BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 13:32 گرينويچ - سه شنبه 21 مارس 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Тачлили Навруз дар шахри Душанбе
 
Омфитеотр, махалли тачлили расми аз Навруз
Маросими тачлил аз чашни Навруз дар мучтамаъи тафрехии «Пойтахт-80» бо ширкати макомоти баландпояи давлати, фархангиёни ин кишвар баргузор шуд.
Имруз дар куллия шахрхо ва навохии Точикистон чашни Наврузро расман тачлил кардаанд.

Дар маросиме, ки ба ин муносибат дар маркази шахри Душанбе баргузор шудааст, Раиси чумхури Точикистон ширкат варзида ва сокинони ин кишварро бо фаро расидани Навруз шодбош гуфтааст.

Соли чори тибки як тасмими давлати Точикистон ба рузхои таътилоти наврузи дар ин кишвар як рузи дигар афзудааст ва аз ин сол ба баъд сокинони Точикистон ба мунсоибати чашни Навруз чахор руз таътил хоханд дошт.

Маросими тачлил аз чашни Навруз дар шахри Душанбе дар мучтамаъи тафрехии мавсум ба «Пойтахт-80» бо ширкати макомоти баландпояи давлати, фархангиёни ин кишвар ва худуди 4 хазор аз сокинон ва мехмонони пойтахти Точикистон баргузор шуд.

Эмомали Рахмонов, Раиси чумхури Точикистон зимни суханрони дар ин маросим мардуми кишварро бо фаро расидани чашни Навруз шодбош гуфт.

Окои Рахмонов хамчунин гуфт, ки тачлил аз Навруз як сунани ориёии мардуми форсизабон аст ва давлати Точикистон талош дорад, ки ин сунати миллиро ба таври комил дар ин кишвар эхё созад. Окои Рахмонов дар ин бора афзуд:

«Таърих гувох аст, ки Навруз хануз дар замони салтанати Чамшед аз чашнхои бузурги ориёи махсуб ёфта аз он 6 руз тачлил мегардид. Суруду навохои сурангези наврузи таввасути хунари ромишгари бехамто - Борбад ва шеъри Рудаки ба тамоми чахон пахн шудааст. Имруз чашни Навруз дар кишвари сохибистиклоли Точикистон макоми давлати пайдо карда ва тибки сунани ачдоди дар тамоми кишвар муддати 4 руз чашн гирифта мешавад.»

Зимнан, дар замони шуравии пешин Наврузро чашни фарорасии фасли бахор ном мебурданд.

Пас аз касби истиклоли Точикистон дар соли 1991 Навруз ба унвони чашни милли ва мардуми дар ин кишвар чойгохи хосе касб кард.

Аз соли 1992 бад ин су тибки тасмими давлати Точикистон барои тачлил аз ин чашн нахуст як руз, сипас ду ва се руз ва хамакнун чахор руз таътил эълом шудааст.

Баъд аз суханронии Раиси чумхури Точикистон дар чашни Наврузи имсол, гуруххои мусики, хунармандон ва овозхонони шинохтаи точик барномаи консерти ва хунари ичро карданд.

Дар хамин хол имруз даххо хазор нафар аз сокинони шахри Душанбе барои тачлил аз чашни Навруз ба хиёбонхои пойтахти Точикистон рехта буданд.

Аммо барои онхо дар марокизи фарханги ва тафрехии шахр барномахои саргармкунанда тахия нашуда буд.

Масъулони шахрдории Душанбе гуфтанд, ки дар зарфи се рузи оянда дар махаллоти мухталифи пойтахти Точикистон баргузории барномахои мухталифи тафрехи ва варзиши дар назар аст.

Хамчунин карор аст, бо кумаки молии шахрдори дар куллия махаллоти пойтахти Точикистон суфрахои наврузи ороста шавад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران