BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 13:11 گرينويچ - شنبه 21 ژانويه 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Омрико, умдатарин ёригари Точикистон
 
Кумаки Омрико ба Точикистон
Бештарин мизони кумакхои Омрико ба Точикистон дар соли 2005 дар заминаи амният ва тахкими сохторхои пулис ва марзбони хазина шудааст.
Бар асоси омори расми дар соли 2005 Омрико хамчунон ба унвони умдатарин кишвари кумаккунанда ба Точикистон дар сархати фехристи ёригарони хоричии ин кишвар карор гирифтааст.

Ин дар холест, ки давлати Иёлоти Муттахида мегуяд дар пайи хуручи нерухои Русия аз марзи Точикистон бо Афгонистон, бештарин мизони кумакхои худ ба Точикистонро дар соли гузаштаи милоди дар бахши амният ва тахкими сохторхои интизомии ин кишвар хазина кардааст.

Дар омори соли 2005, ки расонахои дохилии Точикистон мунташир кардаанд, аз миёни 42 кишвари кумаккунанда ба Точикистон, Омрико бо наздики 45 дарсади сахмия макоми нахустро ба худ ихтисос додааст.

Бар асоси ин омор, Олмон бо беш аз 15 дарсади сахмия ба унвони дувумин кишвари кумаккунанда шинохта шуда ва кишвархое чун Латвия бо беш аз 13 дарсад, Казокистон бо худуди 7 дарсад, Русия бо беш аз чахор дарсад ва Узбакистон бо андаке бештар аз ним дарсад мутаносибан хамдигарро дунбол кардаанд.

Кумакхои хоричи ба Точикистон дар соли 2005 дар мачмуъ беш аз 62 хазор тун буда ва беш аз 80 милюн дулорро ташкил додааст.

Ин арком дар холест, ки макомоти омрикои мизони кумакхои худ ба Точикистонро дар соли гузаштаи милоди аз бахши башардустона ба арсаи тахкими амният ва демукроси, бехбуди фазои сармоягузори ва хадамоти ичтимоъи тагйири чихат дода ва ин икдомро «посухе ба пешрафти Точикистон дар чанд соли ахир» унвон кардаанд.

Бар асоси омори давлати Омрико мизони кумакхои ин кишвар ба Точикистон дар соли 2005 дар мачмуъ худуди 60 милюн дулорро ташкил дода ва бештар дар заминахои тарвичи демукроси, ислохи системи казои, барномахои табодул ва омузишу парвариш, хадамоти ичтимоъи, марзбони ва таквияти сохторхои интизоми хазина шудааст.

Дар ин миён, бештарин мизони кумакхои Омрико ба Точикистон дар соли гузаштаи милоди дар бахши амният ва тахкими сохторхои интизоми масраф шуда ва беш аз 26 милюн дулорро ташкил додааст.

Ба гуфтаи манобеъи омрикои, афзоиши кумакхо дар ин замина дар пайи хуручи нерухои Русия аз марзи Точикистон бо Афгонистон ва ба манзури таквияти фаъолияти нерухои марзбон, ниходи мубориза бо маводди мухаддир ва пулиси Точикистон сурат гирифтааст.

Дар соли гузаштаи милоди сахми Омрико бахусус дар тахкими тамомияти арзии Точикистон, пешгирии кочоки маводди мухаддир ва мухиммот ё фановарии марбут ба аслихаи куштори чамъи, чилавгири аз нуфузи гуруххои теруристи ва тундрав дар каламрави ин кишвар муассир арзёби мешавад.

Макомоти омрикои мегуянд ин кишвар дар соли 2005 ба Точикистон хамчунин маблаги 25 милюн дулор кумаки башардустона, беш аз 10 милюн дулор кумаки пизишки ва муъодили 12 милюн дулор кумакхои гизои ироа кардааст.

Аз соли 1993 бад-ин су наздики якуним хазор шахрванди Точикистон дар барномахои омузишии Омрико ширкат кардаанд ва ин ракам танхо дар соли гузашта беш аз яксаду шаст нафарро ташкил додааст.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران