BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 14:35 گرينويچ - شنبه 08 آوريل 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Муд ва муделсози дар Точикистон
 

 
 
Аксхо аз намоиши муд дар шахри Душанбе
Дар соли 2004 пас аз чордах соли рукуд дар Точикистон аввалин намоишхои муд дар сатхи хирфаи баргузор шуд.
Чанги дохили ва бухрони иктисодиву ичтимоъи дар Точикистон солхои тулони мунчар ба рукуди бахшхое аз фарханг, аз чумла хунари муд ва зебоишиноси дар ин кишвар шуда буд.

Дар ин давра муттахасисони зиёди ин риштаи хунар Точикистонро тарк карда ва дар рушди муд ва бозори хунари кишвархои хоричи бахусус кишвархои хамсоя сахм гирифтаанд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки имруз бо талошхое тоза дар мадорис ва донишгоххои вижаи Точикистон таррохони касби ва муттахасисони муд ва сабкшиносони чавон омода мешаванд.

Танхо дар соли 2004 пас аз чордах соли рукуд дар Точикистон аввалин намоишхои муд дар сатхи хирфаи баргузор шуд. Зеро пас аз катъи фаъолияти Хонаи муди «Бону» дар соли 1990 дар Точикистон хеч хонаи муд ва ё ширкате ки тавони баргузории чунин намоишхои хунариро дошта бошанд, вучуд надоштанд.

Накшаи мудели Равшана, муделсози чавон
Ба гуфтаи хунаршиносон дар Точикистон истеъдодхо аз як су ва манбаъхои мухталифи фулклорик аз суи дигар барои истифода дар муд фаровон вучуд дорад.

Баргузории як намоиши байналмиллалии муд бо ширкати муделсозон ё таррохони либоси Афгонистон, Эрон ва кишвархои Осиёи Миёна дар соли 2004 дар шахри Душанбе барои зебоишиносон ва насли чавони таррохони либос ва муделсозони точик падидае барангезанда будааст.

Мунаввара Рузиева, устоди мадрасаи хунар дар шахри Душанбе мегуяд, тули солхои зиёд давлат ва мардуми точик бештар машгули халли мушкилоти иктисоди ва сиёсии худ будаанд ва муделсозиву муд ба монанди бахшхои дигаре аз фарханг ба буттаи фаромуши супурда шуда буд.

Аммо тайи ду се соли охир чанд таррох ва муделсоз бо кумаки созмонхои байналмиллали дар шахри Душанбе чанд намоиш баргузор карданд, ки ба гуфтаи хонум Рузиева таконе тоза барои муделсозони точик будааст:

«Муделсозон дидан, ки муд дар Точикистон охиста-охиста эхё мешавад ва талабгор пайдо мекунад. Пас аз баргузории аввалин намоишхои муд дар шахри Душанбе онхо бо илхоми тоза ба кори худ даст заданд.»

Аммо хонум Рузиева афзуд, ки хануз хам дар Точикистон ниёзи зиёд барои тахассуси муделсоз ё таррохи либос вучуд надорад: «Хар муделсоз мехохад ки муделхои вай бо тирожи зиёд ба бозор ворид шавад. Аммо барои ин бояд, ки санъати сабук дар Точикистон рушд карда бошад ва корхонахои либосдузи бо муделсозони точик хамкори кунанд.»

Накшае аз муделхои Равшана, муделсози точик
Равшана: Агар вактро баргардонида мешуд, шояд тахассусе дигар барои худ интихоб мекардам. Зеро имруз ба фаъолияти муделсозон дар Точикистон ниёзи кам вучуд дорад ва пешрафт дар ин соха хеле мушкил аст

Равшана Шералиева, муделсози чавони точик тавонистааст бо кумаки созмонхои байналмиллали дар шахри Душанбе намунае аз корхои худро ба намоиш гузорад.

