BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 22:03 گرينويچ - پنج شنبه 26 مه 2005
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Садои тозае дар шеъри Самарканд
 

 
 
Дилшод
"Ашъори Дилшод олами зебоию нафосат, андешаву хаёлоти рангини шоъирона аст
Дилшоди Фарходзод аз шоъирони чавони самаркандист, ки дар байни чанд тан шоъири чавони дигари Cамарканд
бо сабк ва оханги хосси хеш шинохта шудааст

Хамчунин Дилшод танхо шоъири чавонест, ки солхои 1992-1993, дар солхои аввали донишчуии худ, аз чониби маркази фарханги точик дар Самарканд бо чоизаи хукуки мохона барои мухаммаси худ бар газали Хофиз «Рузи васли дустдорон ёд бод» такдир шудааст.

Ин мухаммаси шоъир солхои баъд бо каме дасткории дубора дар рузномахои точикии махалли нашр шуд, ки то кунун алокамандони зиёде пайдо кардааст.

Рузхои навбахорон ёд бод
Сайри богу лолазорон ёд бод
Сухбати чонбахши ёрон ёд бод
Рузи васли дустдорон ёд бод'
'!Ёд бод, он рузгорон, ёд бод

Ёдам ояд дустони шоди ман
Дуст хасту хонаи ободи ман
Мехри онхо чашмаи эчоди ман
Гарчи ёрон фориганд аз ёди ман'
'!Аз ман эшонро хазорон ёд бод

Аз фироки дустон овораам
Чон ба каф истодаам-дилпораам
Гамгусорон хал кунанд ин чораам
Ман, ки дар тадбири гам бечораам'
'!Чораи он гамгусорон ёд бод

Рафта онхо, хотирам ошуфта монд
Бахти бедорам баногах хуфта монд
:Дурри зеринро валекин суфта монд
Рози Хофиз баъд аз ин ногуфта монд'
'!Эй дарег, аз роздорон ёд бод

«Шабхои маховез дар Зарафшон»

«Шабхои маховез» унвони дафтари нахусти ашъори Дилшоди Фарходзод аст, ки чанде кабл дар Самарканд ба табъ расидааст.

Ин китобро интишороти давлатии «Зарафшон», ки танхо чопхонаи расмиии дорои мучаввизи нашри китобхои точики дар Самарканд аст, мунташир кардааст

«Шабхои маховез» имсол дуввумин китоб ба забони точикист, ки дар Самарканд ба табъ расида ва шакли он чайбии кучак, шакли маъмулии китоби шеър дар Самарканд аст.

Аз лихози ороиш ва интихоби аксхо ин китоб дорои сабку саликаи тоза аст, ки бо як нигох хонандаро ба тозаги умедвор месозад.

Руи чилди ин китоб тасвири наккошишудаи дастони занеро мебинем, ки ба ду самти китоб боз шудаанд, ки метавонад ду маъно дошта бошад.

Яке ин ки шоъир дасти дуъо барафрошта ва дар холи ибодат ё шикоят аст ва дигар ин ки дасти шоъирест аз фаросуи абрхои тира баланд шуда, то аз вучуди хеш чахониёнро огох кунад. Хар ду таъбир дол бар ин аст, ки нависандаи ин китоб Дилшоди Фарходзод аз торихи пуршебу фарози шеър дар зодгохи хеш - Самарканд ноогох нест.

Шоъир, зан ва чомеъа

Дилшод танхо шоъири чавон дар Самарканд нест, ки ру ба газал ниходааст. Аммо уро метавон муваффактарин шоъири чавони самарканди донист, ки газали сурудааш равону сахл аст.

Дилшод садои нарму нозуке дорад ва дар базму махофили дустона охангхое аз Шашмакомро мехонад, ки мавриди истикболу тахсин карор мегирад.

Ин шоъири чавон, чи дар ашъор ва чи дар зиндагонии шахсии худ омезае табиъи ва дилнишин аз мудерн будан ва суннатгароист, ки гохе хонанда уро шабехи шоъири клоссики хинд Зебуниссо тасаввур мекунад ва гохе шабехи Фуругу гохе низ шабехи Фарзона ва Гулрухсор мебинад.

Аммо дар хамаи ин шабохатхо решаи занона будани шеъри у хобидааст ва такдири талхи як зани шарки дар чомеъаи суннати ва падарсолор.

Дардномаи як зани шарки

Бештари шеърхои Дилшод махзун ва гуёи зиндагони ва сарнавишти носозгори уянд, зане аз чомеъаи мардсолори шарки, ки дар мукобили суннатхои он эхсоси нотавони мекунад.

Дардо, зи кисмато
бо ман-заъифае
- андар камоли яъс
на марди мекуни.
(«Рози замонахо»)

:Ва «Дар пои сахрахо» мегуяд
Ман офаридагор мардина мебинам
Чун офаридахош дархури зан наяст

Аз шеъри Дилшод садои рухи зани шикастхурда ва ноумед аз издивоч шунида мешавад:

Дар холати тилои никохам маро шикаст
Ангушти худнамоии ман аз сароб раст

Хамчунин дар шеъри «Донатути хоми тобистони ишк» хитоб ба худ мегуяд:
Эй зан, ба ашкхо бар гардани хаёл
Шаддагухари ёдхоро соз мекуни
Ангуштарии бахти ту тилоиву халост
Махзуниву бо ёр аммо ноз мекуни

Ба ёди поки падари некном

Шоъири чавон китоби нахусти худро ба падари шодравони хеш бахшидааст, ки дар синни 45-солаги бар асари ибтило ба саратони хун дунёро тарк гуфта ва хасрати зиёд бар дили фарзондони худ гузоштааст.

Дилшод дафтари шеъри худро бо ин мисраъхо огоз мекунад, ки китъае аз шеъри «Таъзим» аст, ки дар марсияи падари чавонмарги хеш навиштааст:

...Ман гарм мерасам
бо панчаи хаёл
бар шонахои ту
З-ин пас ки мекашад
бори гамони ман
чуз шонахои ту?!
То субх чашми ту, дардо, ситора чуст
Хуршед чун расид, у дасти дил шуст
!Ситораи сахар
Таъзим хазор бора бар чисми муътабар
Бар чони покгухар
!Таъзим ба ту падар

Шоъир дар китоби кучаки худ, ки дар 54 сафха мухтасар шудааст, ба чанд намуна аз наккошихои падари мархуми хеш низ ба унвони ибрози алокамандии бисёри худ ва пайванди худ бо рухи у чой додааст.

Инхо портрехои шоъири узбак Увайси, симои хаёлии Спитамен - кахрамони халки точик, Пури Сино ва шоъири рус Пушкин аст. Портрехо аз мехр ва таваччухи хосси падари шоир ба хунар ва илму фарханг хикоят мекунад ва аз суи дигар дол бар ин аст, ки шоъир дар хонаводае бо фазои мамлу аз хунар бузург шудааст.

Дар марсияе, ки шоъир аз богбонии падар ёд мекунад, хонанда ибороти шоъирона ва зариферо дармеёбад, ки баёнгари эхсоси пурормони фарзанд ба падар аст.

Аз ин хама аташ бо оби зистан
!Уро ба навозиш мешинохт хар нихол

Ва боз дар хамин шеър дакоики охири хаёти падарро, ки мехоста харфи вопасини худро ба забон биёварад, тасвир мекунад :

Харчанд метапид
,харчанд наъра зад
.Танхо худаш шунид

Дар шеъри «Кулбаи яъкуби» аз сугвории худ бисёр шоъирона ва дарднок мегуяд:

Ин руймоли сафеди мотамгонии ман
.Соябонест бар дидаи боронии ман

Гуле дар биёбон

Дилшод зодаи Тайлок - махалле дар наздики Самарканд аст, ки соли 1975 ба дунё омада ва тахсили худро дар Донишгохи Давлатии Самарканд дар риштаи забон ва адабиёти точик идома додааст

Дар холи хозир рисолаи номзадии худро дар мавзуъи шеъри нав ва Гулрухсор - шоъири маъруфи Точикистони тахия мекунад

Дилшод бо вучуди издивочи номуваффаке, ки дошт ва бо ду писари хурдсоли хеш ва модари бемораш ба сар мебарад, бо табиъати ором ва дили орзупарвараш бар дили бисёре аз равшанфикрони самарканди нишастааст.

Мачмуъаи шеъри Дилшод

Дар Самарканд уро ба унвони шоъири чавон ва умедбахш мешиносанд. Дилшоди Фарходзод худ дар шеъри «Эй ба ру оинадори ман» икрор мекунад, ки чуз шеър чизе дигар дар бисоти андешахояш нест:

Сирри гамбуи либоси худ
.Аз бисотат чустучу кардам
Эй варак, рушан зи кулли ом
.Бо ту танхо гуфтугу кардам

,Чурми ман руят сиях карда
.Бас ту махзуни зи ахволам
Он алифи дафтари айём
!Кош медонист аз холам

,Сози ишк аз дил фигон дорад
Ман чи лофам боз аз ин дард.
,Ман фиребе хохам аз такдир
!Кош дасти ишк рангам кард

Дигар аз азми вафои ман
.Дасти занчир дар гулуи пост
,Захри нокомист бар чонам
?Ё магар имдоди у бар мост

,Эй ба ру оинадори ман
.Бори ишки ман бар душат
,Мерави косиди хушсавго
?Ман чи сон созам фаромушат

Шеъри нафосату назокат

Дар сахфаи аввали ин китоб накди кутох ва дакики Садри Саъдиев - пруфессур ва устоди Донишгохи Давлатии Самаркандро мебинем, ки бо унвони «Шеъри нафосату назокат» ашъори Дилшоди Фарходзодро арзёби кардааст.

Садри Саъдиев навиштааст: «Ашъори Дилшод олами зебоию нафосат, андешаву хаёлоти рангини шоъирона аст.
Хини мутолеъаи ашъори шоъир аз онхо сарсари гузашта наметавонем, зеро дар хар шеър, хатто кариб дар хар сатри у бинобар нозуки ва дакикии андешахои шоъирона, ифодаи эхсосот ва образхои худ аз хонанда низ таъаммук ва андешаро талаб менамояд.»

Устод Саъдиев дар пахлуи таъкид бар вучуди баъзе навокис дар шеъри Дилшода ба у дуъои хайр дода ва орзуи муваффакияти бештар дар эчоди шеър кардааст

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران