз ва писанди мурочеъони худро радду бадали мекунанд.
Огои Колвин, ки фаъолияти худро аз соли 1970 дар ин китобхона шуруъ намудааст, аз замони шурави сухан огоз мекунад ва мегуяд, ки иттиходи шурави ба системи табодулоти кутуб байни донишгоххо ва китобхонахо бисёр арзиш койил буд ва аз ин систем ба тарзи ахсант истифода мебурд. «Аз ин чост, ки мо имруз хазорон кутуб аз кишвархои бародарони шурави дорем. Мутаасифона, аз солхои инкирози шурави то имруз ин равобит заъиф шудааст. Бо кишвархое, ки тоза истиклоли худро ба даст овардаанд ва гирифтори мушкилоти иктисоди ва сиёси шудаанд, робитаи мо комилан гусаста аст.» Гушаи хилвати точики Бо огои Колвин ба тамошои шуъбаи точики меравем. Вай ягон-ягон ба китобхои дустодоштайи худ даст мебарад ва мегуяд: «Ман инхоро бо хатти форси хондаам». Шуъбаи точики беш аз хазор китоб дорад, ки такрибан солхои авохири 80-ум
Огои Колвин мегуяд, ки дар шуъбаи Уйгури вазъ бехтар аст ва далели онро хатти форси медонад, ки уйгурхо онро бо тагйироти кучаки истифода мекунанд. Дар бахши дигар кишвархои хамсоя, мисли Казокистон, Киргизистон, Туркманистон ва Узбакистон низ вазъ каму беш чунин аст. Аммо бахши руси то хол мурочеъони ва мухаккикони бештаре дорад ва алокаи донишчуёни махалли ба омузиши ин забон гарчанд каме костааст, аммо хануз барчост. Даст ба китоби «Торихи Точикистон» ба забони руси мебарам, ки чахор дафъа мухр хурдааст. Китобхои марбут ба дунёйи точики, ки бо забони руси нашр шудаанд, хонандагони бештаре доштаанд. Питер Колвин мегуяд, ки омузиши забони форси ва руси дар байни чавонони инглисизабон муътабар буда ва хамчунон мондааст. Аз ин чост ки хонандагони мо бештар худи инглисизабонхоянд, то донишчу ва ё мухаккикони хоричи. Донишчуён ва мухаккикони хоричи ин китобхоро дар кишвархои худ низ метавонанд пайдо кунанд ва ин чо дунболи китобхое мегарданд, ки дар кишвархои онхо кампайдост. Дар сояи сиёсат Шуъбаи форси яке аз бузургтаринхост ва муштариёни бисёре дорад. Ба тоблуйи кутуби чадид нигох мекунам ва дар байни китобхои мухталиф аз кишвархои гунонун китоберо мебинам, бо унвони «Хомайни» ки навиштаи Бокири Муйин аст. Ин китобест, аз рузгор ва зиндагонии Оятуллох Хомайни, ки ба тозаги бозчоп шудааст. Бахши форси хануз мураттаб бо кутуби тоза таъмин мешавад ва системи табодули кутуб бо тарзхои мухталиф хануз барчо боки мондааст. Аз Питер Колвин мепурсам, ки чи гуна мешавад кутуби чадиди точикиро дастраси мурочъони ин китобхона намуд. Вай мегуяд, ки барои китобхона рохаттар ин аст, ки номгуйи китобхои мавриди ниёзи худро дошта бошад ва онхоро бо кимматхои муайян харидори кунад. Дар айни хол ин системи печидаи кишвархои чадид, ки пули инглиси бояд чандид бор табдил шавад, то ба дасти ноширон бирасад, боиси таваккуфи ин кор шудааст. Дар оянда шояд ба зуди ин кишвархои тозаистиклол ба системи байнамиллали хамрох шаванд ва ин корхо низ дубора шуруъ шавад. Хангоми худохофизи, чанд номгуйи китоберо, ки аз китобхонаи худ ва онхоеро ки дар сафархои худ ба Точикистон ва Самарканду Бухоро аз нависандагонашон хоста будам, ки барои ин китобхона эхдо кунанд, ба дасти мудири он месупорам. Дар холе ки системи давлатии кишвархои мо дар холи хозир тавони баровардани ниёзхои чанин китобхонахоро надоранд, чаро фардхои китобдуст ва мухаккиконе, ки гузорашон ба ин тарафхо мерасад, китобе чанд бо худ дастовез наоваранд, то кафасхои марбут ба дунёи точикии мо низ аз хавои истодаи замони шурави берун ояд. Гушайи чадиди «пас аз истиклол» ба вучуд биёяд ва чалби диккати мухаккикони хоричиро дубора зинда созад. Мадрасаи Мутолиъоти Офрикои ва Осиёи яке аз он даргоххои илм дар кишвари Инглистон аст, ки чандин мартаба шабхои шеъри форси, точики ва дари баргузор намудааст. Ин хамон муассисаест, ки пас аз фурупошии шурави Давлатманди Хол бо гурухи хунарии худ дар он хунарнамойи карда ва шоирони шинохтаи точик, мисли Лоик, Муъмин Каноат, Фарзона ва Хаёт Неъмати Самарканди шеърхои худро барои донишчуён ва устодони форсигуй ва мухаккикони порсидуст кироат намудаанд. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||