Аммо бо вучуди ин Равшана мегуяд, ки аз рушди ояндаи худ ба унвони муделсоз ноумед аст: «Агар ошкор сухбат кунам, дар холи хозир ман шубха мекунам, ки оё тахассуси дурусте барои худ интихоб кардаам ё на».

«Ман нух сол дар ин соха омузиш дидам, аммо агар вактро баргардонида мешуд, шояд тахассусе дигар барои худ интихоб мекардам. Зеро имруз ба фаъолияти муделсозон дар Точикистон ниёзи кам вучуд дорад ва пешрафт дар ин соха хеле мушкил аст».

Бо вучуди ин дар Точикистон муделсози точике ба сар мебарад, ки натанхо муделхои худро дар дохил ва хоричи ин кишвар ба намоиш мегузорад, балки дар магозаи хусусии худ либосхоро бо этикет ё барчаспи исми худ, яъне Мавлуда Хамроева ба фуруш мерасонад.

Мавлуда Хамроева танхо муделсозест, ки солхои охир ситорахои мусики ва хунари точик низ муштарии кори у шудаанд. Ба ин суол, ки чи гуна тавонистааст дар кори худ муваффак шавад, хонум Мавлуда чунин посух дод:

Мавлуда Хамроева, муделсоз
Мавлуда Хамроева натанхо муделхои худро дар дохил ва хоричи ин кишвар ба намоиш мегузорад, балки дар магозаи хусусии худ либосхоро бо этикет ё барчаспи исми худ ба фуруш мерасонад.

«Дар ибтидо нируи худро барои сохтани имечи худ ба унвони тарррох ва дузандаи либос сарф кардам. Сипас ман ба тавлиди либос огоз кардам. Куллия маблагеро, ки аз кори хайёти ба даст меовардам, барои харидории матохо ва ашёи зарури барои тахияи либос сарф мекардам».

«Хамзамон барои пардохтани маблаги ичораи солунхо ва хакки хизмати коргардонхои намоиши муд пулеро пасандоз мекардам. Гайр аз ин худам муделхоро омузиш додам, зеро барои пардохтани хакки хизмати устодони ракс пул надоштам. Гайр аз ин тахассуси аввали ман иктисодчи хаст ва ин пеша ба ман дар тичорат ва таъсиси фурушгохи ихтисосии либос кумак кард».

Хонум Хамроева афзуд, ки дар оянда мехохад, корхонаи кафшдузи ва атрсозии худро низ таъсис бидихад, зеро ба гуфтаи у ин ришта барояш хам аз лихози иктисоди ва хам аз лихози эчоди чолиб аст:

«Гайр аз ин ман мехохам бештар бо намоишхо ба хорич аз Точикистон сафар кунам. Зеро мехохам, ки муделсозони точик ва унсурхои точики дар чахони муд матрах бошанд, зеро Точикистон дар ин замина потенсиали хубе дорад».

Фурушгохи куллексиюни Мавлуда Хамроева
Мавлуда Хамроева дар оянда мехохад, корхонаи кафшдузи ва атрсозии худро низ таъсис бидихад, зеро ба гуфтаи у ин ришта барояш хам аз лихози иктисоди ва хам аз лихози эчоди чолиб аст

Дар хамин хол хунаршиносон низ ба ояндаи муди точик хушбин хастанд. Ба гуфтаи онхо дар Точикистон истеъдодхо аз як су ва манбаъхои мухталифи фулклорик аз суи дигар барои истифода дар муд фаровон вучуд дорад.

Ба бовари онхо унсурхои миллии точикиро хатто метавон дар бархе аз коллексиюнхои муди урупойи мушохида кард.

Аммо ба гуфтаи онхо муделсозони точик хануз фосилаи байни муди «милли» ва муди «чахони»-ро тай накардаанд, ки тавонанд аз потенсиоли худ барои тахияи муд дар сатхи чахони истифода кунанд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران