BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 16:04 گرينويچ - پنج شنبه 31 مارس 2005
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Тазохуроте, ки хеч гох гузориш нашуд
 

 
 
Тазохуроти Самарканд
Плокорде дар дасти як як донишчу: То раиси донишгох нест, дарс нест - Аксхо аз Солех Яхёев
Субхи рузи 24 морс 2003 хиёбонхои марказии шахри Самарканд пур аз донишчуёни эътирозгар ба истеъфои ногахонии Юсуф Абдуллоев - раиси кули Донишгохи Забонхои Хоричии Самарканд буд.

Дар шахри Самарканд, ки яке аз ободтарин ва оромтарин шахрхои Узбакистон ба шумор меравад, сар задани ин чунбиши ногахони аз донишчуён дур аз интизор буд. Ин дуввумин тазохуроти пурчамъияте буд, ки баъд аз истиклоли Узбакистон дар шахри Самарканд рух медод.

Аммо ба далели вокуниши фаври ва тахдидхои шадиди маъмурони давлати ва амниятии махалли ин харакати донишчуён дар хеч як аз хабаргузорихои муътабар инъикос наёфт; хабар дар нутфа хафа шуда буд.

Ду сол аз он мочаро гузаштааст, аммо далели истеъфои ногахонии Юсуф Абдуллоев низ хамчунон норавшан боки мондааст.

Калби Донишгох рабуда шуд

Он руз ва рузи баъд хеч як аз донишчуён ба клосхои худ барнагаштанд ва бо шиъорхои «Бидуни Абдуллоев дарс намехонем!», «Раиси моро баргардонед!», «Калби Донишгох рабуда шуд!», ки руи либос ва пушти плокотхо бо худкор ва ружи лаби духтарон навишта шуда буд, ба майдони марказии шахр, ки Донишгох низ дар он чойгир аст, рехтанд.

Даври мучассамаи Амир Темур, ки ру ба дархои Донишгох истодааст, пур аз чамъияти чавонон буд, ки тамоми рохи мошингардро фаро гирифта буданд ва ба самти бинои шахрдори мерафтанд.

Тамоми маъмурони амнияти бо канори хам чидани мошинхои худ рохи донишчуёнро баста буданд, то онхо натавонанд ба дохили бино рох ёбанд. Аммо донишчуён, чи духтар ва чи писар, аз руи мошинхо мегузаштанд ва ба рохи худ идома медоданд.

Дарвозахои оханин низ баста шуд ва донишчуён аз руи он мегузаштанд, то худро ба дохили бино расонанд.

Чамъи парешони чавонони якдил

Донишчуён

Ин аввалин бор буд, ки донишчуёни узбак, точик ва русзабон пахлу ба пахлуи хам мерафтанд ва дар иттифок эътимоди бештар дар кудрати худ доштанд.

Яке аз усдодони чавони донишгох, ки худ дар чамъи муътаризон буд, мегяд: «Газаб чашмони чавононро кур карда буд, онхо на парвои зарбу чарххои пулис ва на харос аз туфангхои маъмурони амнияти доштанд».

Вай мегуяд: «Донишчуён факат бозгашти раиси Донишгохро мехостанд ва мутмаин буданд, ки ин такозо, харчанд дар шакли як эътирози сиёси буруз кардааст, чурме нест ва ба хотири он чон ё озодии худро аз даст нахоханд дод.

Аммо чавононро якояк аз майдон берун кашиданду бурданд. Инро касоне бо либоси шахси, ки гумон меравад маъмурони амнияти ё пулиси махфи бошанд, мекарданд, то теъдоди чамъият кохиш ёбад.

Дахолати Юсуф Абдуллоев

Он руз донишчуён пароканда нашуданд ва тахдидхои шахрдори ва маъмурони амнияти натавонист онхоро ором кунад. Макомот мачбур шуданд Юсуф Абдуллоев - раиси Донишгохро, ки рохии Тошканд шуда буд, ба Самарканд пас гардонанд, то чавононро ором кунад ва аз хучуми пулиси шахр ба онхо чилавгири шавад.

Тазохурот

Абдуллоев, ки ба шахр баргашта буд, ба донишчуён гуфт, ки у ба ихтиёри худ аз мансаб даст кашидааст ва дер боз ба фикри бознишастагист.

Донишчуён ба ин харфхои у бовар надоштанд ва Абдуллоев ба ночор гуфт, ки сафараш ба Тошканд низ барои он буда, то истеъфои худро пас бигирад. Донишчуён бо ин дилгарми ба харфхои раиси дустдоштаи худ пароканда шуданд.

Аммо Абдуллоев рузи баъд дар донишгох пайдо нашуд ва донишчуён дубора аз клосхо берун рехтанд. Аммо ин дафъа майдон пур аз пулис ва маъмурони омода ба хучум буд. Донишчуёнро ба осони пароканда карданд.

Хамон тавр ки омад, рафт

Абдуллоев хамон тавр, ки як даха кабл ба Самарканд омада ва чойгох пайдо карда буд, аз Самарканд рафт.

Соли 1991 точикони шахри Самарканд дар эътироз ба мавкеъияти кавмии худ даст ба тазохурот заданд. Онхо хостори он буданд, ки битавонанд миллияти точики худро ошкоро ва бидуни фишор дар гузарономахошон сабт кунанд ва хостори расмият додан ба забони точики ба унвони дуввумин забони Узбакистон буданд.

Дар ин эътироз, ки вусъати бисёре ёфт, бештари равшанфикрон гуруснанишинии сиёси эълом карданд. Дар он замон Юсуф Абдуллоев ба унвони яке аз аъзои гурухе, ки аз марказ ба Самарканд фиристода шуд, кушид, то хамзабонони худро ором созад.

У, ки аз точикони мавриди эътимоди давлат буд, муваффак шуд чамъияти точикони шахрро, ки хафтахо ба хонахояшон намерафтанд ва дар майдони шахрдори бо шиъорхои худ истода буданд, ба хонахояшон бифиристад.

Хеч гурухи дигаре, ки аз марказ барои ин амр фиристода шуда буд, хатто муваффак ба гуфтугуе сода бо мардум нашуда буд. Баъд аз ин вокеъа марказ тасмим гирифт Абдуллоевро ба унвони пуле миёни мардуми махал ва Тошканд ба Самарканд бифиристад.

Тамоми донишчуёни шуришгар тавбанома навиштанд

Тазохурот

Яке аз донишчуёни фаъоли донишкадаи инглиси, ки дар ин тазохурот боздошт шуда буд, мегуяд: «Бозгашт ба клосхо сангин ва бемаъно буд».

Ба гуфтаи вай, пас аз он эътироз ва боздошт иштиёке ба идомаи тахсил намонда, ба вижа он ки мачбураш кардаанд тавбанома ё ба истилохи самарканди забонхат бинависад, рухияи уро шикастааст: «Гуё бо навиштани он забонхат, ки дигар хеч гох ва тахти хеч шароите дар тазохурот ширкат нахохам кард, иштиёк ва ихтиёри зиндагиамро ба маъмурон супурда бошам. Хеч дилгармие барои хондан ва зиндаги дар ин кишварро надорам.»

Аммо у танхо донишчуе набуда, ки забонхат навишта бошад.

Яке аз омузгорони самаканди, ки забони инглиси дарс медихад, мегуяд: «Ду руз баъд аз тазохурот гурухи маъмурони амнияти ба тамоми клосхо сар заданд ва аз тамоми донишчуён тавбанома хостанд, то аз эътирози худ ва адами итоъат аз тасмими марказ изхори пушаймони кунанд ва таъахуд диханд, ки дигар чунин рафторе нахоханд дошт.»

