|
Панчумин хамоиши устодон ва мухаккикони забони форси | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рузи панчшанбе (9 март) дар шахри Душанбе панчумин Анчумани байналмилалии устодон ва мухаккикони забон ва адабиёти форси огоз ба кор кард. Дар ин хамоиши илми беш аз чихил нафар аз асотид ва пажухишгарон аз Эрон, Афгонистон, Узбакистон, Омрико, Покистон, Хинд ва бархе кишвархои дигар ширкат доранд. Ин хамоиш ба ибтикори Фархангистони улуми Точикистон ва Ройзании фархангии Эрон дар Точикистон баргузор мешавад. Дар тули ду руз беш аз 60 нафар аз мухаккикони ин кишвархо перомуни мавзуъоти мухталифи марбут ба забон ва адабиёти форси суханрони хоханд кард. Дар ифтитохи панчумин анчумани байналмилалии устодон ва мухаккикони забон ва адабиёти форси Махмадшох Илолов, раиси Фархангистони улуми Точикистон хадаф аз ин хамоишро баррасии пажухишхои тоза дар мавриди таърихи забон ва адабиёт, ташаккул ва такомули онхо ва хамчунин тахлили густурдаи усули чадиди таълим ва тадриси забон ва адабиёти форси унвон кард. Кахрамон Сулаймони, ройзани фархангии Эрон дар Точикистон ин хамоишро фурсате барои табодули афкору андеша ва тачоруби мухаккиконе хонд, ки дар хавзаи забони форси дар кишвархои мухталифи чахон машгули пажухиш хастанд:
«Мо чахор давраи ин анчуманро каблан дар Эрон баргузор кардем ва дидем,ки хатто ин анчуман агар хеч суханронии илмие хам дар пай надошта бошад, ки ин тавр нест ва дар хамин анчумани панчум беш аз 60 суханрони арза хохад шуд, бештар он чи ки мавриди назар хаст огохии донишмандоне хаст, ки дар ин замина кор мекунанд, яъне онхо аз шеваи кори хамдигар, аз тахкикот ва гузоришхои илмие,ки доранд, муталеъ мешаванд. Яъне нафси ин гуфтугу ва хамрохии ин донишмандон метавонад мучиби густариш ва таквияти забон бишавад.» Пас аз анчоми маросими ифтитохи ин хамоиши байналмилали пажухишгарон ва мухаккикон дар бахшхои забоншиноси, адабиётшиноси ва усули тадрис ва тахкик ба баррасии суханронихои илми пардохтанд. Аммо нуктае, ки дар огози хамоиш дар чанд суханрони бар он таъкид шуд, ба номи забони форси ва решахои ин забон марбут буд. Алиашрафи Содики, муовини раиси Фархангистони забон ва адаби форсии Эрон ироъаи тавзехотеро дар ин замина зарури донист:
«Тавзехи як нуктаро зарури медонам ва он зарурати баррасии решахои забони форсии Эрон, форсии точикии Точикистон ва дарии Афгонистон хаст. Мо то карни гузашта як ном бештар барои ин забонхо надоштем ва он забони форси буд. Харчанд, ки аз авохири давраи Сосони то бад-ин су ин забон ба номи форсии дари шинохта мешуд ва гохе бидуни калимаи форси бо номи дари аз он ном мерафт.» Бо вучуди андешахои мухталифи мухаккикон дар мавриди номи забони форси ва хостгохи аслии он баргузории чунин хамоишхо барои густариши нуфузи забони форси аз чи ахамияте бархурдор хохад буд. Абуракиби Човид Кухистони мухакики афгон ва устоди Донишгохи Кобул дар ин бора гуфт:
«Интизороти мо дар мачмуъ ин аст, ки мо битавонем аз ин хамоишхо ва тадовуми чунин хамоишхо чи дар хавзаи Эрон, Афгонистон ва соири кишвархо, ки дар гузашта бо адабиёти дарии форси ошно буданд, аз Хинд то Туркия ва то Хутани Чин битавонанд чунин гирдихамойихоро баргузор кунанд ва тавонанд барои чахонисозии забон кор бикунанд.» Панчумин анчумани байналмилалии устодон ва мухаккикони забон ва адабиёти форси фардо дар шахри Душанбе ба кори худ идома хохад дод. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||