BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 17:19 گرينويچ - سه شنبه 17 ژانويه 2006
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Нигаронии хизби демукроти Точикистон
 
Раёсати хизби демукроти Точикистон бо интишори як баёния аз тасмими додгохи Олии ин кишвар мабни бар пушида баргузор шудани додгохи истинофии Махмадрузи Искандаров, рахбари хизби демукроти ин кишвар интикод кардааст.

Рахматуллох Валиев, муъовини рахбари хизби демукроти Точикистон бори дигар таъкид кард, ки ин хизб хукми Додгохи Олиро алайхи Махмадрузи Искандаров намепазирад.

Окои Валиев ба сурати пушида баргузор шудани додгохи истинофии окои Искандаровро низ як амали гайриконуни хонд ва гуфт, ки ин амр фармоиши будани хукми додгохро тасдик мекунад

Аммо Избуллох Хочаев, раиси додгохи Олии Точикистон дар посух ба ин савол, ки оё хабарнигорон хакки ширкат дар чараёни ин мухокимаро хоханд дошт, гуфт, тасмими катъи дар ин бора то як рузи иттихоз хохад шуд.

Дар хамин хол бештари сохибназарон бар ин акидаанд, ки дархостхо ва эътирозхои тарафдорони Махмадрузи Искандаров, вакили мудофеъи у ва нозирони байналмиллали дар мавриди тагйири хукми додгох алайхи рахбари хизби демукроти Точикистон натичае дар пай нахохад дошт.

Ин дар холест, ки Махмадрузи Искандаров куллияи 12 иттихом алайхи худро такаллуби хонда ва онхоро рад кардааст.

Хамчунин вакили мудофеъи у мукарраран бар мугризона будани чараёни ин мухокима таъкид кардааст.

Парвандаи Махмадрузи Искандаров, яке аз пурсарусадотарин мухокимахои соли гузаштаи мелоди буд.

5 октябри соли 2005 Додгохи Олии Точикистон Махмадрузи Искандаров, рахбари хизби демукроти Точикистонро дар иртикоби чароими мухталиф аз чумла терруризм, суйистифода аз мансаб ва нигох доштани гайримучози аслиха мучрим шинохт ва уро ба 23 сол зиндон махкум кард.

Зимнан Додгохи истинофии додгохи Олии Точикистон дар соли 2005 дар натичаи баррасии дубораи парвандахои чинойи алайхи 766 нафар хукми додгоххоро нисбати 160 нафари онхо лагв ва хукми додгоххоро нисбати 151 нафар тагйир додааст.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران