|
Фрида Кало - зиндаги дар коби дард | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Музеи Хунархои Муъосири Ландан (Тейт Модерн Голери) аввалин бор аст, ки намоиши комиле аз наккошихои Фрида Калоро, ки яке аз номдортарин наккошони карни бист махсуб мешавад, барои чахор мох аз нухуми июн то нухуми октябр дар манзари дустдорони ин хунарманди сохибсабк гузоштааст. Бино ба акидаи ин муассиса, гирд овардани хамаи корхои Фрида Кало(1907-1954), наккоши мекзики, кори осоне набудааст, зеро Фрида барои маъоши рузонаи худ бештарин ва бехтарин корхои худро дар тули зиндагонии хеш фурухта буд. Аммо бисёре аз харидорон ва нигахдорони корхои у мувофикат кардаанд, ки ин тоблухоро барои муддати баргузории намоишгох дар ихтиёри Голерии Тейт Модерни Ландан бигузоранд. Бо вучуди ин ду се кори машхури у дар ин намоишгох дида намешавад. Гайр аз наккошихои ин хунарманд хамчунин китъахои бузургшудаи аксхои уро мебинем, ки дар вурудии намоишгох моро бо сабки зиндагонии у, манзил ва мизи кории у ва хамчунин рахти бемористоне, ки Фрида ниме аз умри худро дар он гузарондааст, ошно мекунад. Хамчунин хондани сафхахое аз дафтари ёддошти у, ки дар деворхои намоишгох дарч шудааст, ба бинандагон кумак мекунад, ки хоки аз зарбахои шадиди зиндагони уянд. Бехтар аз хеш мавзуъе надорам
Фрида баръакси дигар наккошони маъруф портрехои зиёде аз худ ба мерос гузоштааст. Дар вокеъ, дар маркази таваччух ва эътибор гузоштани портрехои шахси чузъи сабки Фрида махсуб мешавад. Ин портрехои шахси гохе дар жонри вокеънигорона ва гохе дар жонри сурреолисми хосси калами у зохир мешавад. Фрида худ аз сабки нигориши хеш бисёр навиштааст. Вай мегуяд, танхоихои тулони бо худ ва оинаи худ дар утоки худ ба у имкон додааст, ки худро бехтар ва бештар бишносад ва мавкеъияти худро амиктар дарк кунад. Барои ин зани наккош беш аз хама баёни холати лахзаинаи худ мухим будааст. Аз ин чост, ки наккошихои у хамеша хамзамон ва хаммаънои дафтари хотироти у ба калам кашида шудааст ва мукоисаи наккошихояш бо дафтари хотироти у, ки зикри афкор ва эхсосоти рузонаи у буда, мукаммили торихчаи зиндагонии ин хунарманд аст «Бехтар аз хеш мавзуъе надорам» - менависад вай дар дафтари ёддоштхояш. Зане хазорчехра
Хешнигорахои Фрида кобили таваччух аст. Вай бештари авкот ду чехраи мухталиф ва мутазодди хешро дар як тоблу наккоши мекард, ки ин сабки у ба хусус дар намоишгохи мазкур бинандагони зиёдеро гирди худ чамъоварда буд. Дар ин портрехо корбурди санъати тазод ба тарзи олист ва мо маргро дар канори хаёт ва зиштиро дар канори зебои, шодиро дар канори ранч ва табиъати ободро дар канори харобахо мебинем. Аммо чолибтар аз хама ин аст, ки Фрида барои либосхои худ, ба вижа либосхои милли ва мардумии худ диккати бисёр медихад. Либос дар корхои у хеч гох тасодуфи нест, балки тачассумгари холи у ва дунёи ботинии уст. Ин хешнигорахо даст ба дасти хам аз зиндагонии як зани часур, боистеъдод, ошик ва иштиёкманде мегуянд, ки бо бемории худ ва дар айни хол марги худ чангидааст. Чуноне ки яке аз наздикони у баъд аз маргаш мегуяд, Фрида тамоми умри худро бо марг пахлу ба пахлу зистааст. Дар яке аз ин хешнигорахо, ки дар байни корхои у ягона аст, мо Фридаро бо либоси мардона руйи як курси андухгин ва навмед нишаста мебинем, ки дар даст як кайчи дорад. Вай муйхои пурпушти зебояшро кутох буридааст ва давру канори курси пур аз зулфони буридаи уст. Ин танхо портреи уст, ки бар хилофи одат ва сабки у дар соли 1940 нигошта шудааст. Ин дакикан солест, ки Фрида аз хиёнати шавхари худ Диего Ривера ранчида ва уро тарк карда буд. Ин тоблу баёнгари эътироз ва интикоми уст аз шавхаре, ки ошики муйхои мушкини у буд. Солхо баъд аз марги Фрида Диего менависад: Фрида танхо хунамандест, ки худро зодааст. Фрида хамеша дар либоси милли ва бо чавохироти дастисохти мардуми азизи хеш худро ороиш медод, ки хамеша писанди Диего буд. Аммо жарфтар аз он Фрида хамеша талош карда, ки аз фарханги ру таназзули миллати худ ва либосхои миллии мардуми худ, ки руз то руз камтар харидор дошт, пуштибони ва чонибдори кунад ва дар наккошихои худ низ ба ин нукта бисёр мохирона таваччух кардааст. «Зиндагиро дар тасвир ва дар тахайул дидаам» - менависад у. «Ман ба рахти хоби бемористон баста нестам, балки ин рахт аст, ки бо ман ва бо набзи тахайюли ман парвоз мекунад. «Рахти хоби парранда» яке аз бехтарин корхои уст, ки шояд баъд аз ин навиштахо ба тасвир кашидаст. Мардуми, сурреолист ва дардманд
Тамоми зиндагонии Фрида дар наккошихояш ба тарзе тасвир шудааст. Бо мурури корхои хунарии у мо бо чехрахои наздикони у ва касоне, ки у дуст дошта, ошно мешавем. Наккошихои у тасвиргари зиндагонии занест иштиёкманд ва мубориз, ки бо чисми мачрух сарбаланд ба оянда нигаристааст. Дар бештари тоблухои у мо ормони занеро мебинем, ки хамеша барои фарзанди нозодаи худ гирйистааст. Мо Фридаро бо кудаки шаклногирифтааш ва ё дар холати таваллуд мебинем. Вай гохе шавхари дустдоштаи худро дар шакли кудаки навзоде дар огуш ва дар домани худ ва гохе дар гахвораи тиллои ва дар маркази паёмбарон тасвир кардааст. Гохе низ худро ба унвони кудаке дар огуши модар - табиъат нигоштааст. Ба далели ин ки у худ натавонист кудакдор шавад, Фрида он хисси модарии худро бо роххои гуногун ба калам кашидааст. Аз ин чост, ки мавзуъи кудак ва мухаббати у нисбат ба парвариш ва парастиши кудак уро водоштааст, ки хонаи худро пур аз хайвоноти ахли созад Ва ин хайвондустии у низ дар нигорахои у пайдост. Масалан, ин ки беш аз панч портреи у бо як бузинаи хурдчусса аст, ки Фрида онро хамонанди кудаки хеш ба огуш гирифта ва ё тасвири сагбачаи бисёр хурдчуссае, ки поёни портреи у ру ба бинанда истодааст. Аммо дар устурашиносии мекзики бузина (маймун) ифодагари иштиёки чинси ва хомии ракс низ ба шумор меравад. Яке аз мухимтарин нукоти наккошихои Фрида дар ин аст, ки вай худро хамеша бо сари баланд ва магрур ва иштиёкманд дакикан хамон тавре, ки дар зиндагонии хеш низ чунин будааст, тасвир мекунад. Аз ин чост, ки мо уро хам шод ва хам андухгин ва хам гирён бо ашкхои чори мебинем, аммо хамеша бо сари баланд ва магрур. Омезиши сабки вокеънигори ва сурреолисм дар авчи халлокияти у ба Фрида имкон медод, ки худро равшантар тасвир намояд. Масалан, ин ки калби худро аз перохан берун тасвир кунад ва ё чанини сактшудаи кудаки нозодаашро дар канори худ дар рахти бемористон биоварад ва ин ки ба чои бадани худ охуи мачрухеро тасвир кунад, ки даххо тир дар тани у фуру рафтааст. Фрида, Диего ва Тротский
Диего Ривера наккоши, ба истилох, дарбори буд ва факат корхои супориши анчом медод ва дар вокеъ, бисёр пуркор буд. Дар вокеъ, Диего аз аввалин касонест, ки ба истеъдоди наккошии Фрида бахои баланд медихад ва уро ба самти мардуми будан ва интихоби рангхои равшан ва хушбини хидоят мекунад. Фрида аз ин накдхои ошкори Диего аз пайравии сабки солхои тачаддуди Урупо, ки корхои аввали уро ташкил медод, даст мекашад ва ба самти сурреолисми омехта бо тафаккури дини ва фалсафии кадими Мекзик ру менихад. Дусти ва хамкории ин ду наккош ба ишк ва баъдан ба издивоч меанчомад. Фрида низ мисли бештари чавонони фаъоли кишвараш аъзои Хизби Кумунисти Мекзик буд ва гароиши чиддие нисбат ба сиёсати замон дошт. Шавхари у Диего Ривера низ аз наккошони деворнигори (фреска) Хизби Кумунисти Мекзик буд, ки бо истифода аз шухрати хеш ичозаи мизбонии Леонид Тротский - рахбари инкилобиюни кумунистро ба даст меорад Дар тобистони соли 1940 Тротский бо хамсараш, ки хар ду тахти таъкиб буданд, дар хонаи падарии Фрида пазирои шуданд. Ин хамон хонае буд, ки баъд аз марги Фрида ба унвони «Хонаи оби» машхур шуд Дар тули мехмонии Тротский, ки дар вокеъ, панохандагии у буд, байни Фрида ва Тротский равобити ошиконае ба вучуд меояд ва бо дархости хамсари Тротский онхо ба хонаи дустони дигар мекучанд, ки он чо 20 августи хамон сол Тротский хадафи табар карор мегирад ва кушта мешавад. Ин замоне буд, ки Фрида аз шавхараш чудо мезист ва ба хотири хидмати вафодорона ба хизб онхо вонамуд мекарданд, ки бо хам зиндагони мекунанд. Баъд аз марги Тротский Диего аз фарти пурсучухои пулис ва хизб мачбур ба тарки кишвар мешавад ва дар айни хол аз Фрида низ дархости талок менамояд Сипас Фрида ба муддати чанд руз зиндони мешавад ва аз он чо ба бемории ганренаи ангушти пой дучор мешавад, ки аввал ангушт ва баъдан як пойи худро аз даст медихад. Ин бемори боъиси бозгашти бемории каблии у мегардад ва уро то охири умр замингир месозад. Фрида дар синни хафтдахсолаги ба садамаи шидиде дучор мешавад, ки уро тамоми умр аз фарзанддори махрум мекунад ва сутунмухраи шикастаи у то охирин дакикаи умр боъиси дарди шадиде мегардад, ки уро дар ранчи чисмони мегузорад. Ин гирифтории Фрида далели асосии ба наккоши руй овардани у низ мегардад. Худои у табиъат буд Фрида ошики табиъат буд. Дар тоблуи «Бунёди офариниш», ки яке аз наккошихои зарифи уст, вай хуршед ва кудакро дар марказ карор медихад ва аз ду канори он тамоми худоёни устураи ва паёмбарони динхои мухталиф ва шахсиятхои маъруфи сиёси, аз чумла Карл Маркс, Ленин, Сталин, Ниче ва мардумони нажодхои гуногунро меорад Дар ин наккоши мо хамчунон симои газаболуди Хитлерро низ дар поёни саффи бузургон мебинем, ки Фрида ба у «кудаки гумрох» ном додааст. Фрида дар охирхои умри худ менависад, ки агар ин хама вакти гарони худро барои мубориза бо беморихои чисмонии худ сарф намекард, меарзид, ки зиндагиашро фидои инкилоби кумунисти кунад. |
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||