BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 16:35 گرينويچ - جمعه 10 مارس 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Поёни хамоиши байналмилалии устодони забон ва адаби форси
 
Панчумин хамоиши байналмилалии устодон ва мухаккикони забон ва адабиёти форси имруз дар шахри Душанбе ба кори худ поён додааст.

Бар асоси баёнияи ин хамоиш, баргузории ин анчуман руйдоди мухими илми ва фарханги дар Точикистон ва куллия кишвархои форсизабон махсуб шудааст.

Таъсиси як кумиссиюни муштараки истилохсози миёни Точикистон, Эрон ва Афгонистон ва таъсиси дафтари вижаи тадвини китобхои дарси дар ин се кишвар аз чумлаи пешниходотест, ки дар хамоиши устодон ва мухакикони забон ва адабиёти форси дар шахри Душанбе ироъа шудааст.

Хамчунин ин хамоиш аз ЮНЕСКО, созмони илми, омузиши ва фархангии СММ хостааст то мавзуъи пазируфтани забони форсиро ба унвони забони ин созмон барраси кунад.

Забони форси - забони ЮНЕСКО
 Ба дабири кулли ЮНЕСКО пешниход шуд, ки ба сабаби доштани 200 милиюн гуишвар дар саросари чахон, забони форси (дари, точики) дар радифи забонхои ЮНЕСКО пазируфта шавад ва дар сатхи байналмилали ба ин забон таваччухи бештар мабзул гардад
 
Мухаммад Салим Ахтар, мухаккик аз кишвари Покистон

Дар нишасти поёнии панчумин анчумани байналмилалии устодон ва мухаккикони забони форси, раисони бахшхои адабиётшиноси, забоншиноси ва бахши усули тадрис ва тахкик дар мавриди пешниходоте, ки дар чаласоти ин бахшхо аз суи мухаккикон ироа шудааст, иттилоъ доданд.

Сипас баёнияи ширкаткунандагони анчуман кироат гардид. Бар асоси ин санад, ба масоиле назири иттихози таваччухи бештар ба омузиши забон дар Точикистон, зарурати тахияи барномаи мушаххасе дар заминаи табодули донишчуён ва устодони донишгоххо ва марокизи илмии Эрон ва Точикистон, таъсиси як дафтари вижаи тадвини кутуби дарси дар Эрон, Афгонистон ва Точикистон барои куллия алокамандони омузиши забон ва адабиёти форси дар саросари чахон таъкид шудааст.

Дар ин баёния ду пешниходи дигари чолиб низ матрах гардид. Мухаммад Салим Ахтар, мухаккик аз кишвари Покистон дар ин бора гуфт:

«Бар асоси пешниходи ширкаткунандагон чихати хамгунсозии истилохоти илми ва фанни дар кишвархои форсизабон як кумитаи муштараки истилохот таъсис хохад ёфт. Хамчунин ба дабири кулли ЮНЕСКО пешниход шуд, ки ба сабаби доштани 200 милиюн гуишвар дар саросари чахон, забони форси (дари, точики) дар радифи забонхои ЮНЕСКО пазируфта шавад ва дар сатхи байналмилали ба ин забон таваччухи бештар мабзул гардад.»

Суд аз нишаст
 Миёни донишмандон гуфтугуву муколама сурат гирифт, ки ин хама барои пешрафти илми эроншиноси ва таквияти бештари забону адабиёти форси точики кумак мекунад
 
Профессур Мирзо Муллоахмадов, мухаккики точик

Бар асоси пешниходи дигар шашумин хамоиши байналмилалии устодони ва мухакикони забон ва адабиёти форси соли 2008 дар Афгонистон баргузор хохад шуд.

Аммо панчумин хамоиши мухаккикон ва устодони забони форси дар шахри Душанбе аз чи ахамияте бархурдор будааст.

Профессур Мирзо Муллоахмадов, мухаккики точик ва муъовини дабири Фархангистони улуми Точикистон дар ин бора гуфт.

«Ин хамоиш имкон дод, ки мухаккикони кишвархои гуногун кабл аз хама дастовардхои илмии худро дар бахши эроншиноси ва омузиши забон ва адабиёти форси ироа бидиханд. Хамчунин ширкаткунандагони ин хамоиш имкон доштанд бо муассисот ва марокизи фархангии Точикистон ошно бишаванд ва миёни донишмандон гуфтугуву муколама сурат гирифт, ки ин хама барои пешрафти илми эроншиноси ва таквияти бештари забону адабиёти форси точики кумак мекунад.»

Ба гуфтаи созмондихандагони хамоиши шахри Душанбе куллия маколоте, ки дар тули ду рузи ин хамоиш ироъа шудааст, аз суи ройзании фархангии Эрон дар Точикистон, дар шакли як китоб ба нашр хохад расид.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران