|
Даргузашти Нисо – шоъири чавони точик | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Нисо Чураева - шоъири чавони точик, ки бо забонхои форсии точики ва руси шеър мегуфт, дар синни 41-солаги бар асари сактаи калби бо зиндаги падруд гуфтааст. Нисо узви Иттиходияи нависандагони Точикистон буд ва чахор мачмуъаи шеъри худро дар шахрхои Хучанд ва Душанбе ба табъ расондааст. Нисо равонпизишк буд, барои дарёфти мадраки дуктуро дар донишгохи пизишкии шахри Маскави Русия, тахсил мекард, ва ба шеъру сухан низ алокаи зиёде дошт. Ба гуфтаи мухаккикони адабиёт у дар хунари шеър сохибистеъдод буд. Чахор китоби шеъри вай бо номхои «Номахо аз чанг», «Дард мухаррики зан аст», «Ёдхо аз ту» ва «Шамъгуфтахо» ба забонхои форсии точики ва руси чоп шудааст.
Нисо ба унвони як мухаккик ва суханвар се мартаба ба Эрон сафар кард ва сафархое низ ба Лахистон ва Утриш доштааст. Пажухишгарони шеър дар Точикистон уро аз шумори шоъирони навпардози дахаи ахир дар ин кишвар унвон мекунанд. Ба гуфтаи Муъмин Каноъат, шоъири саршиноси точик, ки ба китоби шеъри «Ёдхо аз ту» дебоча навиштааст, Нисо бештар ба шеъри тасвири руй оварда буд. Вай муътакид аст, ки шеъри Нисо то андозае ба сабки шуъарои форсизабон Ахмади Шомлу, Нимо ва Фуруги Фаррухзод каробат дорад. Ба гуфтаи устод Каноъат шеъри Нисо ба хамин далел аз шеъри шуъарои дигари хамсоли вай мутамоиз аст: «Чаро, ки аз занони сухангу ва шоъир шеъри Нисо нисбатан навтар, мудернтар ва шеъри тасвири аст. Шеъре хаст, ки чавобгуйи замон аст ва дардхо ва ниёзхои чомеъаи худро дар колаби шеър ифода кардааст. Шоъири бисёр самими, дардкаш буд ва шояд яке аз шоъирони камшуморе бошад, ки ба ду забон баробар ва дар як поя шеър гуфтаанд.» Нисо аз маъдуд шоъирон дар Точикистон буд, ки ба забонхои форсии точики ва руси шеър мегуфт. Сергей Сухоян, адиби русзабони мукими Точикистон ва мудири мачаллаи русизабони «Помир», Нисоро ба унвони яке аз шоъирони сохибистеъдоди русизабон ном бурд. Окои Сухоян бавижа аз хунари тарчумонии Нисо аз забони точики ба руси ёдовар шуд. Сергей Сухоян, ки дар чанд шаби шеъри Нисо дар шахри Душанбе уро хамрохи кардааст, аз истикболи гарми дустдорони шеър аз Нисо ва ашъори у дар ин махофил мегуяд:
«Махофили шеъри Нисо дар донишгоххои пизишки, омузгори ва забонхои Точикистон бисёр хотирмону чолиб буд. Ба андешаи ман тамоми сифатхои хуби ниёкони мардуми точик, яъне шафкату мехрубони, алокаи зиёд ба пажухишу омузиш, талош барои таскин бахшидани дарди мардум тавъам бо истеъдоди фавкуллъодаи суханвари дар вучуди Нисо омезиш ёфта буд. Ман худ шохид будам, ки алокамандони шеъру сухан ашъори Нисоро дар махофилу шабхои шеър аз забони худи у билофосила ёддошт мекарданд ва мачмуъахои шеъри Нисо зуд ба фуруш мерасид. Ба ин далел ашъори ба меросгузоштаи Нисо номи уро ба унвони як шоъири дустдоштани базуди аз ёдхо зудуда нахохад кард.» Нисо дар тахияи барномахои бехдошти бо телевизиюни Точикистон ва чанд телевизиюни махалли дар устони Сугд низ хамкори мекард. Ба гуфтаи пайвандонаш у касд дошт дар хамкори бо Мухсини Махмалбоф, яке аз коргардонхои шинохтаи эрони филме тахия кунад. Аммо марги нобахангом нагузошт ин накшаю ормонхои Нисо чомаи амал бипушад. Холо хамсари у Мурод Чураев бо Азиза ва Масрур, ду фарзанди онхо дар шахри Хучанд, маркази устони Сугд, ба сар мебаранд. Волидон ва пайвандони вай пайкари уро дар нохияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбакистон, ки зодгохи онхост, ба хок супурданд. | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||