Боздошти хабарнигорон ва тахриби аснод

Рохила Очилова, ки хабарнигори Садои Омрико дар Самарканд аст, дар сухбате бо мудофеъони хукуки башар дар Самарканд гуфтааст, ки ба далели боздошт ва тахриби дастгохи забти савташ аз чониби маъмурони амнияти натавонистааст аз ин рухдоди мухим гузориш дихад.

Хамчунин Солех Яхёев аз хабаргузории Интернюз дар Самарканд гуфт, ки чандин нафар бо либоси гайрирасми дастхои уро аз пушт гирифта ва уро дар яке аз кофехои шахр то ба поёни тазохурот нигах доштаанд, то уро аз мусохиба бо чавонон ва филмбардори боздоранд.

У ба хамрохии гурухе аз филмбардорони хабаргузории Интернюз буда, ки то дервакти шаб аз хам чудо дар чойхои мухталиф боздошт шуда буданд. Ба гуфтаи у, наворхои уро аз вай ба зур гирифтаанд ва аммо дурбини кучаки дичитолашро, ки дар чайб дошт, пайдо накардаанд.

Дар хофизаи он дурбин буд, ки танхо тасвирхои бозмонда аз он тазохурот махфуз монд.

Аксхое, ки як сол баъд мунташир шуд

Дар гуфтугуе бо Солех Яхёев пурсидам, ки чаро аксхоро танхо баъд аз як сол дар макони интернетии худ «Самарканд репорт» нашр карда? Вай гуфт, яке аз далоили бешумори он дастгирии рузмарраи донишчуён дар он рузхо ва ихрочи онхо аз донишгох буд, ки уро аз нашри он аксхо боздоштааст.

Аммо баъд аз як сол окои Яхёев тасмим гирифт, ки аксхоро рахо кунад, зеро дигар хамаи донишчуёни боздоштшуда баргашта буданд ва раиси чадиди Донишгох низ мансуб шуда буд.

Маъмурон низ дигар аз пайи пуштибонхо ва созмондихандагони тазохурот буданд, дар холе ки аксхои окои Яхёев хама аз донишчуён буд.

Танхо гузоришгар аз тазохурот

Артур Самари, ки хабарнигори озод дар шахри Самарканд аст, танхо нафаре буд, ки аз ин эътирози донишчуи хафтае баъд аз он барои Институи Сулх ва Чанг дар Ландан матлабе фиристод ва нашр шуд.

Дертар чанд матлаби тахлили дар матбуъоти мухолифони давлат низ ба табъ расид. Аммо хеч як аз хабаргузорихои муътабари чахон аз ин эътирози доманадори донишчуён огох нашуд ё агар шуд, хабаре ба чахониён надод.

Як далели мухимми ин бехабари он буд, ки хеч садо, акс ё филме аз он руз аз дасти маъмурон чон ба саломат набурд ва набуди мадрак ва гувох садои донишчуёни самаркандиро фуру нишонда буд.

Муъаллим ва хоким

Яке аз дустони наздики Абдуллоев, ки дар ин мочарохо канори у будааст, мегуяд, ки хамааш аз Навруз шуруъ шуд. Аз дафтари хокими шахр супориш омада буд, ки кулли донишчуён як руз дарсхои худро таътил кунанд ва дар ободонии кучаву хиёбонхои шахр бикушанд.

Аммо Абдуллоев чавоби рад фиристода ва гуфтааст, ки «донишчуён тоза аз мазореъи пунба баргаштаанд ва тоза ба дарс мутамарказ мешаванд; дуруст нест, ки онхоро аз дарс дур кунем, хатто барои як ё ним руз».

Ба гуфтаи хамин манбаъ, ин чавоб окои Абдуллоевро мавриди бемехрии хокими шахр карор додааст.

Наздикони Юсуф Абдуллоев мегуянд, ки у хамакнун бо хонаводаи худ дар Куреи Шимоли ба сар мебарад ва дар яке аз донишгоххои он чо, ки дар замони раёсати у бо Донишгохи Забонхои Хоричии Самарканд карордодхои хамкори имзо карда буд, тадрис мекунад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران