|
Барномаи тафрехии точики, 2 апрел | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дурууууд аз дафтари бахши форсии родиюи Би-би-си дар шахри Душанбе!!! Нахуст ба консерти Саттор ва Хасани Шучоъи меравем ва аз Юлдуз, овозхони узбак низ хабаре мегирем ва баъдан меравем суроги Чамшеди Халим, хунарпешаи точик. Консерти Саттор дар Душанбе Шоми рузи одина Саттор, овозхони саршиноси эрони ва Хасани Шучоъи, аз хонандахои эрони, вориди шахри Душанбе, пойтахти Точикистон шуданд.
Сафари хунарии Cаттор ва Хасани Шучоъи, овозхонхои эронии мукими Омрико ба Точикистон бо даъвати «Адмирал», як ширкати хусуси баргузор шуд. Ин дувумин сафари Саттор ба Точикистон аст. Як руз кабл аз баргузории консерт, Саттор ва Хасани Шучоъи бо шогирдони парваришгохи кудакони бесарпанох дар шахри Душанбе мулокот ва ба онхо тухфахое такдим карданд. Ва худи хамон руз дар родиюи «Ватан» бо ширкати ин хунармандон як гуфтугуйи мустакими родиюи сурат гирифт.
Саттор таассуроташ аз Точикистон ва шахри Душанберо чунин баён дошт: «Душанбе хеле кашанг шуда ва тагйироти куллиеро дар симои шахр мебинам. Маълум аст, ки макомоти масъул дар ин замина хеле захмат мекашанд» Ба гуфтаи Хуршед Гафуров, яке аз масъулони ширкати чахонгардии «Адмирал», ки сафари хунарии Саттор ва Хасани Шучоъиро ба Точикистон созмон додааст, дар назар аст ду барномаи консертии ин овозхонхо дар Кохи Борбади шахри Душанбе ва як барномаи дигар дар шахри Хучанд, маркази устони Сугд баргузор шавад. Нахустин сафари Саттор ба Точикистон авоили соли 1995 бо даъвати бахши форсии родиюи Би-би-си сурат гирифта буд ва он замон вай дар шахри Душанбе чанд барномаи консерти ичро кард.
Дар барномаи консертии Саттор дар Душанбе, сухбате доштам бо чанде аз донишчуёни эрони, ки аксари онхо дар Донишгохи пизишкии Точикистон тахсил мекунанд. Донишчуёни эрони аз ин, ки пулис ба онхо ичозаи акс гирифтан бо Сатторро надода, хеле норохат буданд. Вале онхо дар мачмуъ аз баргузории консерт ва овозхонии Саттор рози буданд ва ин консертро хуб арзёби карданд. Чаъфар Чалол, як тамошогари консерти Саттор гуфт, ки мутасаддиёни баргузории ин консерт мебоист бехтар омодаги бубинанд. ба назари окои Чалол, ороиши сахна хуб набуда ва хатто як миз дар сахна пайдо набуд, ки окои Саттор баргахоеро, ки хаводоронаш барои гирифтани соядаст ба у дода буданд, руйи он бигзорад.» Охангхои точикии Юлдуз
Чанде кабл Юлдуз, овозхони махбуби узбакистони, олбуми чадидашро ба бозор арза кард, ки ин олбум таваччухи моро низ ба худ кашид, зеро аз 12 оханге, ки дар ин олбум сабт шуда, 8 оханги он ба форси ичро шудааст. Рузи чахонии ханда Аввали апрел рузи чахонии ханда махсуб мешавад ва дар Точикистон хануз аз даврони Шурави ин рузро рузи дуруггуён медонистанд ва дар ин руз дар толорхо намоишномахои мухталифи хачви ичро мешуд.
Миёни чавонон дар Точикистон Чамшеди Халим, хунарпешаи теотр-истудиюи «Лахзахои гуворо» хаводорони зиёде дорад. Дар "Кохи Чоми" бо ширкати Чамшед ва хунарпешагони дигари точик барномаи чолибе баргузор гардид. Таманниёту пешниходоти худро ба мо бинависед. Пусти электрунии мо Zevarshoh@bbc.tj аст. То барномаи дигар Падруууууууууууууууууууд!!! Зевар-Show |
مطالب مرتبط Барномаи тафрехии точики, 19 феврал19 فوريه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 12 феврал 13 فوريه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 5 феврал06 فوريه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 29 январ29 ژانويه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 22 январ22 ژانويه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 15 январ15 ژانويه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 8 январ08 ژانويه، 2006 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 1 январ02 ژانويه، 2006 | تاجيکستان | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||