BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 16:15 گرينويچ - جمعه 15 ژوئيه 2005
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Хамкорихои Хинду Точикистон
 

 
 
 Нишасти кумисюни иктисодии Хинд ва Точикистон
Окои Менон мегуяд Хинд мехохад бо Точикистон дар заминаи мухобирот хамкорихои густардае дошта бошад.
Ширкаткунандагони дуввумин нишасти кумиссиюни муштараки иктисодии Точикистон ва Хинд, ки имруз дар шахри Душанбе огоз ба кор кардааст, гуфтаанд, ки харчанд хамкорихои иктисодии ду кишвар дар холи густариш хаст, то хол ин кишвархо зарфиятхои худро дар ин замина ба сурати комил истифода накардаанд.

Дар холе макомоти бозаргонии Точикистон гуфтаанд, ки алокаманди чалби сармояи Хинд ба иктисоди Точикистон хастанд, коршиносон мегуянд, ки кавонини марбут ба бозаргони ва сармоягузории хоричии Точикистон чандон чаззоб нест.

Кумиссиюни муштараки иктисоди, тичорати ва илмии Точикистон ва Хинд чахор соли кабл таъсис шуда ва имруз дуввумин чаласаи худро дар шахри Душанбе баргузор кард.

Ес Ен Менон – муъовини раъиси утоки бозаргонии Хинд ки рахбари хайати иктисодии Хинд дар ин нишаст аст, гуфт, ки Точикистон ва Хинд заминахои фаровони хамкорихои иктисодиро дар ихтиёр доранд.

Ба гуфтаи ин макоми хинди бахусус Хинд, ки ба монанди Точикистон умдатан як кишвари кишоварзи аст, метавонад дар ин замина тачоруби худро дар ихтиёри чониби Точикистон карор бидихад.

Аммо окои Менон таъкид кард, ки ба бовари вай саноеъ гарави тавсеъаи кишвархои дар холи рушд аст. Вай афзуд ки дар ин замина Хинд омодааст бо Точикистон хамкорихои худро густариш бидихад:

“Ба бовари мо кишвархои дар холи тавсиъа бояд ин нуктаро дар назар бигиранд, ки дар баробари рушди саноеъ шугл низ дар кишвар бояд афзоиш ёбад. Дар холи хозир санъати текнулужии мухобирот дар кишвари мо хеле рушд кардааст ва он дар бозори чахони муштари дорад. Мо мехохем дар ин замина бо ширкатхои санъати текнулужии Точикистон хамкори кунем.”

Хинд, яке аз нахустин кишвархои хоричист, ки пас аз содда шудани авзоъи баъд аз чанги дохили дар Точикистон ба сармоягузори ба бахшхое аз иктисоди Точикистон шуруъ кардааст.

 Аввал ин ки фасод дар системи бурокроси дар Точикистон ба авчи аълои худ расидааст, дигар ин ки кавонини Точикистон танхо барои фаъолияти корхонахои муштарак имтиёз коил аст, аммо барои сармоягузорихои хусусии хоричи дар ин кишвар молиёти хеле баланд, таъин кардааст. Афзун бар ин парвозхои мустаким миёни Точикистон ва Хинд хафтае танхо як бор сурат мегирад ва касе намехохад, вакти гарони худро дар интизори хавопаймо сипари кунад
 
Рахмон Улмасов -коршиноси равобити Хинд ва Точикистон

Барои мисол хамкорихои бозаргонони точик ва хинди дар заминаи дорусози дар Точикистон беш аз 10 сол собика дорад. Аммо гуфта мешавад бо ин хол сатхи хамкорихои фарханги ва омузишии Хинд дар Точикистон дар мукойиса бо сатхи равобити иктисодии ду кишвар бехтар аст.

Коршиносон мегуянд, ки камтаваччухии ба вижа бахши хусусии Хинд барои фаъолияти густарда дар Точикистон далоили мухталиф дорад. Рахмон Улмасов -коршиноси равобити Хинд ва Точикистон дар ин бора гуфт:

«Аввал ин ки фасод дар системи бурокроси дар Точикистон ба авчи аълои худ расидааст, дигар ин ки кавонини Точикистон танхо барои фаъолияти корхонахои муштарак имтиёз коил аст, аммо барои сармоягузорихои хусусии хоричи дар ин кишвар молиёти хеле баланд, таъин кардааст. Афзун бар ин парвозхои мустаким миёни Точикистон ва Хинд хафтае танхо як бор сурат мегирад ва касе намехохад, вакти гарони худро дар интизори хавопаймо сипари кунад.»

Тайи чанд соли ахир дар Точикистон ду намоишгохи иктисодии Хинд баргузор шуд. Харчанд ба гуфтаи огохони амр ин намоишгоххо барои боло бурдани сатхи хамкорихои тичоративу иктисодии ду кишвар тахарруки тозае набахшидаанд, аммо дар авоили соли чори дар шахри Душанбе як корхонаи муштараки тахияи маводи газойи аз мевачот огоз ба кор кардааст.

Имруз аъзои кумиссиюни муштараки Хинду Точикистон аз ин корхона боздид кардаанд. Хамчунин имруз дар нишасти муштараки кумиссиюни муштараки ду кишвар пешниход шудааст, ки Точикистон низ дар намоишгохи ояндаи иктисодии Хинд дар он кишвар коло ва маводи тавлидоти худро ба намоиш гузорад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران