|
Барномаи тафрехии точики, 1 январ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
!!!!Дуруууууууууууд Ба нахуст барномаамон дар соли 2006 хуш омадед! Хамкорамон Бехзод барои чашнгирии соли нави милоди аз Ландан ба Душанбе омад ва таи чанд руз аст, ки забони руси меомузад. Чун бештари точикхо руси балад хастанд ва Бехзод низ мехохад бо онхо руси сухбат кунад ва нахустин калимаи руси ки аз худ кардааст «давай-давай» аст. Фикр мекунам ин калимаро Бехзод кабл аз омадан ба Точикистон омухта буд, чаро ки DJ Алигатор дар яке аз охангхои Ораш - овозхони эрони аз ин калима истифода кардааст.
Бехзод чанд калимаи дигарро, ки дар Душанбе зиёд истифода мекунанд, омухтааст, ки «Лаббай» ва «ака» мебошад, ки яке ба маънои «бале» истифода мешавад ва дигаре барои хурмату эхтиром нисбати шахси аз худ бузург ва маънои бародари бузургро дорад. Чизе, ки ба Бехзод дар Душанбе хуш наомадааст, хиёбонхо ва роххои нохамвори ин шахр аст. Аз хамин хиёбонхо расидем ба майдони тахту хамвори «Дусти» ки шоми 31 декабр бо иштироки Бобои барфи ва Барфаку овозхонони точик барномаи консерти баргузор шуд.
Шавкат Саидов - сухангуи шахрдории Душанбе гуфт, ки дар ин барномаи консерти беш аз 300 нафар овозхонону раккосони гуруххои ракси чалб шуда буданд. Дар огози махфили солинави дар майдони «Дусти» Махмадсаид Убайдулоев - шахрдори шахри Душанбе хозирин ва ва мехмонони махфилро бо соли 2006 тахният гуфт. Вай хамчунин аз дастовардхои кишвар ва шахрдори дар соли 2005 ёдовар шуд ва зикр намуд, ки соли нави 2006 барои мардуми точик соли чашнхои бузург аст ва рохбарияти давлат ва шахрдори накшахои зиёдеро барои ин сол тархрези намудааст. Паёмхои солинави барои точикхо Шаби 31 декабр аз соати 23 то соати 1-и 1 январи 2006 аз майдони «Дусти» шахри Душанбе барномаи зинда ичро кардем ва чанде аз овозхонони шинохтаи эрони дар сухбат бо Бехзод аз соли 2005 натичагири карданд ва Мансур, ки соли 2004 дар толори Борбад дар шахри Душанбе ду консерт ичро кард. Мансур гуфт: «Хеле дилам барои дустони точикам танг шуда ва соли навро барояшон табрик мегуям. Дар соли чадид хамеша шоду хуррам бошед.
Хамин тавр Мансур аз албоми чадидаш ва аз корхои охираш харф зад. Вай гуфт, ки соли сипаришуда барояш хеле хуб омада буд ва чандто корхои мухиме низ дар ин сол анчом дод. Мехмони дигаре, ки дар «Барномаи тафрехии точики» садояш пахш гардид, Ораш оваозхони хеле махбуби миёни чавонони точик буд, ки шаби соли навро дар Русия истикбол кард. Ораш гуфт, ки дар Русия хамрохи як гурухи руси барномае ичро кард, аммо хеле дуст дошт, ки шаби соли нав пахлуи хамватанонаш бошад. Ораш гуфт: «Соли 2005 барои ман соли сафархои зиёде буд. Ба бештар аз 30 кишвари дунё сафар доштам ва чанд барномахои консарти ичро кардам. Охангхоям хеле хуб пешрафт карданд ва дар чатхои родюхои мухталиф макоми аввалро касб намуданд.» Ораш дар мавриди бахам хурдани консерташ дар Точикистон мегуяд: «Рости, ки зиёд мехостам ва ханузам мехохам барои хамзабонони азизам дар Точикистон барномаи консартие ичро кунам, аммо бо иллатхои мухталиф консерти ман он чо баргузор нашуд, холо ки умедхо дар калбамон зиндааст ва бовар дорам, ки як рузе биём Точикистон.
Ин натанхо хохишу орзуи ман аст, модарам хам хеле дуст дорад Точикистонро бубинад ва ба ман гуфт «ягона чое, ки мехохам хамрохат биравам Точикистон хаст ва агар он чо консерт ичро карди, хатман манро бибари!» манам ки ба модарам кавл додам ва ман хатмани хатман Точикистон меоям» Овозхонхои точик, ки хамин шабу руз хеле сарашон шулуг буд ва аз як барномаи консерти ба дигаре шитоб доранд хамчунин аз соли 2005, ки сипари шуд, хуб арзёби намуданд ва мегуфтанд, ки охангхо ва олбумхои тоза эчод карданд.
Дилноза - овозхони гурухи «Дилноз» мегуяд соли 2005 барои эчодиёташ соли хуб ва мувофике буд, аммо дар зиндагии шахсиш чандон мувофик набуд. Аз ин ру аз соли 2006 умеди бештар дорад. Орзу дорад дар ин сол бо барномахои консертии худ дар хорич аз Точикистон низ хунарнамои кунад. Махбубтарин охангхои хафта Дар садри махбубтарин охангхо миёни хаводорони «Барномаи тафрехии точики» дар соли 2005 Садриддин буд, ки охангхояш бештар аз дигар хонандахои точик дар садри махбубтарин охангхо пазируфта шуда буд. Ва дар барномаи нахустини тафрехи дар соли 2006 низ Садриддин бо оханги «Чашм ба рохи ту хастам» макоми аввалро ба худаш ихтисос дод. То якшанбеи дигар, Зевар-show | مطالب مرتبط Барномаи тафрехии точики, 25 декабр26 دسامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 18 декабр18 دسامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 11 декабр11 دسامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 4 декабр05 دسامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 27 ноябр27 نوامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 20 ноябр20 نوامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики, 13 ноябр14 نوامبر، 2005 | تاجيکستان Барномаи тафрехии точики: 6 ноябр07 نوامبر، 2005 | تاجيکستان | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||