BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 16:52 گرينويچ - چهارشنبه 18 ژانويه 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Раъйи додгох дар бораи Искандаров бетагйир монд
 
Додгохи олии Точикистон рузи чахоршанбе (18 январ) пас аз баррасии дархости истиноф аз суйи вакили мудофеъи Махмадрузи Искандаров, рахбари хизби демукрот ва аз мухолифони давлати Точикистон хукми кабли алайхи уро бидуни тагйир боки гузоштааст.

Ин додгох каблан окои Искандаровро ба иттихоми даст доштан дар иртикоби чандин чурм, аз чумла терурисм, нигахдории гайримучози аслиха ва фасоди моли ба 23 сол зиндон махкум карда буд.

Вакили мудофеъи Махмадрузи Искандаров, раъйи имрузи додгохро гайримунтазира хонда ва дар мавриди он ибрози норизояти кардааст.

Пас аз як хафтаи таъхир дар додгохи истинофии Махмадрузи Искандаров, рахбари зиндонии хизби демукроти Точикистон ва эътирози ин хизб нисбат ба баргузории махрамонаи чаласаи додгох, ин чаласа имруз дар боздоштгохи муваккати вазорати амният бидуни ширкати хабарнигорон ва расонахои гурухи баргузор шуд.

Кушишхои хабарнигори Би-би-си низ барои ширкат дар чаласаи додгохи истинофии окои Искандаров субхи имруз бенатича анчом ёфт.

Вале Аъзам Бадридинов, вакили мудофеъи Махмадрузи Искандаров пас аз анчоми чаласа дар поёни руз ба Би-би-си гуфт, ки хукми каблии додгох алайхи рахбари хизби демукрот ва раиси пешини ширкати давлатии «Точикгоз» бидуни натича боки мондааст.

Окои Бадриддинов афзуд: «Далелашро нагуфтанд, хамин тур омаданд ва тайи ду дакика эълом карданд, ки хукми додгох бидуни тагйир боки бимонад ва дархости истиноф конеъ карда нашавад».

Додгохи олии Точикистон 5 октябри гузашта Махмадрузи Искандаровро дар иртикоби терурисм, хамли гайримучози аслиха, доштани посбонхои шахси, горати амволи давлати, тахияи асноди такаллуби, рохзани ва таъсиси гурухи табахкор мучрим шинохт ва уро ба 23 сол зиндон махкум кард.

Хамакнун пайвандони Махмадрузи Искандаров мегуянд чунин раъйеро аз козии додгохи истинофи таваккуъ надоштанд. Ба гуфтаи онхо, окои Искандаров ва вакили мудофеъаш хангоми суханрони дар чаласаи додгох истидлолхои кави пеш оварда ва итминон доштанд, ки тагйир дар хукми каблии додгох ногузир хохад буд.

Темур Искандаров, бародари Махмадрузи Искандаров назароти худро дар бораи чараёни додгохи истинофи чунин баён кард: «Ман бисёр бовар доштам, ки акаллан каме бошад хам ба назар хоханд гирифт, вале рости чунин нашуд. Ман фикр мекунам, ки гарчанде Махмадрузи Искандаровро зиндон карда бошанд хам у зиндони нест, акидахои уро зиндони карданд».

Дар хамин хол, Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи Махмадрузи Искандаров мегуяд аз раъйи имрузи додгох конеъ нест ва ин раъйро ба чолиш хохад кашид.

Махмадрузи Искандаров, дар даврони чанги дохили дар Точикистон аз фармондехони умдаи нерухои мухолиф буд ва кабл аз пайгарди конуни раёсати ширкати давлатии Точикгозро бар ухда дошт.

Вай мохи апрели соли гузашта дар Маскав нопадид шуд ва додситонии Точикистон пас аз замоне кутох аз боздошти вай дар каламрави ин кишвар хабар дод, казияе, ки тарафдорон ва вакилони мудофеъи Махмадрузи Искандаров ба одамрубои нисбат медиханд.

 
 
مطالب مرتبط
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران