BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 17:06 گرينويچ - پنج شنبه 14 ژوئيه 2005
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Ширини Ибоди дар Ландан
 

 
 
Пустери нишаст
Мавзуъи аслии суханронии Ширини Ибоди «Хукуки башар дар Ирон ва Ховари Миёна» буд
Рузи чахоршабе, 13 июл, дар Империал Коллечи шахри Ландан суханронии Ширини Ибоди – хукукдони ирони ва барандаи чоизаи Сулхи Нубели 2003 аст баргузор шуд. Мавзуъи аслии ин суханрони «Хукуки башар дар Ирон ва Ховари Миёна» буд, ки бо талоши анчумани «Сухан» барпо шуд

Ин аввалин чаласаи анчумани «Сухан» баъд аз вукуъи бумбгузорихои ахир дар Ландан буд. Ба ин хотир хуззори ин нишаст дар шуруъи барнома ба нишони эхтиром ба курбониёни он хаводис як дакика сукут карданд. Дар ин бумбгузорихо як бонуи ирони хам чони худро аз даст дод, ки аз у дар ин чаласа ёд шуд

Пеш аз он ки Ширини Ибоди суханронии худро огоз кунад, филми кутохе аз Акбари Ганчи, ки аз машхуртарин зиндониёни сиёсии иронист, пахш шуд, ки бо эъломи гуруснанишинии у дар зиндон ба масъалаи руз табдил шудааст. Ширини Ибоди аз вакилони мудофеъи окои Ганчист, аммо то кунун талошхои у ба натичае нарасидааст.

Мавзуъоте, ки Ширини Ибоди дар тули суханронии худ матрах кард, иборат аз озодии зиндониёни сиёси, накзи хукуки башар ва ислохи Конуни Асоси дар Ирон буд.

«Чоизаи Нубел калиди тилоии зиндонхо нест»

Хамчунин филми мустанади дигаре пахш шуд, ки ду сол пеш дар замони такдими чоизаи Нубел ба Ширини Ибоди аз чониби шабакаи CNN намоиш дода шуда буд. Ширкаткунандагони нишаст аз ин филм истикболи гарм карданд

Ва аммо Ширини Ибоди баъд аз тамошои ин филм бо таассуф гуфт: «Кош ба чои ин чоизаи Нубел ба дасти ман калиди тилоии дархои зиндонро медоданд, ки метавонистам тамоми зиндониёни сиёсиро озод кунам»

Ширини Ибоди дар идомаи суханонаш аз зиндониёни сиёсии Ирон ва ба вижа Акбари Ганчи гуфт ва дар айни хол гуфт, ки шумори зиндониёни Ирон бо ин чанд номи матрах махдуд намешавад.

Акбари Ганчи
Дар ин нишаст як филми мустанад дар бораи Акбари Ганчи ба намоиш даромад

Вай чандин бор таъкид кард, ки вазъи саломати Акбари Ганчи дар холи бадтар шудан аст ва ба дастгири ва кумаки хамаи хамватанон ниёз дорад. Акбари Ганчи панч сол аст, ки ба хотири акоиди сиёсии худ дар зиндон аст ва беш аз си руз пеш эъломи эътисоби газои ё гуруснанишини кардааст.

Ширини Ибоди чуноне ки худ гуфт, бо далели инфичорхои ахир дар Ландан дар матни суханронии худ тагйироте ворид намудаст, то битавонад ба масоили набарди бунёдин бо террурисм низ бипардозад. Вай хамчунин гуфт, ки намешавад аъмоли терруристии чахор чавони мусалмони инглисиро, ки мунчар ба кушта шудани 50 тан ва захми шудани 700 нафар шудааст, ба пои ислом баст.

Ширини Ибоди гуфт, у харчанд бо бархе аз тафсирхое, ки аз дини ислом сурат мегирад, мухолиф аст, аммо як мусалмонест, ки кеши исломро пояи хушунат ва террурисм намедонад.

Ширини Ибоди аз демукроси ва ислом сухан кард ва ишорахое низ ба дигар кишвархои исломи намуд, ки ба гуфтаи вай, дар айни исломи будан ахлоки демукротикро низ дар худ рушд додаанд.

Хонум Ибоди ба масоили хукукии акаллиятхои мазхаби ва фарханги дар Ирон пардохт ва гуфт, ки кавонини давлати Ирон баробарии хукуки ин аккалиятхоро таъмин намекунад

Вай хамчунин аз навокиси хукуки дар системи омузишии Ирон гуфт ва таъкид кард, ки таъсири бисёре дар рушд ва густариши фарханг ва забони кавмхои гайриироние гузоштааст, ки забони форси забони модарии онхо махсуб намешавад.

Баргахои озоди

Дар тули ин суханрони аз чониби баргузоркунандагони барнома ба кулли хозирин баргахое дода шуд бо дархости озодии Акбари Ганчи, ки бо имзо ва ирсоли он ба нишонии сафири Чумхурии Исломи Ирон дар Ландан амали мешавад.

Видеуфилми кутохе аз аксхои Акбари Ганчи ва шеъри маъруфи «Хон, эй одамон, ки дар сохил нишастаед.....», ки гуфтаи шоъири шахири ирони Нимо Юшич аст, ки бо садои Ахмади Шомлу пахш шуд.

Хамчунин Ширини Ибоди дар идомаи мавзуъи озодии зиндониён гуфт ки у кабл аз сафари худ ба Ландан бо шоъири сохибноми Ирон Симини Бехбахони дидор карда ва шеъри тозаи уро, ки ахиран барои Акбари Ганчи гуфта, бо худ овардааст.

Ин газали Симини Бехбахони, ки «Подоши дилогохи» унвон дорад, бо имзо ва дастхатти худи шоъир дар садхо нусха ба хозирини ин чаласа тавзеъ шуд ва Ширини Ибоди худ онро кироат кард.

«!Конуни Асоси бояд ислох шавад»

Ширини Ибоди
Ширини Ибоди хостори ислохи Конуни Асосии Ирон аст

Ширини Ибоди аз касонест, ки хостори тагйири Конуни Асосии Чумхурии Исломии Иронанд. Вай, ки нависандаи китобхои мутаъаддиде дар химоят аз хукуки кудак ва хукуки занону духтарон аст, дар суханронии худ мисолхои равшан аз накзи хукуки башар дар кишвари худ овард

Вай дар мисолхои худ ба кавонине таъкид мекард, ки химоятгари суннати падарсолорист, ки ба поймолии хукуки зан ва фарзанд дар чомеъа меанчомад.

Хонуми Ибоди ба мучозотхои нобаробар аз чониби конуни мадании ин кишвар барои марду зан, фарзанду волидайн, ба вижа падар, ишора кард. Вай гуфт, комилан мухолифи эъдоми занону духтарони чавонест, ки бо чурми хамхобаги бо чинси мухолифи гайримусалмон ба ин мучозот махкум мешаванд.

Ширини Ибоди низ ба унвони як зан дар чомеъаи исломи, баъд аз инкилоби исломи аз макоми додраси (кози) барканор шуд ва худро вакфи навиштани китоб ва тадрис дар Донишгох кард, то ин ки дарёфти чоизаи сулхи Нубел дар соли 2003 уро ба чомеъаи чахони ошнотар сохт

Чуноне ки у худ дар суханронияш таъкид намуд, у бо хамон фаъолиятхо дар заминаи хукуки башар машгул аст, ки кабл аз касби ин шухрати ногахони ва чахони, ки аз пайи чоизаи Нубел ба суроги у омад, анчом медодааст. Аммо холо дар сатхи байнулмиллали ва бо пуштибонии чомеъаи чахони.

Ширини ва талхихои Ибоди

Тибки барнома баъд аз танаффус Ширини Ибоди ба пурсишхои шунавандагон посух дод.

Ба суоли ин ки оё Ширини Ибоди накше барои ояндаи сиёсати кишвари хеш хохад бозид, вай гуфт: «Накши ман бо мардуми Ирон будан аст ва химоят аз хукуки башар, ки аз назари ман корест як раисчумхур наметавонад анчом бидихад». Вай афзуд, хеч гох талоше барои ба даст овардани макоми раёсати чумхури надоштааст

Зеро тибки Конуни Асосии ин кишвар раисчумхури дар Ирон макомест «камихтиёр» ва у фаъолиятхои озодонаи хукуки башарии худро бар он тарчех медихад.

Хонуми Ибоди аз чумла гуфт, ки дар интихоботи ахири кишвар ширкат накардааст. Зеро тибки Конуни Асосии кишвар дар Ирон раисчумхур наметавонад кори чашмрасе барои бехбуди сиёсати руз анчом дихад. Аз ин чост ки у хеч майл ва талоше барои расидан ба ин маком накардааст.

Аз руи гуфтаи бону Ибоди, шарти аввали номзади ба макоми раёсати чумхури дар Ирон ин аст, ки бояд кулли Конуни Асосии кишварро кабул дошт ва аз руи он амал кард

Ин дар холест, ки Ширини Ибоди бештари фаъолиятхои сиёси ва хукукии худро сарфи талош барои ислохи Конуни Асоси кардааст

Ва назари худро рочеъ ба интихоботи ахири Ирон бо ин харфхо хулоса кард: «Як камихтиёре аз сахна рафт ва камихтиёри дигаре ба сахна омад».

Дар поёни барнома аз у пурсидам, ки оё ошноии наздике бо шароити сиёси ва озодии ичтимоъии занони Точикистон ва ё дигар кишвархои Осиёи Миёна
дорад?

Хонуми Ибоди гуфт:

«То хол хеч сафаре ба Точикистон надоштам. Аз кишвархои Осиёи Миёна танхо дар Туркманистон будаам ва бо шароити Киргизистон низ каме ошно хастам. Онхо низ мушкилоти худро доранд. Ба хусус занонашон. Ба назарам онхо танхо зохиран озоданд. Аммо дар асл мушкилоти зиёде дар кавонини кишвар ва расму русуми худ доранд, ки бояд ислох шавад.»

Торихчаи зиндаги

Ширини Ибоди соли 1947 дар шахри Хамадони Ирон мутаваллид шуд ва барои идомаи тахсили худ дар риштаи хукуки казои ба Техрон рафт. Баъд аз хатми Донишгох дар риштаи худ ба кор шуруъ кард ва то макоми додраси (козиги) расид.

Аммо баъд аз инкилоб аз ин маком барканор шуд ва аз дониши хукукии худ барои навиштани кутуб ва тадрис дар донишгох истифода кард

Китобхои «Хукуки кудак», «Хукуки адаби ва хунари», «Хукуки пизишки», «Хукуки меъмори», «Хукуки панохандагон», «Торихчаи асноди хукуки башар дар Ирон» ва маколоти мутаъаддиде дар химоят аз хукуки занон, ислом ва демукроси аз чумлаи корхои Ширини Ибодист, ки уро сазовори чоизаи Сулхи Нубел кардааст

Дар холи хозир Ширини Ибоди дар чорчуби як созмони гайридавлати дар кишвари худ аз хукуки башар дифоъ мекунад. Вай аз барчастатарин чехрахо дар Ирон аст, ки ба зиндониёни сиёси ва хонаводахои онхо кумаки хукуки ва маънави мерасонанд.

 
 
مطالب مرتبط
 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران